Муҷозоти ду зан ба иттиҳоми тадриси динӣ ба наврасон

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ду зани ҷавони мударрисро барои таълимоти ғайриқонунии динӣ ба ҷазои маъмурӣ кашид.
Ин барои нахустин бор дар вилояти Хатлон аст, ки занон ҳам бо иттиҳоми таълими ғайрирасмии духтарони наврас муҷозот мешаванд.

ТАЪЛИМ БИДУНИ ИҶОЗАТ ҶАЗО ДАР ПАЙ ДОРАД

Ҳасан Мӯъминов, додраси парвандаи Зӯҳро Муҳаммадҷонова ва Мавлуда Мавлонова, гуфт, ин занони мударрис иҷозатномаи вижа барои таълими динии кӯдаконро дар даст надоштаанд. Бинобар ин, бар асоси банди 474-уми кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, ҳар яке ба пардохти ҳатмии 350 сомонӣ ҷарима маҳкум шудаанд.

Ҷаноби Мӯъминов ҳамчунин гуфт: «Ин занҳо аз ягон
Ҳасан Мӯъминов

ниҳоди марбут ба Кумитаи дини назди Ҳукумати Тоҷикистон иҷозатнома барои фаъолияти мударрисӣ нагирифта, барои аз 7 то 15-нафарӣ духтарони хурдсолу наврас таълими динӣ медодаанд. Мӯҳтавои дарсҳояшон рӯшан нест, барномаи таълимиашон ҳам. Инҳо сарфи назар аз ин, ки мувофиқи қонун таълимоти динӣ дар манзилҳои шахсӣ манъ мебошад, ба фарзандони одамон дар хонаашон дарс медодаанд…»

ҲУШДОР БА МУДАРРИСАҲО

Додрас Мӯъминов афзуд, занони мударрис ҳушдор дода шудаанд, ки дар оянда бояд аз идомаи таълимоти динии ҷавондухтарон даст бикашанд, вагарна дубора муҷозот хоҳанд шуд. Ҳоло дар додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамчунин парвандаи маъмурии як зани дигар, ки низ ба иддаои мақомот ба таълимоти динии ҷавондухтарон машғул будааст, мавриди баррасӣ қарор доштааст.

Дар ҳоле, ки хонумони мударрис аз иртибот бо расонаҳои хабарӣ куллан канорагирӣ мекунанд, масъулони созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯянд, аз мақомоти болоии ҳизб дастур гирифтаанд, ки аз сӯҳбат дар мавзӯъҳои вобаста ба таълимоти ғайрирасмии динӣ даст бикашанд. Аммо шарҳ дода нашуд, ки ин тасмим ба чӣ сабаб гирифта шудааст.

"РОҲИ ДУРУСТ ВА МУАССИР НЕСТ."

Вале таҳлилгари маҳаллӣ Наргис Муродалиева, ки дар гузашта раёсати созмони минтақавии ҳизби ҳокими халқии демократиро ба дӯш дошт, мегӯяд, ба додгоҳ кашидани мударрисон бо ҳадафи тарс додан ё контроли фаъолияти онҳо роҳи дурусту муассир нест.

Ба иддаои хонум Муродалиева, Кумитаи умури динро мебояд дониши чунин мударрисонро санҷиш кунад ва бидуни эҷоди мушкил ба онҳо иҷозаи расмии таълими диниро бидиҳад: «Вай занҳои ҷавон донишу маърифат ва малакаи хуби
Наргис Муродалиева

дарсдиҳӣ дошта бошанд, ба ҷойи он, ки тартибу низом, ҳамкорӣ ва бақайдгирии кори онҳоро дуруст кунем, ин гуна одамони донишмандро ҷалб кунем ба кор дар мадрасаҳои расмӣ, дар донишкадаи исломии кишвар ё додани иҷозатномаи расмӣ, мо инҳоро ба дараҷаҳое расонем, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Магар мо метавонем яку якбора одамро ба он муттаҳам кунем, ки ту мақсади ғаразнок дорӣ?! Аз як нигоҳ, ин хел баҳо додан хеле хатокорӣ ва нодуруст аст. Хоҳишманди он ҳастам, ки пеш аз ҳама масъулони Кумитаи дин боз ҳам эътибору диққат бидиҳанд, ҳифзу ҳимоя кунанд мардуми донишмандро, то корашон ба судҳо нарасад. Онҳоро ҷалб кунанд ба ҳамкорӣ, то ин ки онҳо маҷбур ба пинҳонкорӣ нашаванд…»

ТАЪЛИМ БОЯД ТАНҲО ДАР МАДРАСА БОШАД?

Шӯрои уламои вилояти Хатлон ҳам борҳо эълом кардааст, ки аз таълимоти ғайрирасмии динӣ, ки аз ҷониби мударрисони алоҳида дар хонаҳояшон сурат мегирад, пуштибонӣ намекунад. Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, раиси шӯрои уламои вилояти Хатлон, мегӯяд, ки толибони илми динӣ бояд барои таҳсил ба мадрасаи мутавасситаи расман сабтиномшуда дар Қӯрғонтеппа бираванд.

Вале хонум Оиша, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки духтараш дар назди бибиотуне таълими ислом мегирад, мегӯяд,
Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа,раиси шӯрои уламои вилояти Хатлон

мадрасаи расмӣ кӯдаконро танҳо пас аз хатми синфи 9-уми мактаби миёна мепазирад, ки қобили қабул нест: «Охир дар мадрасаи духтарона баъди 16-солагӣ талаба қабул мекунанд, ки дер мешавад. Ба фикрам, бад нест, ки кӯдакони мо донишҳои динӣ дошта бошанд, худошинос бошанд, алифбои ниёгонро аз худ кунанд.»

Ба иддаои хонум Оиша, ҳадафи мақомот аз муҷозоти мударрисон, тарс додани онҳо ва мардум аст, то аз таълими динии фарзандон даст бикашанд.

Муҷозоти ду зани мударрис дар Қӯрғонтеппа дар ҳолест, ки ба иттилои Кумитаи умури дини вилояти Хатлон, дар соли ҷорӣ дар минтақа 39 мавриди таълимоти ғайриқонунии динии наврасон дар манзилҳои шахсӣ ошкор гардидааст. Аксари мударрисон ба пардохти ҷаримаҳои гуногунҳаҷм маҳкум шудаанд.