Қатли “Шайх Камол” дар ноҳияи Рашт

Мақомот мегӯяд, фармондеҳ Маҳмадкарим Иброҳимов, мулаққаб ба "Шайх Камол" ва як фирории дигар аз боздоштгоҳи КДАМ, кушта шудаанд.
Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин амалиёт замоне оғоз ёфт, ки дар идомаи ҷустуҷӯи фирориёни боздоштгоҳи Кумитаи амнияти Тоҷикистон дар масофаи беш аз 60 км дуртар аз маркази ноҳияи Рашт, дар минтақаи мушкилгузари кӯҳӣ дар дараи Гургонӣ, ҷамоати деҳоти Ясман, махфигоҳи боз ду фирорӣ ва ду ҳаммаслаки мусаллаҳи онҳо ошкор карда шуд: «Дар рафти амалиёт маҳбуси фирорӣ Холметов Фурқат Тӯлаганович, зодаи Ӯзбекистон, аъзои Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон ва боз як шаҳрванди Тоҷикистон, Муқимов Эмомназар дастгир карда шуда, ду ҷинояткори яроқнок, маҳбуси фирорӣ Худоёров Мазҳариддин Нуриддинович, сокини ноҳияи Тоҷикобод, деҳаи Муллотемур ва ҳаммаслаки ӯ ҷинояткори хавфнок Иброҳимов Маҳмадкарим Абдусаломович, зодаи ноҳияи Тоҷикобод, деҳаи Зарафшон бо лақаби «Шайх-Камол» дар рафти задухӯрди шадиди мусаллаҳона безарар гардонида шуданд.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши Фарҳоди Милод дар бораи кушта шудани "Шайх Камол" дар Рашт



Оқои Асадуллоев афзуд, аз ҷойи ҳодиса 3 автомати «Калашников», 1 пулемёти дастӣ, 1 зермил бо 7 снаряд ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт шуд. Вай афзуд, ҳоло ҷустуҷӯи боз 6 зиндонии дигар, ки шаби 22 ба 23 август аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фирор карда буданд, идома дорад.

Ба ҳамин минвол, тибқи иттилои расмӣ, аз 25 маҳбуси фирорӣ то ба ҳол 19 тан дастгир ва кушта шудаанд, ки аз се шаҳрванди Афғонистон дар он кишвар боздошт шуданд. 9 фирории боздоштшударо ахиран Додгоҳи Олии Тоҷикистон дигарбора ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум кард.

Аммо дар мавриди Маҳмадкарим Иброҳимов, мулаққаб ба «Шайх Камол» қаблан мақомот ба унвони охирин фармондеҳи гурӯҳи хурди 20- нафараи ғайриқонунӣ сӯҳбат мекарданд, ки дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) мустақим дар ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон рӯзи 19-уми сентябри соли гузашта дар дараи Камароб даст доштааст. Дар ин ҳамла 25 сарбозу афсар кушта шуданд.

Эмомназар Муқимов
Аммо ҳодисаи ахир дар Рашт метавонад бо хушнудии оилаи Қурбонназар Муқимов, сокини ноҳияи Норак ва падари Эмомназар Муқимов, нафари дастгиршуда дар ин амалиёт анҷом ёбад.

Эмомназар Муқимови 21-сола, ягона сарбози гумшудаи вазорати дифои Тоҷикистон баъд аз 19-уми сентябр, рӯзи ҳамла ба корвони мошинҳои Вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Камароб аст. Чанде қабл падари ӯ аз қавли мақомот гуфта буд, ки ҳамон рӯз ба асорати гурӯҳи "Шайх Камол" афтодааст.

Қурбонназар Муқимов ба Радиои Озодӣ гуфт: «Шукр, ки сиҳату саломат ҳукумат писари маро гирифт. Азобҳое, ки мо кашидем. Чоруним моҳ дар Ҷиргатолу Ғарму Тоҷикобод гирд гаштем. Омадам, Душанберо гаштем. Хабаре нашуд. Боз рафтем Тоҷикобод. Ҳазор раҳмат ба вазорати дохилаву амният, ки шабу рӯз азоб кашида фарзанди маро ҷустанд.»

Маҳмадулло Асадуллоев гуфт, Эмомназар баъд аз таҳқиқи қазия ва маълум шудани он, ки оё бо ихтиёри худ ба гурӯҳи мусаллаҳон пайвастааст ё иҷборан бурда шудааст, раҳо хоҳад шуд.