Ҷоми Каспий: 11-уми июн - Тоҷикистон - Испания

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий, ки аз 11-ум то 16-уми июн дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Ин мусобиқаи байнулмилалӣ бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор мешавад. Ба гурӯҳи “А” тимҳои мунтахаби наврасони Озарбойҷон, Туркия, Узбакистон ва Қирғизистон дохиланд.

Футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “В” 11-уми июн бо тими Испания, 12-уми июн бо мунтахаби Гурҷистон ва 14-уми июн бо дастаи Қазоқистон бозӣ хоҳанд кард.

Бар асоси низомномаи мусобиқа, ғолибони гурӯҳ ба финал мебароянд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дуввумро соҳиб мешаванд, барои ҷойи севум мубориза хоҳанд бурд.

Ба иттилои Нӯъмон Юсуфов, мураббии калони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, иштирок дар Ҷоми Каспий барои футболбозони ҷавони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2012 маҳсуб мешавад. Вай афзуд, мо аввалин бор бо тимҳои аврупоӣ бозӣ хоҳем кард ва ин ба мо имкон медиҳад, ки таҷоруби хуби байнулмилалӣ касб намоем.