"Шаҳри шамолҳо" ё "шаҳри таксиронҳои овозхон"?

Намое аз шаҳри Чикагои Амрико

Чикаго-шаҳре дар Амрико, ки имрӯз аз сӯи сокинони маҳаллӣ чун «шаҳри шамолҳо» ном бурда мешавад, имкон дорад, дар ояндаи наздик бо исми «шаҳри таксиронҳои овозхон» шинохта шавад.
Неъматуллоҳ ҷавони 25 солае аз Оши Қирғизистон, ки тибқи барномаи Work and Travel ба Амрико омадааст, дар шаҳри Чикаго ба таксиронӣ машғул аст, вале таксии ӯ таксии оддӣ ҳам нест. Дар он ба мусофирон дар иҷрои худи Неъматуллоҳ мусиқии зинда пешниҳод мешавад.

ЧИКАГО- "ШАҲРИ ШАМОЛҲО"

Дар Амрико, ки гузоштани номҳои ғайрирасмӣ ба шаҳрҳо маъмул аст, Чикагоро "шаҳри шамол"-ҳо ном мебаранд. Шояд ба он хотир, ки он дар нуқтаи сербоди Амрико ҷойгир шудааст ва ё шояд ба хотире, ки бод киҳоеро ба ин шаҳр «намепаронад.»

Ин шаҳр бо биноҳои осмонбӯси боҳашамат ва боғу нигораҳояш маъруф аст. Вале агар раваду шумо меҳмони ин шаҳр шавед ва сокинони маҳаллӣ ба шумо сайругашт бо таксиро пешниҳод кунанд, рад накунед. Шояд бахтатон механдаду мусофири таксие мешавед, ки дар он шуморо мусиқии зинда интизор аст.

Ҳоло тассаввур кунед … шумо мусофири як таксии маҳаллӣ шудед ва дар он ҷавони чеҳракушодае бо симои шарқӣ аз шумо иҷозаи сурудхонӣ мепурсад. Суруд? чаро не? мегӯед шумо ва бо камоли майл гӯш мекунед ба садои ӯ.



ЯК ҶАВОНИ ШАРҚӢ ДАР ХИЁБОНҲОИ ЧИКАГО

Ин ронандаи таксӣ, ки бо иҷрои сурудҳои зинда бо ду забони англисӣ ва узбакӣ мусофиронро ба ҷои лозимӣ мерасонад, Неъматуллои Абдулазиз ном дорад. Неъматулло 25 сол дорад ва аз Қирғизистон аст. Дар ин кишвар ӯ ихтисоси иқтисодчиро аз худ кардааст. Ба Амрико тибқи барномаи «Work and trawel» омада, ба рондани таксӣ машғул аст.

Падари неъматулло, оқои Зуҳриддини 55- сола, ки солҳои зиёдест дар мактаби миёна ба хонандаҳо дарси физика мегӯяд, аз дуриҳои дур фарзанди дар сари чанбари мошин сурудхонашро дида, хавотир мешавад. «Ман ӯро тариқи интернет дидам. Ростӣ дилам фишурда мешавад вақте сурудхонӣ ва мошинронии ӯро мебинам. Ба ҳар ҳол Чикаго шаҳри бузург аст.»

Зуҳуриддин-акаро ҳам дарк кардан мумкин аст. Ӯ чун як падар пеш аз ҳама роҷеъ ба бехатарии фарзандаш андешаву нигаронӣ мекунад. Вале худи Неъматулло ё Мr Nematullo тавре ӯ худро дар интернет муаррифӣ мекунад, дар ин маврид чӣ мегӯяд? Чаро ин роҳи аҷиби даромади маблағ ва ё овозхониро дар таксӣ, пеш гирифтааст?

«Ман ҳамеша барои иҷрои суруди зинда аз мусофиронам иҷоза мегирам. Ва онҳо ҳам ҳамеша дар лаҳзаҳое пайдо мешаванд, ки ман илҳоми хондан дорам. Амрикоиҳо бисёр одамони чеҳракушоданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ радд намекунанд. Вале падарам метавонанд аслан фикри маро накунанд ва ташвиш накашад. Ман таҷрибаи зиёди мошинронӣ дорам.»



Неъматулло, ки дар таксӣ табъи муофиронашро бо оҳангҳои зинда шод мекунад , маъмулан таронаҳо узбакӣ месарояд ва қабл аз иҷрои суруд ҳатман ба онҳо дар бораи ватани худ қисса мекунад ва мӯҳтавои сурудашро ба онҳо мефаҳмонад.

«Ман мехоҳам, ки мардуми ин ҷо ҳарчӣ бештар роҷеъ ба кишвари ман маълумот дошта бошанд», мегӯяд Неъматулло.

Ишқи овозхониро дар ботини Неъматулло модараш хонуми Ҳикматхон бедор кардааст.

СУРУДҲОИ ЗИНДА ДАР ТАКСИҲОИ ЧИКАГО

Вале Неъматулло ҷавоне аз Осиёи Марказӣ, ки дар кӯчаҳои шаҳри Чикаго таксӣ меронаду сурудхонӣ мекунад аз нахустин таксиронҳоии овозхони Амрико нест.

Рей Сант Рей, яке аз дигар таксиронҳои шаҳри Чикаго аст, ки ҳамеша мусофирони худро бо иҷрои оҳангҳои зинда ба макони лозимӣ мерасонад. Ӯро дар расонаҳо чун пионери ин соҳа унвон мекунанд.

Аммо Рей дар посух ба суоли Бахши узбакии Радиои Озодӣ, гуфтааст роҷеъ ба хонандаи таксирони узбак то ҳол чизе нашунидааст ва иттилое надорад.

Вале ин тааҷҷубовар нест, ки Рей дар бораи ин ҷавони оддии узбак аз Ош иттилое надорад. Чун Неъматулло тоза, тариқи таксӣ ба санъат ворид шудааст ва зери қарсакҳои мусофирони таксие дар Чикаго, шаҳре, ки шояд дар ояндаи наздик чун «шаҳри таксиронҳои овозхон» маъруф шавад, сурудхонӣ мекунад.