Қабули қонуни масъулияти волидайн

Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз сӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон тарҳи ин лоиҳаро ба вакилон шарҳу тавзеҳ дода ва таъкид намуд, ки қабули ин қонун барои таъйини ӯҳдадорӣ ва масъулияти волидон, омӯзгор ва ҷомеа дар амри тарбият ва таълими фарзанд аз аҳамияти махсус бархурдор хоҳад буд.

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба истиснои ду вакил аз ҲНИ лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар»-ро, ки аз сӯи раиси ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст, саривақтӣ ва муҳим хонданд.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон

Марҳабо Ҷабборова, раиси Кумитаи илм, маориф ва ҷавонони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки ин қонун бо назардошти фикру мулоҳизаи мардум, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳимтар аз ҳама баъди муҳокимаи халқӣ ба дасти вакилон расида ва дар он назар ва мавқеи ақшори мухталифи ҷамъияти Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

Хонум Ҷабборова афзуд, қабул ва иҷрои ин қонун имкон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик аз зери таъсири ҳар гуна ҷараёноти ифротӣ эмин монанд:

«Масъалаи муҳимму ҳалталаби дигар аз кӯшишҳои таъсир расонидан ба ҷаҳонбиниву андешаи кӯдакон аз ҷониби ҷараёну равияҳои гуногун дар ҷомеаи иборат аст. Маълумоти аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба даст омада аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷиноятҳои ноболиғон асосан дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва беаҳамиятии падару модарон содир мешаванд».

Аммо Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ, вакилон аз Ҳизби наҳзати исломӣ дар парлумони Тоҷикистон қабули ин қонун бидуни бархе аз ислоҳотро муғойир бо мавозини байналмилалӣ, Қонуни асосӣ ва низ мухолиф бо арзишҳои динӣ унвон карданд.

Сайидумар Ҳусайнӣ гуфт, ки тавассути қонун ҷилагирӣ кардан аз намозгузории ҷавонони то 18 сола дар масоҷид ва барои ин амр муҷозот кардани волидони онҳо як амали хилофи арзиш ва фароизи динӣ аст:

«Масъалае, ки имрӯз атрофи он ба суханронӣ баромадам барои интихобкунандаҳои ман ҳаётӣ мебошад. Ва он ҳам масоили марбут ба маҳдудиятҳои эътиқодӣ ва динӣ барои як мардуме, ки зиёда аз 97-
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили МН

дарсадашон худро мусалмон ва диндор меҳисобанд, мардуме, ки мо ва шуморо интихоб кардаанд. Қонуне, ки имрӯз пешниҳоди Маҷлис шуд идомаи силсила иқдомотест, ки барои маҳдуд кардани озодиҳои динии мардуми мусалмон муддатҳост дар Тоҷикистон идома дорад. Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд падару модарро ӯҳдадор кардааст, ки фарзандонашонро аз намози боҷамоат боздоранд».

Аммо Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, ки лоиҳаи қонуни мазкурро тавзеҳ мекард, гуфт, ҳеҷ гуна зарурат бар ислоҳи тарҳи пешниҳодӣ вуҷул надорад. Вай гуфт, ки ҷавонони тоҷик, ки дар макотиб таҳсил мекунанд, бояд пеш аз ҳама дар бораи гирифтани дониш ва маълумот биандешанд. Зеро ояндаи кишвар барои афроди огоҳ, мутахассис ва донишманд ниёз дорад. Ӯ аз вакилон даъват кард, ки лоиҳаро ҷонибдорӣ кунанд:

«Ман пеш аз ҳама тарафдори ин қонун ҳастам, таблиғотгари ин қонун ҳастам. Ва ба хусус тарафдори он ҳастам, ки моддаи 8 банди 14 дар шакле, ки ҳаст қабул карда шавад. Яъне ба масҷид рафтани хонандагон ва донишҷӯён манъ карда шавад».

Зимнан бештари вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҲХД барои исботи дурустии даъвои худ ҷиҳати манъи ширкат ва ҳузури ҷавонони то синни 18 солаи тоҷик дар ибодати дастҷамъона дар масоҷид, аз ҳаводиси ахири минтақаи шарқи Тоҷикистон ёдовар шуда таъкид карданд, ки гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро бо ҳар роҳу васила ба самти худ мекашанд.

Дар иҷлоси имрӯзи порлумон ҳамчунин вакилон ба Кодекси ҷиноятӣ ислоҳот ворид карданд, ки бар пояи он афроде, ки мактабҳои ғайриқонунии динӣ ва экстремистӣ ташкил мекунанд аз 5 то 12 сол маҳкум ба зиндон хоҳанд шуд.

Лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар» дар як соли ахир дар расонаҳои расмӣ, радио ва телевизион ва маҳофили мухталиф муҳокима шуда, тарҳи он ба шакли китобчаи алоҳида ба теъдоди 200 ҳазор нусха мунташир шуда буд.