Додгоҳи вилояти Хатлон бо исботи ҷурм қотили се кӯдакро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Варқа Зайниддинов, ёвари аршади додситони вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи Фирдавс Саидов пурра тасдиқ шуда, вай бар асоси 5 моддаи кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои содир кардани 11 ҷинояти мудҳиш, аз ҷумла 6 ҷинояти «махсусан вазнин» ва 5 ҷинояти «вазнин», равонаи зиндон гардид.
ҲАБСИ АБАД БАРОИ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ СЕ НАВРАС
Оқои Зайниддинов афзуд: «Аз он ҷумла, судшаванда дар содир намудани се ҷинояти куштори қасдона, як ҷинояти сӯйиқасд ба куштор, таҷовуз ба номус, роҳзанӣ ва чаҳор
ҷинояти қаллобӣ айбдор карда шудааст. Хавфнокии ҷиноятҳои содирнамудаи Ф. Саидов пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки дар натиҷаи ҳаракатҳои содирнамудаи ӯ, се нафар ноболиғ аз ҳаёт маҳрум гаштаанд. Се нафар кӯдаке, ки аз ҳаёт чизе надида буданд, се нафар кӯдаке, ки волидайни онҳо аз орзуҳои худ нисбати фарзандонашон чизе амалӣ накардаанд ва дигар амалӣ нахоҳанд кард. Дар мурофиаи судӣ дар ҳақиқат исбот шудааст, ки Саидов ин ҷиноятҳои гӯшношунидро содир кардааст. Ин мурофиа пушти дарҳои баста сурат гирифт, зеро яке аз моддаҳое, ки бо он Фирдавс Саидов айбдор карда мешуд, марбут ба таҷовуз ба номус буд. Азбаски нафари таҷовузшуда яке аз духтарони ноболиғи кушташуда буд, додгоҳ пӯшида баргузор шуд…»
Моҳи гузашта дар Қӯрғонтеппа додгоҳи Хатлон ба баррасии парвандаи 1200-саҳифагии Фирдавс Саидов пардохт, ки дар қатли се кӯдаки як хонавода – Шоҳҷаҳони 9-сола, Лобари 13 ва Наргиси 15-сола, муттаҳам дониста мешавад.
Ин ҳодиса моҳи декабри соли гузашта дар манзили истиқоматии Бекназаровҳо, дар кӯчаи ба номи Дзержинскийи шаҳри Қӯрғонтеппа, рух дода, пас аз як рӯз Фирдавси 18-сола бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят боздошт гардид.
НАМАКХӮРДА ТУФ БАР НАМАКДОН КАРД...
Хабари ин ҷинояти сангин замоне вокунишҳои шадиди ҷомеаро ба бор овард, ки маълум шуд, қотили кӯдакон писархонди оилаи Бекназаровҳо будааст.
Олим Бекназаров, падари кӯдакони кушташуда дар бораи
қотили фарзандонаш мегӯяд: «Фирдавс ҳамчун писархондам буд, маро «дадаҷон» мегуфту ба ҳамсарам «модарҷон» гуфта муроҷиат мекард. Вай ба оилаи мо хеле наздик буд, дӯсташ медоштем. Аз ҳамин боварии мо, соддагии мо сӯйистифода кард. Писарчаамон Шоҳҷаҳон ҳам ӯро хуб мешинохт, ба хонаамон бисёр омадурафт мекард. Шоҳҷаҳон аз оиначаи дар Фирдавсро шинохта, дарро мекушояд ва кушта мешавад. Бовар кунед, хеле аламовар аст…»
Вай афзуд, то ҳанӯз ӯву ҳамсараш пас аз ҳодисаи ҳалокати фарзандон ба худ наомада, хештанро барои зудбоварию беназорат гузоштани фарзандон маҳкум мекунанд.
Ба иддаои додситонӣ, Фирдавс бо ҳадафи ғорат ба манзили кушташудагон ворид шуда, бо зарби чандинкатараи корд, аввал Шоҳҷаҳон ва пасон Лобару Наргисро, ки тоза аз мактаб баргаштаанд, ба қатл расонида, 2 ҳазор доллари амрикоӣ ва 8 ҳазор сомониро аз ин хона бо худ бурдааст.
ФИРДАВС ТАНҲО ҚОТИЛ НЕСТ...
Дар аснои тафтишот ҳамчунин маълум шудааст, ки Фирдавс
Саидов дар қаллобию аз худ кардани қариб 100 ҳазор доллари амрикоӣ маблағи соҳибкорон низ даст доштааст.
Абдулмӯъмин Каримов, муфаттиши парвандаи Саидов аз додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, ки маҳз ҳамин қарздориаш аз соҳибкорони дигар ӯро ба одамкушию қаллобӣ таҳрик додааст ва кӯдакони ноболиғро барои дуздидани пули хонаашон, ки ҷояшро қаблан медонист, куштааст.
Дар ҳамин ҳол, Алишер Файзуллоев, вакили мудофеъи Фирдавс Саидов, бо ишора ба ин, ки ҳукми додгоҳ ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст, аз ҳар гуна сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунад. Вай дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт:
«Дар бораи ин парванда то он замон, ки ҳукм қувваи қонунӣ нагирад, сӯҳбат намекунам. Ҳоло гуфта наметавонам, ки оё ба суди зинаи болои аз рӯйи ҳукми суди вилояти Хатлон шикоят мекунем, ё хайр. Маро маъзур доред…»
"ФИРДАВС ҲАМДАСТОНИ ДИГАР ДОШТААСТ..."
Аммо дар гузашта, ин адвокат иддао дошт, ки нафари таҳти ҳимояташ бо таъсири ҳамдастони дигар дар қатли ин се кӯдаки Бекназаровҳо ширкат варзидааст. Яъне гӯё Фирдавс ин ҷиноятро дар танҳоӣ содир накардааст. Аммо ин иддао, ба гуфтаи Олим Бекназаров, падари кӯдакони кушташуда, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ исботи худро наёфтааст.
Ҷаноби Бекназаров гуфт, бо ҳукми додгоҳ ризо ҳаст, ҳарчанд мутаассиф аст, ки дар Тоҷикистон ба ҳукми қатл мораторий эълон кардаанд: «Додгоҳ дигар ҳукми мулоимтарро содир карда ҳам наметавонист, зеро ҳама чиз аён буд. ҳамаи мо фарзанд дорем, хеле сахт аст, ки як бора аз се фарзанди хурдсол маҳрум гардӣ. 176 рӯз гузашт аз он ҳодиса. Ман ҳар рӯз чандин бор мемирам (мегиряд). Лекин аз Худо мехоҳам, ки он рӯзе, ки ба сари мо омад, ба ягон бандаи мӯъмин назанад. Ҳукми қатл дар Тоҷикистон набудаст. Агар ин хел ҳукм мумкин мебуд, бовар дорам, ки бе хоҳиши мо ҳам, суд ба котили фарзандонам яқинан ҳукми қатлро раво медонист…»
ҶАВОНТАРИН МАҲКУМШУДА БА ҲАБСИ АБАД
Фирдавс Саидов ва вакили дифои ӯ барои ба баҳс кашидани ҳукми додгоҳи Хатлон 7 рӯзи дигар дар ихтиёр доранд ва метавонанд ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят баранд.
Дар додситонии вилояти Хатлон ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки Фирдавс Саидови 18-сола, ҷавонтарин нафари маҳкумшуда ба ҳабси абад дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар соли ҷорӣ додгоҳҳои минтақа барои нахустин бор нафари муттаҳамро ба сангинтарин навъи ҷазо, яъне ҳабси якумра маҳкум кардаанд.