Сангов худкушӣ кард ё ӯро куштанд?

Марги Сафаралӣ Сангов бадрафтории кормандони умури интизомии Тоҷикистон бо боздоштшудагонро то ҳадде ифшо намуд.
Сафаралӣ Сангов, сокини 37-солаи шаҳри Душанбе рӯзи якуми марти соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони Шӯъбаи умури дохилии "Сино-1"-и шаҳри Душанбе дар манзили зисташ ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт ва ба гуфтаи хонаводааш мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Сарвиноз Сангова, ҳамсари марҳум Сафаралӣ Сангов
Ман сад дарсад бовар дорам, ки ӯро куштанд. Ӯро заданд. Ӯ ҳеҷ вақт худашро намекушт ва ҳам наметавонист...

мегӯяд, баъд аз ин шавҳари ӯро ба бемористони Қарияи боло бурданд, ки пас аз чаҳор рӯз дар он ҷо аз дунё даргузашт. Ба қавли Сарвиноз, боздошти шавҳари ӯ бе ҳузури шоҳидон ва далели шайъӣ сурат гирифтааст.

Ин ҳодисаи хушунатбор ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва парванда фавран мавриди таваҷҷӯҳи хабарнигорон ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифт. Таи як ҳафтаи ахир ду марҳилаи мурофиаи парвандаи марги Сафаралӣ Сангов сурат гирифт.

Гашти нав бар парвандаи Сангов

Мурофиае, ки рӯзи 6 уми июн сурат гирифт, як гашти наве дар ҷараёни баҳси парванда эҷод кард.

Дар ҳоле, ки зану пайвандони Сафаралӣ Сангов мегӯянд, ки латту кӯби Сафаралӣ ҳанӯз ҳангоми боздошт дар манзили зист оғоз шуда буд, айбдоркунандаи давлатӣ Зайниддин Ҷӯраев чуноне ки дар мурофиаи додгоҳӣ таъкид кард, кормандони милиса ба рафтори бемасъулиятона дар иҷрои вазифаи худ айбдор мешаванд.

Ҳафтаи равон додгоҳи Синои пойтахт мурофиаи парвандаи куштори Санговро идома дод ва гуфт, ду корманди милиса, Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов дар парвандаи марбут ба марги Сафаралӣ Сангов ба бепарвоӣ ва бемасъулиятӣ ҳангоми иҷрои вазифа айбдор шуданд, гуноҳи худро қисман пазируфтаанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳӣ Зайниддин Ҷӯраев, аз додситонии шаҳри Душанбе гуфт:

«Айбдоршавандагон аз рӯи моддаи 322 -и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои хунукназарона иҷро кардани вазифа аз сӯи шахси мансабдор ва аз бепарвоиву беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудани ӯро пешбинӣ мекунад».

Мурофиаи Сангов дар додгоҳи ноҳияи Сино

Яъне кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов ба он айбдор мешаванд, ки натавонистаанд аз худкушии нафари боздоштшуда ҷилавгирӣ кунанд.

Ҷурми кормандони милиса, ба қавли айбдоркунандаи давлатӣ, ин будааст, ки ҳангоми боздошт дастони Санговро на аз пушт, балки аз пеш бастаанд ва ӯ тавонистааст аз дасти кормандони милиса раҳо шаваду худро ба пушт партояд ва ба девор занад, ки бар асари ин зарбҳо вай аз ҳуш меравад ва пас аз чаҳор рузи беҳшӣ дар беморхонаи Қарияи болои пойтахт дармегузарад.

Ин ҳарфҳои айбдоркунандаи давлатӣ бар асоси баёноти Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов ва дигар навбатдоронни шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Сино гирифта шудааст, ки боздошти Сафраалӣ Санговро назорат мекардаанд.

Ба қавли айбдоркунанадаи давлатӣ Зайниддин Ҷӯраев, дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилӣ, дар ҳоле ки се корманди милисае, ки Сафаралӣ Санговро аз ду паҳлӯ ва пеш дошта, аз зинапоя ба ошёнаи дувум мебароварданд, худро раҳо карда, бо ошёнаи аввал партофтааст.

Ҷаноби Ҷӯраев меафзояд, вақте ки ӯро боздошта, аз нав ба ошёнаи дувум баровардаанд, баробари ворид шудан ба утоқ Сангов аз нав худро раҳо кардаву ду мартаба сарашро ба девор задааст.

Фарзияи ҳамсари Сангов

Аммо ҳамсари Сангов - Сарвиноз дар мурофиа баён дошт, кормандони милиса Сафаралӣ ва хоҳарзодаи ӯ - зани ҳомиладорро латукӯб кардаанд. Вай афзуд, дар беморхонаи Қарияи Боло тасодуфан гуфтугӯи пизишконро шунидааст, ки мегуфтанд, сутунмӯҳра, устухонҳои пой ва миён ва бинии ӯро шикастаанд.

Сарвиноз зани Сафаралӣ Сангов аз ҳарфҳои айбдоркунанадаи давлатӣ дар шигифт буд ва мегуфт, ки инҳо мехоҳанд раванди баҳсро ба самти дигар бикашанд:

«Ман сад дарсад бовар дорам, ки ӯро куштанд. Ӯро заданд. Ӯ ҳеҷ вақт худашро намекушт ва ҳам наметавонист. Инҳо мегӯянд, ки худро аввал ба пушт партофтааст ва сабаби маргаш ҳамон ҷароҳати мағзи сараш аст, пас чӣ тавр одаме, ки мағзи сараш ҷароҳат бардоштааст, боз давида рафта, дар девору сейфҳо худро мезанад? Ман намефаҳмам, ки чаро ин ҳамаро муфаттишон ба назар намегиранд».

Сарвиноз меафзояд, ки муфаттишон ва айбдоркунандаи давлатӣ мехоҳанд нишон диҳанд, ки кормандони милиса шавҳари ӯро лату куб накардаанд, балки дар натиҷаи як беаҳмиятии онҳо гӯё Сангов худкӯшӣ карда бошад. Ба гуфтаи Сарвиноз, боздошти ҳамсари ӯ бе ҳузури шоҳидон ва далели шайъӣ сурат гирифтааст.

"Тафтишот ё инквизитсия?"

Дар моҳи апрел пас аз нашри мақолаи дар саҳифаи ҳафтаномаи "Азия плюс", ки доир ба лату кубу шиканҷа дар боздоштгоҳи вазорати умумри дохила нақл мекард, аз тарафи сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ҳамин вазорат Анвар Тағоймуродов, "Азия-Плюс" ба додгоҳ кашида шуд. Вай ҳафтаномаро дар шикояти худ ба тавҳину тӯҳмат айбдор намуд.

Ба ин тартиб, маҷрои баҳси додгоҳӣ бар рӯи парвандаи Сангов Сафаралӣ дигар шуд ва ин шакку шубҳаҳоро ба вуҷуд овардааст.

Агар шоҳидону наздикони Сафаралӣ Сангов дар робита ба ҳодисаи латту кӯби Сафаралӣ озодона ба матубот сӯҳбат мекунанд, шоҳидони кормандони умури дохилаи ноҳияи Сино, ки дар курсии айбдорӣ нишастаанд, ҳозир намешаванд назари худро худро баён доранд.

Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи Сафралӣ Сангов мегӯяд, ки шоҳидони командони милиса ба суолҳои додрас танҳо «намедонам», «набудам» ҷавоб медиҳанд. Ба назар мерасад, ки онҳо амдан ба ин шева посух медиҳанд, ки мабодо кадом масъалаи пинҳонмондаро фош накунанд.
Сарвиноз Сангова, ҳамсари Сафаралӣ Сангов
Сарвиноз, ҳамсари Сафаралӣ Сангов мегӯяд, ки аз посух доданҳои кормандони милиса ва шоҳидони онҳо ба назар мерасад ки барои онҳо як матни махсус омода карда шудаасту онҳо ба забон меоранд.

«Ҳарфҳои онҳо ба ҳарфҳои пеш мегуфтаашон мувофиқат намекунад. Баёноташонро мисли ин ки як нафар навиштааст. Онҳо фақат мегӯянд, ки набудем ва намедонем. Пештар гуфтааст, ки омадам, дидам ин хел буд, онхел буд, ҳоло фақат «не» мегӯянд».

Ба қавли Сарвиноз онҳо кӯшиш мекунанд рӯи ин ҳодиса ҳамеша як пардаро нигоҳ доранд.

Ва ба назари ҳуқуқшиносон мақомоти Тоҷикистон аслан талош ба харҷ медиҳанд, ки вуҷуди лату кӯб дар боздоштгоҳҳои мувақатӣ ва ҳолатҳои бадрафторӣ аз тарафи кормандони умумри дохила ва ё намоянадгони боздошгоҳҳои муфатиширо рад кунанд.

Нуктаи дигаре, ки машкук ба назар мерасад, ин аст, ки айбдоракунандаи давлатӣ милисаҳоеро ки дар курсии айбдорӣ нишастаанд ба он айбдор мекунад, ки ҳангоми боздошти Сангов онҳо дастони ӯро на аз пӯшт, балки аз пеш бастаанд, ки вай худро раҳо кардаву сари худро ба девор задааст.

Ва ин амал яке аз бемасъулиятии ҳамин кормандони милиса нишон дода мешавад.

Фарқи аз пешу аз пас бастани дастон дар чист?

Ба назари хуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфов ба сурати умум ин манзара нишон медиҳад, ки гӯё кормандони умури дохил ва дигар ниҳодҳое, ки боздоштгоҳҳои мувақатиро назорат мекунанд, аслан ба афроди айбдоршаванда бадрафторӣ намекунанд:

«Гуё кормандони милисаи ноҳияи Сино беътиноӣ карда бошанду дастони Санговро аз пеш баста бошанд. Аслан чӣ фарқ мекунад дастони таъқибшаванда аз пеш ё аз ақиб бастаа шудаанд. Агар аз оқиб баста мешуд магар вай худро ба девор зада наметавонист? Чаро кормандони милиса, ки ҳамроҳи вай буданд як дасти худро дар занҷире ки ӯро мебурданд, набастааст? Маълум мешавад, ки дар инҷо ҳатман дар нисбати вай аз шиканҷаву зӯр кор гирифта шудааст».

Ахиран, сардори раёсати муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон Иззатулло Шарифов дар як суҳбати вижа бо хабарнигорон вуҷуди шиканҷаву зурӣ ва бадрафтории кормандони боздоштгоҳҳои мувақатиро, ки муттаалиқ ба вазорати адлия мебошанд, дар нисбати бозоштшудаҳо рад кард.

Зиндони нав - муносибати кӯҳна

Вай гуфт, ки намешавад кори ин исоҳаро сад сад дуруст, бидуни камбудӣ ҳисобид, вале тартибу низом ва назорати фаъолияти боздоштгоҳҳои тафтишотӣ контроли ахиран бинои боздоштгоҳҳои тафтишотӣ таъмир карда шуд ва дар баъзе вилоятҳо бинои боздоштгоҳҳои тафтишотӣ аз нав сохта шуд.

«Бале таи чанд соли ахир мо аввал дар Кулоб баъд дар Хоруғ сипас дар Хуҷанд боздоштгоҳҳои тафтишотӣ сохтем, биноҳои кӯҳнаро аз байн бардоштем. Мо бо додситонӣ, бо умури дохила бо кумитаи амният барои фош кардани ҷиноятҳо ҳамкорӣ мекунем».

Дар ҳамин ҳол, Додситони кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки алайҳи яке аз кормандони боздоштгоҳи тафтишотӣ Раҳмоналӣ Раҳмонов барои дар боздоштгоҳ мавриди латту кӯб қарор гиритани шаҳрванд Исмоил Бачаҷонов, ки ба марги ӯ анҷом меёбад, парванади ҷиноӣ боз карда шудааст. Шеваи ин ҳодиса тақрибан ба достони марги Сафаралӣ Сангов шабоҳат дорад.

Бузургмеҳри Равшан, вакили мудофеи корманди боздоштгоҳи тафтишотӣ Раҳмоналӣ Раҳмонов чунин нақл мекунад:

«Ман Раҳмоналӣ Раҳмоновро ҳимоят мекунам, дар ҳақиқат Раҳмонов мегӯяд, ки дар рӯзи навбатдории вай Бачаҷоновро қабул кардааст, вале аз паи кадом масъалае берун меравад. Вай мегӯяд, ки дигар аз ҳеҷ хабар надорад. Вале тавре, ки худи Раҳмонову дигар кормандонашон мегӯянд, як корманди дигари СИЗО, ки Юсуф ном доштааст, Бачаҷоновро задааст. Юсуф ӯро як ё дуто зада бошад ва ҳамин латту кӯби вай, ки боиси марги Бачаҷонов шудааст, Додситонии кулл айб эълон кардааст».

Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ додгоҳи Сафаралӣ Санговро назорат мекунанд.

Исмоил Бачаҷонов, маҳбуси яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон буд ва вақте, ки нисбати ҳукми худ норозигӣ мекунанд, Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми ӯро боз вазинтар намуда, ҷои иҷрои муҳалати ҷазоро дар яке аз маҳбасҳои низомаш сангинтар муайян мекунанд.

Вакили мудофеъ Бузургмеҳри Равшан: «Тақрибан дар охирҳои моҳи январ, Бачаҷоновро ба боздоштгоҳи тафтишотӣ меоранд ва ӯ нисбати беадолатиҳои марбут ба парвандааш ҳарфҳои пасту баланд мезананд, ки тоқати кормандони боздоштгоҳ танг мешавад ва онҳо хабар медиҳанд, ки ӯро бурдаанд. Баъди «бурдан» маълум мешавад, ки вай бемор шудаасту дар беморхона ҷон медиҳад, ҳоло ташхиси додгоҳӣ маълум кардааст, ки Бачаҷонов дар натиҷаи зарб хӯрдан дар сарашу дигар ноҳияи баданаш ҷароҳат бардоштааст, ки боиси марг шудааст».

Кормандони ин боздоштгоҳи тафтишотӣ то андозае лату кӯби боздоштшударо эътироф мекунанд, вале тавре ба назар мерасад, бо вуҷуди исрори наздикони Сангов, ки ҳодисаи зарбу шатми Сафаралиро бо чашмони худ дидаанд, кормандони умури дохилаи ноҳияи Сино аз рафтори худ сарпечӣ мекунанд ва сабаби дигарро пеш меоранд.

Ходимони шӯъбаи милисаи "Сино-1" талош доранд ин рӯйдодро «худкушӣ» арзёбӣ кунанд.

Ва бо ин гуфтанӣ ҳастанд, ки дар боздоштгоҳи мувақатӣ ва тафтишотӣ ҳеҷ нафарро мавриди бадрафторӣ ва шиканҷа қарор нахоҳад гирифт. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ дар рӯзҳои оғози ин парванда додситонии кул, барои одилона ва мунсифаона сурат гирифтани парвандаи мазкур мусоидт карда буд.

Абдуқодир Муҳаммадиев, муовинин авали Додситони кулли Тоҷикистон дар робита ба ин мегӯяд:

“Нисбат ба ҳодисаи марги Сафаралӣ Сангов, ки 5 сарти соли равон рух додааст аз ҷониби додситонии ноҳияи Сино парванда оғоз гардида ва мавриди тафтиш қарор дошт. Бо назардошти таъмини тафтиши пурраи холисонаи парвандаи ҷиноятӣ, тибқи дастури Додситони кул ҳанӯз ҳам парванда аз додситони ноҳияи Сино гирифта шуда, ба ихтиёри додситони шаҳри Душанбе супорида шуд. Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби додситони шаҳрӣ бо аломатҳои ҷиноятии баромадан аз ҳади ваколати хидматӣ ва хунукназарӣ ҷой дорад, мо ба ин назар ҳастем, ки ба ин ҳодиса баҳои холисона дода мешавад”.

Бо вуҷуди ин ки пас аз дахолати Додситонии кул бархӯрд ба ин ҳодиса ҷиддитар шуд ва ниҳоят парванда ба додгоҳ интиқол ёфт, вале масъалаи асосӣ яъне «Сангов худкӯшӣ» кардааст, на ин ки ӯро латту куб кардаанд, ҳамоно барҷой монд.

Билохира Сангов худкушӣ кард, ё кушта шуд?

Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи Сафаралӣ Сангов бо чунин ранг идома пайдо кардани баҳси додгоҳӣ норозӣ ҳаст. Вай мегуяд, борҳо ба додгоҳ шикоят навишта норозигии худро баён доштааст:

«Бале, чанд маротиба шикоят кардаам ва шоҳидони навро ҷалб намудам, ки фазои баҳси додгоҳ шаффофтар сурат бигирад».

Бино ба иттилои Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи Сафаралӣ Сангов аз ҷониби ҳамин созмон пешниҳод шудааст.

Кумисюни ҳуқуқи Созмони Миллалаи Мутаҳид низ намояндаи худро барои назорати ҷараёни ин баҳси додгоҳӣ таъин кардааст ва тақрибан дар ҳамаи мурофиаҳои додгоҳии марбут ба паврандаи марги Сангов дар Додгоҳи Сино ширкат мекунанд.

Вақте ки аз онҳо пурсон шудем, ки назарашон дар масъалаи ҷараёни додгоҳӣ чӣ мебошад, гуфтанд.ки танҳо пас аз эълони ҳукми додгоҳ метавонад изҳори назар кунанд.

Ҳуқуқшиносони тоҷик инро тасдиқ мекунанд, ки то замони таҳвили боздоштгоҳҳо ва ё маҳбасҳои тафтишотӣ ба вазорати адлия вуҷуди шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо зиёд ба назар мерасид. Ва ҳоло ин гуна бадрафториҳо камтар шудааст.

Ҳанӯз мақомоти ҳуқуқии Тоҷикистон омор доир ба теъдоди шикоёт оид ба шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳо, ки мунҷар ба марг шуда бошад, дар даст надоранд.

Дар Тоҷикистон аз ҷумла барои сӯистифода аз мансаб, фаро рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ, таҳдид, амдан ба додгоҳ кашидан омор вуҷуд дорад, аммо на омор доир ба истифодаи шиканҷа. Чаро?

Ҳуқуқшиноси тоҷик, Абдуқаюми Юсуфов бар ин назар аст, ки кормандони боздоштгоҳҳои мувақатӣ ҳамеша талош мекунанд, ки аслан масъалаи вуҷуди зӯру лату кӯб нисбати бозлоштшудаҳоро пинҳон доранд.

Сирри тафтишот пӯшида беҳтар?

Ва аз сӯи дигар, кормандони боздоштгоҳҳои тафтишотӣ ба хотири фош намудани ҷиноят аз ҳар усул кор мегиранд. Ва кор ба ҷои мерасад, ки барои тасдиқи гуноҳ аз латту куб истифода мешавад ва дар баъзе ҳолатҳо ба марг меанҷомад. Оқои Юсуфов:

«Вақту қувваи зиёде масраф мешавад, ки то як ҷиноят боз гардад. Ва тибқи як мероси баде, ки аз замони шуравӣ мондааст, ин нишондиҳандаи кори идораи умумри дохила ва ҳафзи ҳудқуқ мебошад. Агар ҷиноят кушода нагардад обурӯи ҳамин ниҳод мерезад. Аз ин рӯ, барои ин ки ҷиноят боз шавад на ин ки шиканҷаву зӯр истифода мешавад, фиребу найранг, таҳдид ва роҳҳои дигар ба кор бурда мешавад, ки ҷиноят фош карда шавад. Ва мо дар таҷрибаи худ ин амалҳоро зиёд дидаем. Барои ин ки ин сир фош нашавад, кормандони боздоштгоҳҳои мувақатӣ бо ҳар роҳе онро пинҳон медоранд».

Бино ба иттилои мақомоти додситонии Тоҷикистон аз соли 2000 -ум ба ин тараф дар Тоҷикистон беш аз 60 кормандони интизомиро барои фаро рафтан аз ҳадди ваколат ва сӯистифода аз мақом ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

Созмонҳои ғайридавлати масоли ҳуқуқ гузориш медиҳанд, ки шиканҷаро асосан маъмурони интизомӣ дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ба кор мебаранд. Онҳо афроди муттаҳамро латукӯб мекунанд, бо ашёи мухталиф ба ноҳияҳои гуногуни баданашон мезананд, нерӯи барқ мемонанд, ба хонаводаҳояшон таҳдид мекунанд.

Ба қавли созмонҳои байналимллаии масоили ҳуқуқ, ҳамчунин шиканҷа ва рафтори золимона дар вақти бозпурсии расмӣ ва билофосила баъди боздошт сурат мегирад, то муттаҳамон гуноҳро дар ғайби вакили дифоъ эътироф кунанд.

Сабаби ин ба гуфтаи ҳуқуқдонҳои тоҷик, номукамаллии қонунгузориҳои феълӣ аст, ки ҳифзи ҳуқуқи боздоштшударо тазмин намедиҳад ва дигар сабаб, он аст, ки боздоштшударо ҳамчун шахси беҳуқуқ мешиносанд ва ҳамчун шахси беҳуқуқ рафтор мекунанд, ки дар аксари ҳолат бо фарҷоми талх меанҷомад.

Сангов кӣ буд?

Сафаралӣ Сангов, сокини кӯчаи Ломоносви шаҳри Душанбе то рӯзи боздошт бо ҳамроҳии хонаводааш як зиндагии миёнаҳол доштааст.

Сарвиноз ҳамсари вай мегуяд, ки вай чандон ҷавони бомаълумот набуд аз ин рӯ дар ҳар куҷо дучори фиребу найранг мешуд.

Сафралӣ Сангов маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёни 59 пойтахт гиритааст,вале онро ба итмом нарасонида ва шаҳодатномаи мактаби миёнаро ҳам надоштааст. Ӯ зиндагиашро бо соҳибкорӣ ва фурӯшанадгӣ дар дӯконҳои пойтахт пеш мебурдааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳокимаи парвандаи куштори Сангов