Даъвати ёрмандӣ ба оилаи журналисти маҳбус

Маҳмадюсуф Исмоилов дар додгоҳ.

Ҳамкасбони азиз,

Ҳамаи Шумо аз қазияи ҷиноии Маҳмадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори нашрияи "Нури зиндагӣ" огоҳ ҳастед.

Мониторинги ҷаласаи судӣ бори дигар нишон дод, ки вайро барои мақолаҳояш таъқиб карда истодаанд. Мо барои ҳимояи ҳуқуқии М.Исмоилов тавонистем маблағи лозимаро пайдо намоем.

Вале дар ҷараёни ҷаласахои судӣ мутмаин гаштем, ки вазъи саломатӣ ва рӯҳии Маҳмадюсуф сахт коҳидааст. Вай маъюби дараҷаи 3 бинобар ҷарроҳиҳои зиёд мебошад. Вазъи молии оилааш низ вазнин аст. Амалан, оилаи рӯзноманигор бесаробон мондааст.

Мо аз ҳамаи Шумоён, ки дар инъикоси ин қазия ва ҷалб намудани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақдири Исмоилов миннатдор ҳастем.

Ҳамзамон як пешниҳод ба сарам омад: чӣ мешавад, ки ҳар яки мо аз кисаи худ мувофиқи тавон ва ихтиёран чанд сомонӣ ҷамъ оварему бетафовут набудани хешро ба усули озодии баён ва демократияи Точикистон дар мисоли тақдири Маҳмадюсуф нишон диҳем. Маблағи ғуншуда ба оилаи Исмоилов супурда хоҳад шуд.
Агар ин пешниҳод қобили қабул бошад, мо ҳамоҳангсозии ин кӯмакро ба ӯҳда мегирем.

Бо эҳтиром,
Нуриддин ҚАРШИБОЕВ,
Раиси Анҷумани миллии воситаҳои мустақили
Ахбори оми Тоҷикистолн (АМВАОМТ)
Ё НАНСМИТ

Озодӣ: Ҳамкорони Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ аз ин ташаббус пуштибонӣ мекунанд.