Он сол зимистони Кобул ҷонсахт омад.Се ҳафта пас аз Ҳамал низ ҳавои сард ва боришоти паёпай шаҳрро тарк намекарданд.Дар он рӯзи боронӣ ман дар моркети Сафо мунтазири ҳамхидматҳо будам. Маъмулан, мо одамони Шӯравиро ба сайри озоди шаҳр иҷоза намедоданд. Ба дӯкони сабзаҷоттфурӯшӣ аз борон паноҳ бурдам.Зани ҷавони рус бо дӯкондор барои хариди мева баҳс мекарданд.
Дӯкондор бо забони шикастаи русӣ фаҳмонд,ки меваҷоти ӯ тару тоза хаст. Аммо русзанак бо алфози қабеҳ бо русӣ дӯкондорро сарзаниш мекард. Марди тахминан 50 -сола бо либоси миллии афғонӣ ба баҳс ҳамроҳ шуда гуфт:
-Ин хел сабзаҷотро дар Шӯравӣ пайдо намекунӣ!
Ман ба ҳайрат ба ў нигоҳ кардам.Зеро бо забони русӣ озод ҳарф задании марди афғон бароям мўҷиза буд
-Шумо аз Шӯравӣ,- пурсидам.
-Не ман тоҷики Афғонистон ҳастам.
-Дар Иттиҳоди Шуравӣ таҳсил кардаед?
-Не дар Шӯравӣ ҷанг кардам…
…Пас аз се рӯз бо ҳамроҳии тарҷимон-ҳамхидматам Амон Саидов ба суроғаи шиноси навамон Саидшо Саидпарпишоҳ рафтем. Амон бовар намекард, ки ў бо яона иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Афғонистон шинос мешавад. Саид Парпишоҳ моро дар хонаи аврупоии худ дар микрорайони нав пазироӣ кард…
… Соли 1895 ҳудуди Бадахшонро баъди Созишномаи Британия ва Русия ду тақсим карданд. Деҳоти Бадахшони соҳили муқобил ба ҳудуди Афғонистон дохил шуд. Соли 1937 марзи байни ду вилоят шадидан баста шуд.Садҳо оилаҳоро дарёи Панҷ ҷудо мекард. Ба амри тақдир соҳил дар сатҳи феодалӣ суқут карду ва соҳили дигар ба ҷомеаи коммунавӣ пеш мерафт. Ҷанги ҷаҳонӣ соли 1941 оғоз шуд.
Дар хушксолӣ ва гуруснагии соли 1943 аз деҳоти Бадахшони Шӯравӣ пинҳонӣ ба он тарафи соҳил гузашта меваҷоти хушк меоварданд. Аз он тараф марзшиканҳо аз Хоруғ, Поршинев сӯзишвории дизелӣ, гӯгирд, намак мебурданд. Саидпарпишоҳ ҳар ҳафта пинҳонӣ дарёро убур карда ба хонаи аммаш ба шаҳри Хоруғ меомад. Он субҳ ў пеш аз бозгашт ба Афғонистон ҳамроҳи амабачааш ба маркази шаҳр рафт. Дар ин ҷо ҷавононро ба ҷабҳаи ҷанг гусел мекарданд. Аммабачаашро ба мошин савор карданд. Саидпарпишоҳ мошинаро бори аввал медид. Булҳавасона ҳамроҳи амабачааш ба мошина савор шуд. Корвон аз рохи Сучон ба роҳ даромад.
Саидпарпишоҳ аз лаззати мошинсаворӣ дунёро фаромӯш кард. Ва дигар имкони аз мошин фуромадан пайдо нашуд…Ҳарчи бодо бод! Командир дар деҳаи Челондеҳ наваскаронро ҳисоб карда, хӯроки шом тақсим кард. Саидпарпиишоҳ низ дар қатори дигар наваскарон хӯрок хӯрд.
Дар шаҳри Уш фаҳмиданд, ки ҳуҷҷатхои Саидпарпишох умуман мавҷуд нестанд.
-Агар ҳозир ту гўӣ, ки хонаат дар Афғонистон ҳаст, туро бандӣ мекунанд. Беҳтараш гуй ки ту ҳуҷҷаҳоро гум кардӣ
Бо ҳамин Саидпарпишоҳ-шаҳрванди Афғонистон ба рӯйхатти сарбозони Артиши Сурх дохил шуд. Роҳи ҷангии Саидпарпишоҳ аз таълимгоҳи низомии шаҳри Оренбург шурӯъ шуд. Дар андак муддат Саидпарпишох -писари Саидмаҳкамшоҳи шикорчии номӣ чун сарбози пешсаф ном баровард. Махсусан дар тирпаронӣ ва чолокӣ ҳамаро ба ҳайрат гузошт.
Баъди анҷоми таълим ў ба полки тирандозии Брянск шомил шуд. Аввалин мукофот медоли «Барои ҷасорат»-ро дар Витебск гирифт. Баъдан барои шуҷоат қаҳрамонӣ медалҳои «Барои озодии Киев»,”Барои озодии Будапешт” ва соли 1944 барои қаҳрамонӣ бо ордени «Ситораи Сурх» қадр шуд. Ва баъдан боз боз ду орден гирифт.
Боре муовини қисми низомӣ ӯро ҷеғ зад гуфт:
-Сержант Саид Саидпарпишоҳ! Чаро ту дар ду сол ягон бор аз хонаат хат нагирифтӣ. Хешу таборатон зиндаанд?
-Ҳамааш зиндаву саломат, -рафиқ командир!
-Хат нагирифта бошӣ, аз куҷо медонӣ, ки зиндаву сиҳатанд?
-Ман модарамро ҳар рўз хоб мебинам, -рафиқ командир!
-Ин фикрат нодуруст! Сарбози Сурх хоб надораду фақат бояд душманро бинад!..
Баҳори соли 1946 Саидпарпишоҳ аз дивизияи Округи ҳарбии Киев ба рухсатӣ баромад. Аз роҳи Душанбе ба Хоруғ расид. Аммо аз хешовандони наздикаш касеро наёфт. 5 сенябри соли 1946 шабона Саидпарпишоҳ дарёро убур кард. Дар зодгоҳаш, деҳаи Баҳрпанҷа низ мусибатро дид. Падару модараш се сол пеш вафот карданд. Деҳа барои зинда будани Саидпарпишоҳ оши худоӣ дод.Чанд сол пеш ўро бо гумони ин ки «ба дарё ғарқ» шудааст, ҷаноза карда, фотеҳаашро хонда буданд...
Ў кулбаи падарииро таъмир карда, ба деҳқонӣ даст зад. Аммо баъд аз се моҳ шабона мосалҳо (Полиси Афғонистони подшоҳӣ) ўро дасту по баста бо ордену медолҳо ба Файзобод бурданд. Баъдан бе ҳукми суд чун ҷосуси Иттиҳоди Шӯравӣ ба муддати 30 сол зиндонӣ шуд. Аввал дар зиндони Пули Чархӣ ва 8 сол, сипас дар зиндони Пули Хумрӣ бо шиканҷа ба сар мебурд. Соли 1961 бандиҳои нисбатан солимро ба кори вазнин нақбкании ағбаи Соланг бурданд. Рӯзе Саидпарпишоҳ дар назди нақб аз кампи берзентии сардори сохтмон сўҳбати русиро шунид. Ў ихтиёр аз даст дода, ба камп зада даромад. Сарбозон ба сараш давида ўро ба замин ғалтонданд. Аз камп муҳандиси сохтмон Юрию Куличев баромада пурсид:
-Худаш чӣ гап?
-Ин бандӣ мехост ба шумо ҳуҷум кунад, -фаҳсмонд сарбози афғон
-Нет, я этого не хотел. Я очен скучаю по Советскому Союзу…
Муҳандис ботааҷуб пурсид:
-Худтон кӣ ҳастед?
-Собиқ сержанти гвардияи двизияи қӯшунҳои хушкигарди Ҷабҳаи якуми Украина, соҳиби се орден, Саид Саидпарпишоҳ! Алҳол ман бандӣ ҳастам. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ! Маро душман -- ҷосуси Шӯравӣ гуфта, соли 1946 ҳабс карданд…
Юрий Михайлович зуд бо сардори колонна тамос гирифта бандӣ Саидрпапишоҳро барои сўҳбат наздаш хонд. Саидпарпишоҳ асли воқеиятро нақл кард. Юрий Михайлович тавассути Сафорати Шӯравӣ дар шаҳри Кобул аниқ карда, ки дар ҳақиқат сержанти калони гвардия- Саидпарпишоҳ соли 1946 аз хидмати ҳарбӣ ҷавоб шуда, дар қайди ягон комиссариати ҳарбӣ нест. Бо ду ордени «Ситораи Сурх” ва 5 медали ҷангӣ мукофотонида шудаст.
Бо мактуби расмии муовини Вазири мудофиаи СССР Грачёв Луи Царанволии Афғонистон ўро соли 1962 афв намуд. Саидпарпишоҳ дар сохтмони туннели Соланг ба ҳайси тарҷумон ба кор сар кард…
Баъди пирӯзии Инқилобит Савр ба ў расман рутбаи иштирокчии чанги дуюми ҷаҳонӣ аз Афғонистон дода шуд. Ордену медолҳои ў аз нав барқарор шуданд…
Бо кўшиши корманди Сафорати Шӯравӣ дар Кобул- олими маъруф Савлатшоҳ Мерганов тамоми имтиёзҳои ў барқарор шуданд. Ва соли 1987 Савлатшоҳ Мерганов бо номи «Саид Парпишоҳ- сарбохи Сурх» дар маҷалаи «Красная звезда» очерк чоп кард...
То синни 87-солагӣ Саидпарпишоҳ доимо мегуфт «Ман фахр мекунам, ки дар СССР зистам ва ин кишвари бечорагонро дифоъ кардам…»
Соли 1987 бо иқдоми зиёиёни Тоҷикистон –тарҷимонхои Шуравӣ дар Қасри фарҳанги Шӯравӣ шаби назми тоҷику афғон доир шуд. Адибон -тарҷумонҳо Салими Аюбзод, Искандари Хатлонӣ, Амонбек Шоҳзода ва банда сафоратро мутмаин сохтанд, ки барои барномаҳои фароғатӣ шарт нест, ки ҳунармандори русро биёранд. Баъди як моҳ бо иштироки ҳунарманди Тоҷикистон Сурайё Қосимова шаби вохӯрии Саидрапишоҳ доир шуд. Ў барои хондани суруди «Шомгоҳҳои назди Маскав» бо мукофоти сафири Иттиҳоди Шӯравӣ тақдир шуд…
Наҷмидини Шоҳинбод