Боздошти хабарнигори ВВС дар Хуҷанд

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни таъиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт: «Нимаи дуюми рӯзи гузашта дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони мақомоти интизомӣ шаҳрванд Усмонов Урунбой, соли таваллудаш 1951, сокини ҷамоати Ҳисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, хабарнигори радиои ВВС дар ин вилоят дастгир карда шуд, ки вай аз соли 2009 ихтиёран ба узвияти созмони мамнӯъи Ҳизби таҳрир шомил шуда ба ташвиқоту тарғиботи ифротгароёнаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул гардида, дар вилоят китобу маҷалла ва шабномаҳои мазмуни ифротгароёнаро паҳн карда, сокинони вилоятро ба ин ҳизб даъват кардааст».

Ба таъкиди сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ нисбати ин фард бархе аз сокинон шоҳидӣ додаанд ва далелҳои қотеъ дар мавриди фаъолиятҳои ғайриқонунии вай дар даст аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, Маҳмадулло Асадуллоев афзуд, нисбати Урунбой Усмонов парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, Ойбек, писари Урунбой Усмонов, ба Озодӣ гуфт: "Рӯзи 13 июн мо чаҳор - панҷ соат падарамро кофтем, ба беморхонаҳо низ рафтем, аммо наёфтем. Ин буд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба хона омаданд ва манзилро кофтукоб карданд ва гуфтанд, ки падарамро боздошт карданд. Аз хона ҳеҷ чиз наёфтанд".

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, шояд Урунбой Усмонов, ки хабарнигор аст, иштибоҳан дастгир шуда бошад.

Дар ҳамин ҳол масъулони сафорати Бритония дар Тоҷикистон ба РО гуфтаанд, хабареро дар мавриди боздошти Урунбой Усмонов дар даст доранд ва ин қазияро пайгирӣ хоҳанд кард.

Зимнан, гуфта мешавад, Урунбой Усмонов муддати даҳ соли ахир ба ҳайси хабарнигори бахши узбекии радиои ВВС дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекард.