Дар баъзе аз кӯчаву тангкӯчаҳои беохири портали иҷтимоии “Мой мир”, ки тоҷикон дар он бисёр зиёданд, рӯзе як ё ду бор сар мезанам, то ба суоли дӯстони Радиои Озодӣ посух бидиҳам ва ё ҳам онҳоеро, ки майли (друг) дӯст шудан бо моро доранд, ба сафи (Мои друзья) дӯстони худ ворид кунам. Дар кӯчаҳои тоҷикии “Мой мир” дар интернет аз сиёсатмадорон то ба овозхонҳои шинохтаи тоҷикро метавон дид, ки масалан яке ба дигарӣ пешниҳод мекунад, дар ин ҷаҳони маҷозӣ бо ӯ дар (покер) қартабозӣ нерӯи худро нишон диҳад.
Шабнами Сураё ба мухлисонаш мегӯяд, ӯро бубахшанд, ки ба суолу дархостҳои ҳамаи онҳо посух дода наметавонад, зеро дар як рӯз бештар аз 2 ҳазор паём (сообщение) мегирад. Яке дигараш аз ин роҳ ба мухлисонаш мерасонад, ки кай ва дар куҷо консерт дорад. Аммо аҷибтар аз ҳама ҷаҳони ҷавонони одӣ аҷибу хушранг аст, ки яке аз дӯстонаш мехоҳад, барои шифои бародараш, ки ҷарроҳӣ шудааст, дуо кунанд ва дигарӣ, ки мӯҳтоҷи 400 доллар шудааст, бо муроҷиат ба дӯстонаш мегӯяд, ба ӯ кӯмак кунанд, то худро аз ноилоҷӣ ба Русияи “хатарнок” расонад, зеро дар Тоҷикистон ҷойи кор наёфтааст.
Сокинони “Мой мир” ҳанӯз ҳам табиати шоиронаи тоҷикӣ доранд, ки бо ҳам бо шеър мукотиба мекунанд. Аз Хайём рубоӣ мехонанд ва ҳам таронаҳои ошиқонаро иқтибос мекунанд, ки бешак ин гӯшаи “Мой мир” аз зеботарин гӯшаҳои он аст, зеро дар дар дунёи тоҷикии “Мой мир”, гӯшаҳои тарсноку хатарнок кам нест. Мисли онки як ҷавони тоҷик акси Усома бен Лоданро дар радифи аксҳои маҳбуби худ ҷой додааст ва он акс ҳам баҳои зиёди 10, яъне баҳои аъло гирифтааст.
Сокинони дигари “Мой мир”, шояд бехабар аз онки таърихи сайру рафтору гуфтори онҳо дар “Мой мир” сабт мешавад, мисли оне, ки як ҷавони тоҷик дар кӯчаи Душанбе ба духтари зебое “гап мепартояд”, ба духтари раҳгузаре паёми “бхрамта ва ё ита хушрӯяе” менависад. Ва чун сукут посух мегирад, бо навмедиву хашм он раҳгузари бегуноҳи “Мой мир”-ро дашноми қабеҳи “тоҷикӣ” медиҳад ва ба шикори духтарони нимаурёни рус меравад.
Зимнан дар хиёбонҳову кӯчаву паскӯчаҳои “Мой мир”-и тоҷикӣ асосан ошноӣ бо “Незнакомка”, “Сладкая” духтарони нимаурёни рус бисёр зиёд аст, ки бидуни шак, ҳадафашон шикори раҳгузарони соддаи “Мой мир” ва ба вирус олуда кардани комютер ва ё смартфонҳои онҳо ҳаст, чунин ба назар мерасад, ки тӯъмаи кофӣ ҳам меёбанд. Муошират бо он духтарон ҳам бо забони ғалати русӣ сурат мегирад ва дар ин миён роҳгузари дигаре ворид мешавад, ки дар муаррифиномааш (профил) ба ҷойи акси худ навиштаи “Оллоҳ” ё “ҷавони араберо” гузошта ва он ҷавонони “ринди” тоҷикро аз Худо метарсонад ва насиҳат мекунад, ки дар фикри рӯзи қиёмат бошанд.
Ислом ва мавъизаҳои исломӣ бештар аз дигар мавзӯъҳо дар “Мой мир” баҳс мешаванд ва сокинони зиёди ин шабакаро метавон дид, ки мусиқиҳои дӯстдоштаашон “мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзо” ва рӯҳониёни дигари шинохтаи тоҷик аст ва дигаронро ба шунидани ин мавъизаҳо даъват мекунанд. Айни замон баъзе аз ин сокинони парҳезкори “Мой мир”-ро метавон дид, ки “незнакомка”-ҳои нимаурёнро дӯст гирифтаанд.
Сокинони ин дунёи маҷозӣ, маҳфилҳои зиёде (Мои сообшества) барои сӯҳбат ташкил додаанд ва ба 170 маҳфил ҳам Радиои Озодиро даъват кардаанд, ки бо назардошти меъёрҳои журнализм он даъватномаҳоро нодида гирифтаем. Ин маҳфилҳо ҳам баёнгари рӯшани хислати тоҷикони сокини “Мой мир” аст, аз ҷумла хислати бади маҳалгароӣ. Яке маҳфили “Шуғнони бузург” ташкил додааст, дигарӣ маҳфили “Ҷавонони бошарафи Кӯлоб”, саввумӣ “Мо аз ноҳияи Ашт” ва ҳатто то ба русто ҳам ҷудо кардаанд ва маҳфили “марғедариҳо”, (деҳае дар Панҷакентро) ташкил додаанд. Дар яке аз онҳо аксҳои аз моҳвора бардоштаи ноҳияро мебинед ва ин шеърро:
Ҷаннат чист дар олам?
Хоҳед агар бидонед,
Ашти калони моро
Бо чашми ман бубинед.
Маҳфилҳои исломӣ дар “Мой мир” беҳисобанд, сар аз маҳфили “Қуръон” то ба “Ислом ва Иқтисод.” Маҳфилҳои муҳоҷирон низ кам нест, ки дар онҳо достонҳои ғамолуда ва пур аз ҳасрати марги муфоҷои муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ба ҳамдигар гуфтаанд.
Аммо барои сӯҳбат доир ба мавзӯъҳои дуртар аз мушкилот, маҳфилҳои “Хайём,” “Мавлоно,” “Лоиқ Шералӣ” оростаанд, ки дар баъзе аз онҳо метавонед, ашъори ин адибонро бихонед. Ҷаҳони тоҷикии “Мой мир” мисли воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон аст, ки мардум бо ҳама сахтиҳое, ки мекашанд, шодмонанд ва механданд бо ҳам шӯхӣ мекунанд ва ба мисли ин шӯхӣ: “Як дарвозӣ гуфтаст, ки “Тангема” фиреб кардам. Гуфтанд чӣ гуна? Гуфтаст сумша додаму савор нашудам.»