Сӯҳбати Дмитрий Медведев ва Ислом Каримов паси дарҳои баста ҷараён гирифт.
Бархе аз расонаҳои ҳамагонии Русия навиштаанд, ки ҳадафи раҳбари Узбакистон аз ин гуфтугӯ дарёфти ваъдаи мӯътамади Маскав ба пуштибонӣ аз Тошканд дар ҳоли бурузи нооромиҳо дар Узбакистон будааст.
Аммо тасдиқи ин иттилоъ мушкил аст, зеро мақомоти Узбакистон талоши зиёд ба харҷ доданд, то мӯҳтавои асосии гуфтушунид ифшо нашавад. Ҳанӯз пеш аз оғози сафари Медведев ба Узбакистон Ислом Каримов аз ӯ хостааст, журналистони Русия ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ накунанд. Бино бар иттилои дарёфтӣ, танҳо кормандони дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Русия ва чанд хабарнигори телевизиони ин кишвар дар сафари
Медведев ба Узбакистон ширкат кардаанд.
Худи мулоқот низ на дар Тошканд, балки дар Самарқанд ҷараён ёфт. Ин ҳам дар ҳоле ки қаблан гуфта мешуд, дидори ду раисиҷумҳур дар Тошканд, пойтахти Узбакистон, баргузор хоҳад гашт.
СИПОСГУЗОРИИ КАРИМОВ АЗ МЕДВЕДЕВ
Бино ба иттилои торнамои раисиҷумҳури Русия, мулоқоти ду президент аз сипосгузории Ислом Каримов барои пазириши даъвати сафар ба Тошканд шурӯъ шудааст. Медведев дар роҳи сафар ба Остона барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аз Узбакистон дидан кард. “Бо вуҷуди ҷадвали кории тангфурсати худ, Шумо даъвати маро барои як боздид аз Узбакистон пазируфтед ва ман бовар дорам, ин сафар барои ҳарду тараф пурсамар ва муфид хоҳад буд,” – гуфт Ислом Каримов.
Раисиҷумҳури Узбакистон гуфт, ин мулоқот аз он лиҳоз муҳим аст, ки мавзеъгирии ду кишвари коршарикро “дар масъалаҳои калидӣ ва ҷиддитарине муайян хоҳад кард, ки на танҳо дар минтақаи мо, балки берун аз он низ ба вуқӯъ мепайвандад.”
БАҲОРИ АРАБӢ ДАР МАНОТИҚИ ПАСОШӮРАВӢ
Бо зикри рушди равобити дуҷониба, Ислом Каримов муносибатҳои байни Русия ва Узбакистонро “мӯътадил” унвон кард ва аммо гуфт:
“Бо вуҷуди ин, ман мӯътақидам, ҳар чизе ки дар
Узбакистон мегузарад, аз нуқтаи назари таъмини амният ва эътидоли минтақа, ҳама чизе ки имрӯз дар Африқои Шимолӣ ва Ховари Миёна мегузарад, вазъияте, ки дар Афғонистон ташаккул меёбад – инҳо масъалаҳое ҳастанд, ки наметавонанд Русия ва Узбакистонро нигарон накунанд. Пеш аз ҳама аз лиҳози тасмимгириҳои умумии мо ва табодулаи ошкорои ақидаҳои марбут ба масъалаҳое, ки ҳалли онҳо дар ояндаи наздик зарур хоҳад шуд.”
Ҷаноби Каримов ибораву вожаҳои худро, аз қабили "масъалаҳои калидӣ", "ҷиддитарин", "дар ояндаи наздик" шарҳ надод, вале дар тарҷума аз забони дипломатияи байнулмилалӣ онҳо маънии амиқ дошта метавонанд.
Ин суханони раисиҷумҳури Узбакистон гумонҳоро дар бораи мавзӯъи асосии мулоқоти зудрас то андозае тасдиқ карданд. Бархе аз коршиносон эҳтимоли ошӯбу эътироз ва нооромиҳо дар Узбакистонро дар пасманзари аз нав ҷон гирифтани нерӯҳои мухолифи Каримов мавзӯи асосии мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳури Русия мешуморанд. Аз ҷумла "Назависимая газета" менависад, Каримов мехоҳад мутмаиин шавад, ки дар чунин авзои изтирорӣ Маскав аз ӯ ҳимоят хоҳад кард.
ПОСУХҲОИ ДМИТРИЙ МЕДВЕДЕВ
Раисиҷумҳури Русия дар кӯтоҳтарин фурсат созмон ёфтани ин сафару мулоқотро як аломати ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои наздики Русия ва Узбакистон номид ва изҳори умедворӣ кард, ки ин сафар, бо вуҷуди шитобзадагӣ ва кӯтоҳияш барои ҳарду ҷониб натиҷаи хуб хоҳад дод.
Вай гуфт: “Узбакистон коршарики стратегии мо, як кишвари ба мо наздик аст. Мо узви иттиҳодияҳои ҳамсонем ва дар чаҳорчӯбаҳои гуногуни байнулмилалӣ ҳамкорӣ мекунем, вале аз ҳама муҳимтараш моро муносибатҳои бисёр фаъоли иқтисодӣ ва таърихӣ ба ҳам васл мекунад.”
Ҷаноби Медведев густариши ин робитаҳоро таъйид кард ва гуфт, ҳарчанд омори Русия аз омори Узбакистон фарқ мекунад, ҳарду аз рушди муносибатҳои байни ду кишвар хабар медиҳанд.
ТАВАҶҶӮҲ БА ВАЗЪ ДАР КИШВАРҲОИ ҲАМСОЯ
Раисиҷумҳури Русия суханони Каримовро дар бораи озмоишҳои ҷиддие, ки “Баҳори арабӣ” ба вуҷуд овардааст, тасдиқ кард. Вай гуфт, рӯйдодҳои Африқои Шимолӣ ва ҷаҳони араб як вазъи комилан наверо пеш гузоштаанд, ки таъсири байнулмилалии дарозмуддат хоҳад дошт.
“Мо, -- афзуд Медведев, -- бидуни шак, манфиатдори инем, ки рӯйдодҳо ба шеваи фаҳмо ва аз рӯи барномаҳои қобили пешбинӣ ба вуқӯъ оянд, зеро моро бо ин кишварҳо шумори бузурги торҳои ноаён пайванд кардааст.”
Ҳарчанд Медведев ба кишварҳои араб ишора мекард, ин нуктаи ӯ ба ҳамаи кишварҳои ҳамкори Русия низ рабт мегирад. Биноан, вай ишора кард, ки ҳамаи рӯйдодҳо дар кишварҳои ҳамсоя барои Маскав муҳим хоҳанд буд, чунки манфиатҳои миллии Русия ва ин кишварҳо бо ҳам гиреҳ хӯрдааст.
Дар пасманзари таъкиди ҳарду раҳбар ба робитаҳои танготанги Русия ва Узбакистон ин суханони Медведев метавонанд, ба мавзӯи асосии гуфтушунид ишора кунанд.
Гузашта аз ин суханони Медведев пас аз чанд ҳафтаи як нишасти машваратии абзои Думаи давлатии Русия садо медиҳанд, ки дар он аз эҳтимоли қиёмҳои шабеҳи “Баҳори арабӣ” дар кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ мешуд.
ДАР ПАСИ ДАРҲОИ БАСТА
Аммо ҳама чизе ки то ин лаҳза мунташир шудааст, барои матбуот буда, хосияти расмӣ ва дипломатӣ дошт ва пас аз ин баёнияҳои куллӣ ду раисиҷумҳур гуфтушуниди танҳо ба танҳоро дар паси дарҳои баста идома доданд.
Ҷузъиёти ин мулоқот маълум нест, вале коршиносон ҳадс мезананд, ки ду масъала дар меҳвари гуфтугӯ қарор дошта метавонанд. Яке, ҳифзи субот ва эътидоли сиёсӣ дар Узбакистон дар робита ба интиқоли эҳтимолии қудрат аз президент Ислом Каримов ба вориси
сиёсияш, ки қаблан аз манобеи наздик ба ҳукумати Узбакистон ба таври мармуз садо додааст. Мақомоти Узбакистон нигаронанд, ки бо камтарин хабар дар ин бора мухолифони давлати Узбакистон метавонанд, вазъро дар ин кишвар баҳам зананд ва аз он ба суди худ истифода кунанд.
Ахиран, вакили Думаи давлатии Русия, Алексей Митрофанов, дар торнигори худ аз тазоҳуроти густарда дар Андиҷон ва Фарғона хабар дода ва навишт, ки ҳукумати Узбакистон ин ошӯбҳоро бераҳмона саркӯб кардааст. Вай ҳамчунин навишт, Каримов ба зудӣ аз қудрат канор хоҳад рафт ва Маскав бояд бо сарони оппозисюни Узбакистон робитаи беҳтаре дошта бошад. Ин дар ҳоле буд, ки чанд гурӯҳи мухолифони Каримов аз таъсиси як ҷабҳаи муштарак ва ҳамоҳангсоз дар Берлин хабар додаанд.
Мавзӯи дувум, ба ақидаи таҳлилгарон, ҳимояти Русия аз мавзеъгирии Узбакистон дар муносибатҳояш ба ҳамсоягони бевосита, бахусус Тоҷикистон ва Қирғизистон буда метавонад.
Узбакистон аз вазъи узбактаборон дар Қирғизистон ва эҳтимоли такрори рӯйдодҳои Уш ва Ҷалолобод нигарон аст ва бо бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон сарсахтона мухолифат мекунад. Ва Бонки Ҷаҳонӣ бо шурӯи баррасии шеваҳои таҳқиқи иқтисодӣ, фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи Роғун Тошкандро нигарон кардааст. Як аломати нигаронӣ ин буда, ки ҳайатҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Узбакистон аз ширкат дар машваратҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Алмато, 19-уми май худдорӣ карданд.

Мо, бидуни шак манфиатдори инем, ки рӯйдодҳо ба шеваи фаҳмо ва аз рӯи барномаи қобили пешбинӣ ба вуқӯъ оянд, зеро моро бо ин кишварҳо шумори бузурги торҳои ноаён пайванд кардааст...