Елена Боннер, ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар ва ҳамсари академик Андрей Сахаров дар Бостони Амрико даргузашт.
Расми видоъ бо Боннер, ки 88-сола буд, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад. Сипас, бино ба васияти хонум Боннер, ҷасади ӯ дар оромгоҳи Востряковскии шаҳри Маскав, дар паҳлӯи падару модараш ва ҳамсараш Андрей Сахаров ба хок супурда мешавад.
БОННЕР ВА ТОҶИКИСТОН
Елена Георгиевна, ки падараш, он вақт корманди масъули Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои "репрессияи сталинӣ" ҳукми қатл гирифтааст ва
сипас модараш низ солҳои тӯлониро дар маҳбаси сталинӣ ба сар бурдааст, яке аз ҳомиёни саршиноси ҳуқуқи инсон буд. Вай борҳо барои ҳуқуқи онҳое, ки дар Тоҷикистон мавриди нақз қарор гирифта буд, садо баланд кардааст.
Бори нахуст, дар солҳои 1970-ум Боннер дар изҳороти муштарак бо шавҳараш, Андрей Сахаров, аз бародарон Назаровҳо, ки КГБ-и Шӯравӣ онҳоро ба гӯш кардани радиоҳои хориҷӣ ва интишори андешаҳои зиддишӯравӣ айбдор мекард, ҳимоят ва озодии онҳоро талаб кард. Изҳороти ӯ он вақт дар расонаҳои Ғарб сару садо ба миён оварда буд.
Дар солҳои ҷанги дохилии 1992-97-и Тоҷикистон Боннер борҳо аз мақомоти Русия хост, журналистони маҳбус Мирбобо Мирраҳимов, Аҳмадшоҳ Комилов, Хуршед Назаров ва Хайриддин Қосимов аз ҳабс раҳо шаванд. Як изҳороти дигари ӯ ба вазъи паноҳандагони тоҷик дар Афғонистон рабт мегирифт. Вай бомбаборон шудани урдугоҳи паноҳандагони тоҷикро дар шимоли Афғонистон кори ҳарбиёни Русия номида, аз созмонҳои байнулмилалӣ таҳқиқи ин ҳамлаҳоро, ки бар асари онҳо занону кӯдакон кушта мешаванд, талаб намуда буд.
Дар ин баёнияҳо ва ҳам дар нишастҳои хабарӣ Елена Георгиевна маҳз Русияро сабабгори нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон меномид ва аз сарони Маскав мехост, ҳукуматеро, ки ба ҳаққи мардуми хеш арҷ намегузорад, пуштибонӣ накунанд.
Солҳои охир ӯ инчунин аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия низ садо баланд карда буд.
МУХОЛИФАТ БО ҶАНГИ ЧЕЧЕНИСТОН
Елена Боннер, узви кумисюни ҳуқуқи башар дар назди президенти Русия буд, аммо соли 1994 ба далели мухолифаташ ба ҷанги Чеченистон аз ин шӯро хориҷ шуд. Вай то охир мухолифи ҷанги Русия бо Чеченистон боқӣ монд ва онро як "ҷанги ноодилона" меномид.
Ҳамчунин дар пайи эътирозҳои зиёд ба нақзи ҳуқуқи мардумони қафқозӣ дар Русия, вай худро "намояндаи миллати қафқозӣ" эълом дошта буд.
Елена Боннер 10 марти соли 2010 нахустин имзоро дар муроҷиати мухолифони Русия зери унвони «Путин бояд биравад!», гузошта буд.
Солҳои охир фаъолияти ӯ асосан бо маърака ва маҳфилҳои "Бунёди Сахаров" ва парвариши фаъолони ҷавони ҳуқуқи башар маҳдуд гашта буд. Охирин бор, Боннер, андешаҳояшро дар ҳошияи як матлаби торнамои Бахши русии Радиои Озодӣ ин гуна сабт кардааст:
"Ман -- маскавӣ, яҳудизани "миллати қафқозӣ", дар соли 41 кишварамро ҳимоят кардам, дар 45 аз шодӣ гиристам, дар 53 зидди "парвандаи пизишкон" эътироз кардам. Ва ин ҳама сол сар аз баҳори 1937 интизор будам, ки ба ҳар навъе бошад, модарам аз лагери Қарағанда бармегардад. Ва ҳангоме ки ӯ баргашту занги дарро зад, ман ӯро нашинохтам ва як гадозани кӯча фикр кардам. Ва ин ҳама сол дар хобҳои худ аз оби дидаам барои падари қатлшудаам тар мешудам. Падарам захми меъда дошт ва шомгоҳон хоҳиш мекард: "Люся-ҷон, ба халтача (грелка) оби гарм рез, шикамам сахт дард мекунад." Ва барои бибиям мегиристам, ки се ятими 37-ро бузург мекарду охирин нафасаш дар Ленингради муҳосирашуда баромад. Ва тамоми умр гунаҳкор будам. Гунаҳкор будам, ки модарамро ҳабс карданду ман ӯро нашинохтам. Гунаҳкор будам, ки падарамро паронданд ва дар қабристони Востряково барои ӯ ҳайкале ҳаст, ки зераш чизе нест. Гунаҳкор будам, ки дар Ленингарди муҳосирашуда намондам, то ҳамроҳи бибиям бимирам. Ман мебоист Ватанамро наҷот медодам! Ватанро! Вале акнун нерӯе барои наҷоти ватан надорам. Қуввате ҳатто нест, ки барои худам ба халтача оби гарм резам. Ва чӣ гуна мешавад ватанро наҷот дод? Ман рӯзи 26-ум ба тазоҳурот дар майдони Пушкин омада наметавонам, вале Шумо маро дар қатори омадагон ба ҳисоб гиред. Фикр кунед, ман боз ҳам омадам, ки ватанро наҷот диҳам, ҳарчанд аз бистар бархоста наметавонам."
ҲОЛНОМАИ ЕЛЕНА БОННЕР
Елена Боннер, 15 феврали соли 1923 дар хонаводаи кормандони ҳизбии шуравӣ дар Ҷумҳурии Туркманистон ба дунё омад. Дар соли 1937 падару модараш бар асари таъқиботи сталинӣ саркӯб шуданд. Елена дар синни 18-солагӣ ба ҷабҳаи Ҷанг Ҷаҳонии Дувум рафта, ба ҳайси хоҳари шафқат хидмат намуд. Ӯ дар ҷараёни ҷанг ӯ як мартаба ба шиддат маҷрӯҳ шуда буд. Баъди ҷанг Елена ба Донишгоҳи тибби Ленинград дохил шуд, вале бо гуноҳи сохтае аз донишгоҳ ихроҷ шуд ва танҳо баъди даргузашти Сталин дубора ба донишгоҳ барқарор гашт.
Елена Боннер дар соли 1965 ба узвияти КПСС пазируфта шуд, ки баъдан ин иқдомро ҷиддитарин иштибоҳаш дар зиндагӣ унвон кард. Ӯ соли 1972 аз узвияти КПСС хориҷ шуд ва ба сурати фаъол ба ҳифзи ҳуқуқи инсон машғул гашт.
Елена Боннер, дар соли 1972 бо академик Андрей Сахаров издивоҷ кард. Ӯ дар як мусоҳибаи худ гуфтааст, ки «аз ин ки маро ҳамчун ҳамсар ё зани Сахаров муаррифӣ мекунанд, хушам намеояд, ман худам бо худам ҳастам.»
Елена Боннер, дар соли 1975 дар шаҳри Осло Андрей Сахаровро дар гирифтани Ҷоизаи Нобел намояндагӣ кард ва ба ҷои ӯ ин ҷоизаро дарёфт намуд. Ӯ соли 1976 дар зери санади таъсиси гӯрӯҳи Хелсинкии Маскав имзо гузошт ва аз соли 1980 то 1986 Сахаровро дар бадарға дар шаҳри Горкий ҳамроҳӣ кард.
Дар ин миён дар соли 1984 бо иттиҳоми тӯҳмат ба унвони ҳукумати шӯравӣ аз сӯи Додгоҳи шаҳри Горкий маҳкум шуд. Ӯ соли 1986, пас аз давъати раҳбари вақти Шӯравӣ, Михаил Горюачёв, ҳамроҳи Сахаров аз Горкий ба Маскав баргашт.

...тамоми умр гунаҳкор будам. Гунаҳкор будам, ки модарамро ҳабс карданду падарамро паронданд ва дар қабристони Востряково барои ӯ ҳайкале ҳаст, ки зераш чизе нест...

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад