Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар раъси як ҳайати баландпоя озими Остона- пойтахти Қазоқистон шуд.
Ҳадаф аз ин сафари оқои Раҳмон, иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай унвон шудааст.
Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои Тоҷикистон чӣ дод? Оё он Анти-НАТО дар муқобили Ғарб ва Амрикост? Чаро Эрон ба узвияти ин созмон пазируфта нашуд? Ва ояндаи ин созмон чӣ хоҳад буд? Тоҷикистон бояд Айниро ба ихтиёри Русия ройгон бидиҳад ё не?
Вазири собиқи умури хориҷии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназаров дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ, ба паҳлӯҳои гуногуни ин пурсишҳо рӯшанӣ андохт.
ҲАДАФ АЗ ТАЪСИСИ СҲШ ЧӢ БУД?
Суол: Шумо коршиноси равобити байналмилалӣ ҳастед, чанд сол дар маркази муҳим ва аслии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, дар Чин ҳам кор кардед. Бигӯед, ин созмон то куҷо дар таҳаққуқи аҳдофаш пеш рафт ва барои Тоҷикистон чӣ дод?
Ҷавоб: Созмони Шанхай дар заминаи «Панҷгонаи Шанхай» таъсис шуд. То соли 2001 ин ҷомеаи ҳамкорӣ буд, ки баъдан ба сурати созмон шакл гирифт ва таъсис шуд. Ҳадафи аслии ин созмон дар замони таъсиси худ, ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Чин ва ҳамсояҳои он буд, ки ҳанӯз аз замони шуравӣ интизори ҳалли худ боқӣ монда буданд. Миёни Чин ва чор кишвари ҳамсояи он, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки бо Чин сарҳади муштарак доранд дар ин замина музокироти ҷиддӣ аз соли 1995 оғоз шуд. Ин
музокирот дар формулаи 4+1 анҷом мешуд. Миёни чор ҷумҳурии шӯравии пешин ва Чин. Дар натиҷа ду созишнома имзо шуд, ки яке дар соли 1996 дар Шанхай ва дигаре соли 1997 дар Маскав буд.
Аҳамияти ин созмишномаҳо аз он иборат буд, ки аввалан масъалаи амният дар марзҳои Чин ва ин чор ҷумҳуриро ҳаллу фасл намуд. Масъалаи дуввум, итминони комили тарафҳо аз амнияти марзҳои якдигар буд. Ва тарафҳо дар ҳудуди сад километр нерӯҳои худро аз марз ба тарафи дохил кашиданд. Яъне марзи Чин бо ин чор ҷумҳурӣ дар ҳудуди 200 км дар ҳолати комилан ором ва ғайри қобили таҳдид қарор гирифт.
"СҲШ БА ҲАДАФҲОИ АВВАЛИЯИ ХУД РАСИД"
Суол: Яъне аҳдофи аввалинеро, ки ин созмон дар пеши худ гузошта буд ба он ҳадафҳо расид?
Ҷавоб: Бале, сад дар сад расид. Ин ҳаллу фасли масъалаҳои марзӣ буд, ки ба анҷом расид. Ва тарафҳо аз ин ҳал қонеъ ва хушҳол шуданд. Дар зимн дар давоми музокирот аз соли 1995 ба ин сӯ, тарафҳо бо ҳам мулоқот ва гуфтугӯ мекарданд ва масоили дигаре ҳам дар зимн худ аз худ ҳал мешуд. Ин масъалаҳои дуҷониба, масоили амниятӣ, низомӣ иқтисодӣ ва ғайра буд. Ва билохира тарафҳо ба ин хулоса расиданд, ки дар заминаи ҳамин «Панҷгонаи Шанхай», як созмони бузурги ҳамкориҳои Шанхай таъсис дода шавад.
Аммо ин созмон барои Тоҷикистон чӣ дод? Бояд самимона гуфт, ки он пружаҳое, ки дар Тоҷикистон анҷом шуд ва барои рушди Тоҷикистон аҳамияти калон доранд, дар бистари муносибатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай амалӣ шудааст.
Соли 2006 дар худи Шанхай миёни ин созмон ва Тоҷикистон се санади муҳим ба имзо расид. Яке додани воми пулии калон ва бо фоизи кам ба Тоҷикистон буд. Ин боиси бозсозии роҳи Душанбе-Бӯстон, хати интиқоли барқи Ҷануб- Шимол ва севвум хати интиқоли барқи Лолазор- Хатлон шуд, ки ҳаҷми умумии он кридит, 680 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин кӯмак аз тариқи СҲШ ба Тоҷикистон буд ва фикр мекунам, ки замоне мерасад ва Чин шояд ин кӯмакҳоро бубахшад.
ТАЗЗОДИ АБАРҚУДРАТҲО?
Суол: Ташаккур, аммо ба матбуот агар назар кунем ва ё дар маҳофил ва кӯчаву хиёбон таваҷҷӯҳ кунем, ин ҳарф бештар шунида мешавад, ки Чин ин роҳҳо ва ин хатҳои барқро барои васеъ кардани роҳи тавсеъаталабии худ дар оянда месозад. Бештар манзур ва ҳадаф манофеъи худаш то рушди иқтисоди Чин. Воқеъан тавсеъаталабӣ дар дарунмояи сиёсати хориҷии Чин чӣ мавқеъ ва ҷойгоҳ дорад?
Ҷавоб: Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки мо дар минтақаи худ ва дар кишвари худ шоҳиди рақобат ва ҳарифии қудратҳои ҷаҳонӣ ҳастем. Як ҷанги иттилоотӣ дар ин замина дар ҷараён аст. Ҳадафҳои ин абарқудратҳо дар минтақа ба ҳам сарбасар мешавад. Як ҷанҷоли миёни ин кишварҳо, ҷанҷоли иттилоотӣ аст. Он чизе, ки шумо гуфтед, дар матбуот чоп мешавад, хонда ва шунида мешавад, дар Ғарб ва Амрико чоп мешавад, дар кишварҳои дигар шунида намешавад. Зеро кишварҳои
абарқудрат дар ҳоли таззод бо ҳам қарор доранд ва ин таззод дар ихтилофи манфиатҳои геостратегӣ ва геополитикии ин қудратҳо дар минтақа нуҳуфтааст. Ҳадафи ин таблиғот ин аст, ки дар дили мардум як тарсу ваҳму ларз нисбат ба чиниҳо пайдо шавад. Ҳоло ин, ки ин бозгӯ ва паёмади таззоди иттилоотӣ миёни қудратҳо аст.
"НИГАРОНИИ МАРДУМ АЗ ЧИН ДУРУСТ НЕСТ"
Суол: Шояд ҳарфи шумо дуруст аст, аммо он чӣ, ки мардум дар кӯча мебинад, бовар мекунад, ки чиниҳо Тоҷикистонро ба оҳистагӣ доранд забт мекунанд. Масалан аз ҳамин тирезаи шумо ба берун нигоҳ кунем, осоре аз чинӣ мебинем ва ҳамон суол ва нигаронӣ зинда мешавад. Чаро мардум нигарон аст ва ба нигаронии худ посух меҷӯяд?
Ҷавоб: Барои он, ки мардум равишҳо ва доктринаи сиёсии Чинро намедонанд, бо он ошно нестанд. Дар Чин дар соли 1978 аз сӯи Ден Сио Пин ислоҳоти бузурги сиёсӣ оғоз шуд, ки дар ҳастаи ин сиёсат муносибати ҳамагир ва хуб бо кишварҳои абарқудтар қарор дошт. Яъне Чин пеш аз ҳама бояд равобити хуб бо қудратҳо, кишварҳои дорои иқтисоди пешрафта медошт. Ин сиёсат то соли 2000-ум идома дошт.
Вале дар ин сол Чин чун дид, ки аз лиҳози иқтисодӣ қавӣ шудааст ва амнияти марзҳо барояш хеле ва хеле муҳим мебошад, доктринаи сиёсиашро иваз кард.
Доктринаи нави Чин акнун аз барқарории муносибати хуб бо кишварҳои ҳамсоя, кӯмак ба кишварҳоир ҳамсоя дар ҳолати ниёзманд будани онҳо ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ин кишварҳо иборат аст. Барои он, ки Чин дар ин кишварҳо булуғи ноамнӣ ва бесуботиро намехоҳад. Зеро агар дар кишварҳои ҳамсоя субот набошад ва ноамнӣ бошад, ин барои Чин хатар аст. Барои ҳамин Чин ба ҳамсояҳои худ кӯмак мекунад. Ба Русия ҳатто миллиардҳо доллар медиҳад, ин маънои онро надорад, ки ҳадафаш тасарруфи Русия мебошад. Суботи сиёсӣ дар кишварҳои ҳамсоя барои Чин муҳимтарин арзишро дорад.
АҲАМИЯТИ СУБОТИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ЧИН
Суол: Яъне мехоҳед бигӯед, ки як Тоҷикистон дорои иқтисоди пешрафта ва бо суботи устувор дар ростои сиёсати Чин аст?
Ҷавоб: Бале. Сад дар сад. Пеш аз ҳам барои Чин суботи сиёсии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Бубинед, ду инқилоб дар Қирғизистон шуд, ҳама мегуфт, ки Чин Қирғизистонро забт мекунад, аммо Чин ҳеҷ дахолате накард, бетарафиро нигоҳ дошт. Ин нишонаи он аст, ки Чин ғараз ва тавсеъаталабии сиёсӣ надорад.
СОЗМОНИ "АНТИ- НАТО"?
Суол: Аммо аз СҲШ ба унвони «Анти-НАТО» дар расонаҳои байналмилаӣ ва ғарбӣ, ҳатто Русия ёд мешавад. Созмони Шанхай навъе бозгӯи нигаронии Русия ва Чин дар муқобили Ғарб гуфта мешавад, ки кишварҳои давру барро ҳам мехоҳанд дар мадори худ дошта бошанд. Мегӯед ин ҳам таблиғот аст ва ҳеҷ манфиате Чин ва Русия дар ин замина надоранд, чун муҳимтарин бозигарон дар ин созмон ҳастанд?
Ҷавоб: Худи чорчӯб ва хартияи СҲШ ба ин кор иҷоза намедиҳад. Ин боз ҳам таблиғот аст, ки гӯё СҲШ созмони низомӣ бошад. Ин хартия иҷозаи таъсиси воҳидҳои низомиро намедиҳад. Ҳадаф ин нест, балки таъмини амният дар минтақа аст. Чизи дигар ин аст, ки дар СҲШ масъалаҳо ба тариқи консесиус ҳал мешаванд, агар як кишвари узв розӣ набошад, масъала ҳал намешавад. Ва ман фикр намекунам, ки ҳамаи кишварҳои узв ба барномаи тавсеъаталабӣ ва ё таъсиси воҳиди низомӣ розӣ шаванд.
ЧАРО ЭРОНРО БА СҲШ ҚАБУЛ НАКАРДАНД?
Суол: Ҳоло шумо мегӯед, ки СҲШ як созмонест усулан ба хотири пешрафти иқтисодӣ ва шукуфоӣ ва ҳеҷ дасисаи сиёсӣ ва низомие надорад. Аммо мо дар соли гузашта шоҳид будем, ки аъзои ин созмон иқдоми сиёсӣ карданд ва хоҳиши узвияти Эрон дар ин созмонро хафа карданд. Яъне бо тағйирот дар маншури ин созмон, қабули кишварҳоеро, ки таҳти таҳрими СММ қарор доранд, мамнӯъ намуданд. Ҳоло он, ки Эрон як кишвари дорои потенсиали бузурги инсонӣ ва захираи
беназири табиӣ мебошад ва пайвастани он ба СҲШ ба маънои густариши доманаи нуфуз ва имкони ин созмон аст. Кашидани пойи СҲШ ба чунин дасисаҳои сиёсӣ дар роҳи расидан ба ҳадафи аслии ин созмон монеъ нахоҳад шуд?
Ҷавоб: Ҳарфи шумо сад дар сад ҳақ аст. Шумо медонед, ки байни кишварҳои абарқудтар додугирифтҳои азиме вуҷуд дорад. Масалан миёни Чин ва Амрико солона 450 миллиард долар табодули коло вуҷуд дорад. Акнун азамати ин муомиларо тасаввур кунед. Ва ин ду тараф метавонанд дар муносибат ва тасмимгирӣ ба ҳамдигар таъсир расонанд. Ва ин, ки Амрико дар он қазия низ даст дошт, ин ҳатмист. Амрико даст дошт ва ба кишварҳои узви СҲШ фишор овард, ки шумо Эронро қабул накунед. Маркази аслии ин фишорҳо аслан СММ аст ва ин дасисаҳо ба гуфтаи шумо дар ҳамон ҷо сурат мегирад.
Аммо ин тасмим аз назари геополитикӣ ба нафъи Чин ва Русия набуд, инро ҳардуи ин кишварҳо медонанд. Агар худое накарда дар Эрон ноамнӣ шавад, пеш аз ҳама зарбаи иқтисодии азим ба Русия ва Чин ворид мешавад. Аммо дар натиҷаи ин тасмим ҳоло намешавад гуфт, ки Эрон аз Русия ва Чин ё баръакс ранҷида бошанд. Ҳоло боз ҳамон муносибот ва доду гирифт идома дорад, инҳо бе якдигар наметавонанд. Русия наметавонад иштибоҳоти гузаштаи худро такрор кунад. Масалан дар нисбати Либия иштибоҳи калон кард ва акнун намехоҳад инро дар мисоли Сурия такрор кунад.
ОЯНДАИ СҲШ ЧӢ ХОҲАД БУД?
Суол: То даҳ соли дигар фикр мекунед, доманаи СҲШ то куҷо тавсеъа хоҳад ёфт?
Ҷавоб: Ин созмон ҳоло бештар мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён аст. Кишварҳо ҳастанд, ки наметавонанд сиёсатҳои кулли Амрикоро эътироф кунанд. Ҳамчунин бисёр кишварҳои Амрикои Лотинӣ ин сиёсатҳоро қабул надоранд. Ин аст, ки фикр мекунам кишварҳои амрикоӣ бисёрашон омода хоҳанд буд ба СҲШ ҳамроҳ шаванд. Фикр мекунам қолаби ҷадиде, ки дар ҳоли шакл гирифтан ҳаст, ба номи БРИК шояд СҲШ-ро тавсеъа хоҳад дод.
"САРДИИ РАВОБИТ БО РУСИЯ БА ҲАДДЕ НЕСТ, КИ ТАБЛИҒ МЕШАВАД"
Суол: Ташаккур, аммо масъалаи дигаре, ки мехостам суол кунам роҷеъ ба муносибат бо Русия аст. Ҳоло масъалаҳои ҳалнашуда вуҷуд дорад. Расонаҳо муносибатҳоро ба сурати бесобиқа сард қаламдод мекунанд. Чӣ пешомадеро метавон интизор дошт?
Ҷавоб: Албатта ин боз ҳам кори ҳамон таблиғот аст. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия он гуна ҳам нест, ки гуё
ҷанҷолҳо ба гунаи сахт рафта истодаанд. Ва байни ду кишвар гуё таззоде ба вуҷуд омадааст. Балки баъзе масъалаҳое ҳаст, ки ҳанӯз ҳал нашудаанд. Барои ҳалли ин масъалаҳо имконоти васеъ мавҷуд аст. Фикр мекунам дар ду-се моҳи оянда музокироти муҳиме сурат мегирад, ки метавонад ҳам манфиатҳои Тоҷикистон ва ҳам манофеи Русияро таъмин кунад.
ТОҶИКИСТОН БОЯД ПОЙГОҲИ АЙНИРО БА РУСИЯ БИДИҲАД?
Суол: Чанд масъала ҳаст, яке фурудгоҳи Айнӣ ва пойгоҳи 201. Дар ин масъалаҳо Тоҷикистон аз кадом мавзеъ бояд пеш биояд? Бархе мегӯянд, ки таърихи соли 2004 такрор хоҳад шуд. Оё ин имкон дорад?
Ҷавоб: Бо назардошти таҷрибаи ҳамсояҳо ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бояд гуфт, ки дигар он замоне нест, ки мо дар соли 2004 мо имзо кардем ва ҳама чизро ройгон барои Русия додем, аз ҷумла пойгоҳи низомиро ва пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно"-ро. Аммо акнун ин кор имкон надорад, ки як фурудгоҳе, ки масрафоти зиёде дорад дар ихтиёри як кишвари хориҷӣ қарор бигирад. Дунё дунёи бозоргонӣ аст. Ягон кишвар ин корро анҷом намедиҳад. Бубинед, қирғизҳо як қисмати "Манас"-ро дар ихтиёри амрикоиҳо қарор доданд, барои он солона 160 миллион доллар дарёфт мекунанд. Тоҷикистон ҳам ҳақ дорад, ки барои истифода аз ин фурудгоҳ, барои олудашудани муҳиташ ҳадди ақал ҳақ дарёфт кунад. Муносибат имрӯзӣ ва дар чаҳорчӯби талаботи иқтисоди бозорӣ бояд бошад.
Озодӣ: Ташаккур аз шумо, сӯҳбати мову шумо дар рӯзе сурат мегирад, ки қарор аст аз 60-солагии мавлуди худ таҷлил кунед, бо истифода аз ин фурсат шуморо табрик мекунам ва бароятон муваффақият ва барор мехоҳем.
Ҷавоб: Ташаккур аз шумо, муваффақ бошед.