Ф.Воҳидова: «Усмонов ҳадафи тӯҳмат қарор ёфтааст.»

Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Урунбой Усмонов

Урунбой Усмонов гуфтааст, рабти ӯ бо гурӯҳи мамнӯъ танҳо дар доираи фаъолияти ҳирфаияш ҷой доштааст.
Баъд аз як ҳафтаи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Марказии Би-Би-Сӣ дар Хуҷанд, билохира вакили дифоъ Файзиниссо Воҳидова бо ӯ мулоқот кард.

Аммо ба гуфтаи хонум Воҳидова, мулоқоти ӯ бо Усмонов на як ба як, балки таҳти назари муфаттиши парванда сурат гирифтааст. Баъд аз анҷоми мулоқот хонум Воҳидова ҳозир шуд ба саволҳои Радиои Озодӣ посух гӯяд.

Савол: Мулоқот бо зерҳимояатон – Усмонов чӣ гуна сурат гирифт?

Файзиниссо Воҳидова: "Имрӯз, санаи 20 – уми июн дар ҳузури ман ба Урунбой Усмонов аз ҷониби тафтишоти пешакӣ расман айб эълон карда шуд. Бо моддаи 307, прим. 3, қисми 2, яъне «иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст.»

Савол: Яъне, бо парвандаи Усмонов низ шинос шудед?

Файзиниссо Воҳидова: "Бале, бо он маводе, ки бо иштироки зерҳимояам амалҳои тафтишотӣ баргузор шудааст."

Савол: Аммо мақомоти интизомӣ қаблан эълон карда буданд, ки алайҳи Усмонов ду банди асноди ҷиноӣ пешниҳод шудааст.

Файзиниссо Воҳидова: "Тартиби тафтишоти аввалия тибқи қонун чунин аст, ки баъд аз 10 рӯзи татбиқи чораи нигаҳ доштан дар ҳабс аз ҷониби додгоҳ, бояд мақомот айб пешниҳод кунад. Барои риояти қонун онҳо имрӯз аз рӯи як банд айб эълон карданд, аммо ин маънии онро надорад, ки онҳо танҳо ҳамин як айб пешинҳод карда истодаанд. Тафтишот ҳоло ду моҳ дар пеш дорад барои роҳандозии амалиёти тафтишотӣ, ҷамъоварии далелҳо ва эълони айби ниҳоӣ."

Савол: Аммо худи хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ чӣ мегӯяд? Чӣ ҳодиса рух додааст?

Файзинисо Воҳидова: "Усмонов дар ҳузури ман бо қарори муфаттиш шинос шуда, доир ба он нишондод дода, ваҷҳу далелҳои худро баён намуд. Аммо чунонки гуфтам, вохӯрӣ ва мулоқоти як ба як бо зерҳимояам баргузор нагардид. Имрӯз вохӯрӣ дар доираи амалиёти тафтишотӣ буд. Ман низ чун ҳимоягари ӯ дар ин бора талаб накардам.

Савол: Чаро?

Файзиниссо Воҳидова: "Зеро бо назардошти шароити воқеии мавҷуда, маҳалли ҷойгирии мақомоти тафтишотӣ, шароиту хусусиятҳои раёсати амният чун вохӯрӣ дар утоқи кории мутфаттиш, таҳти назорати мақомот ва дастгоҳи назоратӣ анҷом мегирад. Ва имкони дар чунин шароит расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва гуфтугӯи як ба як ниҳоят маҳдуд аст, ман шахсан лозим нашуморидам чунин гуфтугӯ (як ба як) ҳоло барпо гардад. Ҳол он ки тибқи Асноди ҷиноӣ вакили дифоъ ҳуқуқ дорад бо нафари зерҳимояаш як ба як, бе маҳдудияти вақт сӯҳбат кунад. Умед дорам, аз ин ҳуқуқи худ танҳо баъди ба маҳкамаи тафтишотӣ гузаронидани Усмонов истифода кунам."

Савол: Ба ҳар ҳол, худи Усмонов ҳам сӯҳбат кард, дар бораи боздошт ва иттиҳоме, ки алайҳаш пешниҳод шудааст?

Файзиниссо Воҳидова: "Бале, дар ҳоли ҳозир Усмонов бо айби пешниҳодкардаи тафтишоти пешакӣ розӣ нест. Худро гунаҳкор намеҳисобад. Ваҷҳҳои тафтишотро ба пуррагӣ инкор намуда, изҳор намуд, ки он барномаҳое, ки дар бораи фаъолияти ҳизби мамнӯъгаштаи Таҳрир омода кардааст ва дар зимн ду – се маротиба бо аъзои ин ҳизб вохӯриҳое анҷом додааст, он вақт ӯ аниқ инро намедонист. Ва ин аз пайи анҷоми фаъолияти касбиаш буда, ба бевосита ба фаъолияти хабарнигориаш рабт дорад. Ҳамчунин, вай гуфт, чун қонуни Тоҷикистон дар бораи васоити ахбори омма ба журналист барои ифшо насохтани манбаъҳои иттилоъи худ кафолат медиҳад, дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодааст. Дар ҳузури ман бевосита айби эълоншударо, фаъолият дар Ҳизб- ут-таҳрирро инкор намуда, баръакс ҳисси бадбинӣ ва нафрати худро алайҳи ин ҳаракат баён дошт."

Савол: Ҳоли ӯ чӣ тавр аст?

Файзиниссо Воҳидова: "Боздоштшуда – Усмонов ягона шинояте, ки кард, аз вазъи сиҳатиаш буд. Акаи Урунбой гуфт, ки дар ҳақиқат он дорувор ва хӯроку чизҳое, ки пайвандонаш ба вай меоранд, дастрас мекунад. Аммо вай гуфт, ки эҳтиёҷ ба табобати тиббии касбӣ дар беморхона дорад."

Савол: Иқдоми минбаъдаи шумо дар ҳимояти ӯ чӣ хоҳад буд?

Файзиниссо Воҳидова: "Чун имрӯз ман бо парванда ошно шудам ва дарёфтам, ки Урунбой Усмонов шомили Ҳизб-ут-таҳрир нест ва тамоми он корҳое, ки анҷом додааст, ба фаъолияти касбиаш рабт дорад, ман тасмим гирифтам ба Додситонии кулли Тоҷикистон ва додситонии Суғд муроҷиат хоҳам кард. Умед дорам тамоми мақомоти назораткунанда тарафдори тафтиши пурраву объективона ва барқарор кардани адолат ҳастанд ва тафтиши парвандаи Усмонов бо риояти қонуни мурофиавӣ анҷом меёбад."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Файзиниссо Воҳидова, вакили хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ



Хонуми Воҳидова ҳамчунин гуфт, талош хоҳад кард, нисбати ду журналисте, ки ғайриқонунӣ ба мулоқоти зерҳимояаш рафтаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шавад: «Ин ду журналист аз тариқи фош кардани сирри тафтишот тариқи воситаҳои хабори омма, амнияти зерҳимояашро зери суол бурдаанд.»

Ба ин далел хонум Воҳидова, гуфт, ки ба манзури фароҳам овардани шароити нигаҳдорӣ ва табобат, ба ниҳодҳои зиддахл, ба хусус прокуротура муроҷиат хоҳад кард.

Ҳамзамон Файзинисо Воҳидова эълом кард, ки нисбати ду тан журналисте, ки ғайриқонунӣ ба мулоқоти зерҳимояаш рафта ва сирри тафтишотро тариқи васоити ахбори омма фош кардаанд, ба Додситони кулл муроҷиат хоҳад кард.