Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Ойниҳол Бобоназарова -раиси созмони иҷтимоии «Перспектива+»
Озодӣ: Чӣ сабаб шуд, ки мақомот барои боздид аз маҳбасҳо имконият ва шароит доданд. Дар ҳоле, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз баста ва дастнорас будани маҳбасҳо дар Тоҷикистон интиқод мекарданд.
"ВАЗЪИ МАҲБАСҲО БЕҲТАР ШУДААСТ"
Бобоназарова: Дар ҳақиқат кушода шудани дари маҳбасҳо ба рӯи журналистҳо як ҳодисаи муҳим аст, ки бароятон табрик мегӯям. Шахсан худи ман аз соли 2005 дигар ба ин маҳбасҳо дохил нашудаам. На танҳо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи дохилӣ, балки байналмилалӣ ҳам аз пеш омадани чунин муносибат нороҳат шуданд. Ҳар вақт сару садо баланд мекардем:-дар ҳар суханронӣ, маҳфил, мизи гирд, вохӯриҳову нишасту
ҷаласаҳо ва дар ҳар як мақолаи худ махсус таъкид мекардам, ки агар Тоҷикистон давлати демократӣ аст, ҳатман иҷозат бидиҳад, ки мардум, яъне ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз ҷумла журналистҳо аз маҳбасҳо дидан кунанд ва аз аҳволи маҳбусҳо мо бояд хабар бигирем. Ҳатто ман як мақола навишта будам, ки маҳбас барои маҳбус пӯшида аммо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд боз бошад. Аммо аз тарафи роҳбарияти маҳбасҳо ба назар гирифта намешуд. Ва дар охирин яке аз сӯҳбатҳо дар матбуот боз ҳам аз мавридҳои фаровони шиканҷа гуфтам ва гуфтам, ки шиканҷа дар маҳбасҳо хеле зиёд аст ва ман ҳуқуқ ҳам дорам бигӯям, ки хеле зиёд аст, чун шумо намегузоре, ки ворид шавем. Ва агар ман онҷо дароям ҳуқуқ надорам аз будаш зиёд гӯям. Он чизеро, ки ҳаст ҳамонро хоҳам гуфт. Сипас дар як мизи гирде дар робита ба масъалаи ҳукми қатл ин мавзӯъро бо муовини раиси умури зиндонҳо дар миён гузоштам. Чанде баъд он кас занг зад ва хабар дод, ки раис шуморо ҳамроҳ бо як хабарнигор интизор аст. Ҳамин тавр мо рафтем. Раиси идораи зиндонҳо гуфт, ки хеле аз корҳои хуб дар инҷо сурат гирифт аммо шумо онҳоро намебинед ва намегӯед. Мо гуфтем, намебинем чун дар берунем, намедонем, ки дар дохил чӣ мегузарад. Пас аз он гуфт, ки мехоҳед Шуморо ба он ҷо бубарам. Мо, ростӣ аз ин хушҳол шудем. Мо ба ду муассисаи ислоҳӣ рафтем. Ман ба вазъи соли 2005 муқоиса кардам, дар ҳақиқат хеле тафовут дорад. Ман чиро дар назар дорам? Он ҷо биноҳо тоза шудаанд. Ҷойи хоби маҳбусон хубу тоза аст. Ошхона, ҷои дидорбинӣ. Ҳатто хонае барои намоз хондан дошт. Рости гап, як чизи аҷиб буд. Бо шахсиятҳои маъруф дар зиндон, аз ҷумла Муҳаммадрӯзӣ Искандаров вохӯрдем. Ман ба ин фикр будам, ки онҳо шояд дар бораи нақзи ҳуқуқи худ чизе намегӯянд, чун ҳангоми сӯҳбат кормандони масъули зиндон дар назди мо буданд. Аммо вақте бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров сӯҳбат кардам, аз ӯ пурсидам, ки Искандаров оё дар зиндон ҳуқуқи шумо нақз мешавад? Ягон проблемма дорӣ? Гуфт, ман аз ягон кас наметарсам ва ҳуқуқи ман дар ин ҷо поймол намешавад. Вай гуфт, ки фақат бо додгоҳ ва мақомот гила дорад. Вақте бо ӯ сӯҳбат кардам, ба ин натиҷа расидам, ки шиканҷа дар он ҷо кам аст.
ОЁ ЁҚУБ ВА МУҲАММАДРӮЗИ АФВ МЕШАВАНД?
Озодӣ: Фикр мекунед агар ин навбат афв эълон шавад афроде мисли Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ёқуб Салимов шомили он хоҳанд шуд?
Бобоназарова: На. Шояд мӯҳлати адои ҷазояшон камтар
шавад. Аммо фикр мекунам, ки ҳукумат ҳоло ба ин кор омода нест. Вале агар ба таърих муроҷиат шавад мебинем, ки шоҳон «душманон»-и худ онҳое, ки бар муқобилашон будаанд, онҳоро афв мекунанд. Фикр мекунам, вақташ меояду ин кор ҳам мешавад. Аммо ҳоло ман мутмаин нестам, ки ин афв ба онҳо низ татбиқ бишавад. Вале худо кунад ва ман хурсанд мешавам, ки хато карда бошам.
ТОҶИКЕ ДАР РАЪСИ ЯК СОЗМОНИ ХОРИҶӢ
Озодӣ: Шумо яке аз аввалин тоҷиконе будед, ки масъулияти роҳбарии як намояндагии созмони хориҷиеро дар Тоҷикистон бар ӯҳда доштед. Манзурам Бунёди Сорос ва Ҷомеаи бози ӯро, ки бархе аз роҳбарони кишварҳои шӯравии пешин аз ӯ ҳарос доранд. Масалан мегӯянд, ки сармоягузорӣ инқилобҳо ва таҳаввулотҳои сиёсист. То чӣ ҳад ин ҳаросҳо ҷон доранд?
Бобоназарова: Даврае, ки Сорос намояндагии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард, давраи хеле мушкил буд. Дар оғоз давраи ҷанг буд, ки мо мушкилӣ доштем ва баъзан «боевикҳо» меомаданд, пул талаб мекарданд. Хуб, баъдан ором шуд. Вале боз давраи инқилобҳо сар шуд:-дар Гурҷистон,Украина ва Қирғизистон. Бояд бигӯям тӯли даҳ соле, ки роҳбари намояндагии ин созмон будам (аз соли 1997то соли 2006 тақрибан даҳ сол) нобоварӣ аз намояндагони баъзе аз мақомоти давлатиро гоҳо ҳис мекардам ва гоҳо ҳам аз баъзе шахсиятҳое, ки худро интеллигент ё зиёӣ меҳисобанд. Барои мисл агар ягон проект- барнома пешниҳод мекарданду он намегузашт, фардо як мақола чоп мекарданд, ки он ташкилоти ҷосусӣ аст. Аммо аз тарафи ҳукумати боло, масалан аз тарафи президенти ҷумҳурӣ, аз тарафи роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, ман ягон
хел фишорро ҳис накардам. Дар ёдам ҳаст дар як вохӯрӣ бо президент дар вазорати адлия ҳамин хел савол доданд, ки шумо ҳам инқилоб тайёр мекардед? Ман гуфтам, ки инқилобро аз берун тайёр кардан бисёр мушкил аст ва агар ҳукумат бо мардумаш хуб бошад, ягон инқилоб намешавад. Ва дар давоми ин даҳ соле, ки роҳбари ин муассиса будам, ягон маротиба ҷаноби Сорос оиди он, ки инқилоб бояд шавад, чизе нагуфтааст. Аслан ӯ ба фаъолияти намояндагиҳои худ дар манотиқи дунё коре надорад. Вай мегуфт, ки инак маблағ масалан 2,3,4,5 миллион доллар, шумо худ медонед, ки чӣ мушкиливу масъала аст, худ муайян кунед, ки барои чӣ масраф мекунед. Ӯ мегуфт дар ҷое, ки мардум бисёр босавод аст, дар онҷо инқилоб намешавад. Инҷо ман ба шумо як махсусияти кори бунёди Соросро бигӯям, ки қарори раёсати намояндагиҳои маҳаллиро маркази бунёд ҳаққи радд кардан надорад. Масалан ҷаноби Сорос ҳуқуқ надошт, ки қарори моро бекор кунад. Вақте қарор қабул шуд, онро аз марказ ҳақ надоранд бекор кунанд.Дар инҷо дар Тоҷикистон ҳама аъзои раёсати намояндагии ин бунёд тоҷикон буданд. Ва вақте, ки ҷаноби Раҳмон дар Амрико бо ҷаноби Сорос мулоқот дошт, ин масъала, масъалаи инқилобҳо бардошта шуд. Дар онҷо ҷаноби президент ташаккур ҳам карданд ба Сорос, ки хеле дар арсаи маорифу тиб ва низ дар маҳалҳо маблағҳо ихтисос медиҳад.Аммо ба ҳар ҳол ҳисси нобоварӣ дар байни ҷомеа ва баъзе аз чиновникҳо буд ва ҳоло ҳам вуҷуд дорад.
"ҶАНОБИ СОРОС АЗ ФАЪОЛИЯТИ МАН РОЗӢ БУД"
Озодӣ: Сӯҳбати президент бо Сорос баъди ҳодисаҳо дар Гурҷистону Украина сурат гирифта буд ва аз ин рӯ масъалаи инқилобҳо низ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст.
Бобоназарова: Бале, бале.
Озодӣ: Ба ҳар сурат худи ҷаноби Сорос аз фаъолияти шумо ба унвони роҳбари намояндагиаш дар Тоҷикистон қонеъ буд?
Бобоназарова: Ман мӯҳлати зиёд дар ин вазифа кор кардам, зеро он вақт шароит нохуб буд ва гуфтанд, ки ҳоло нафари дигареро наметавонад интихоб кунад. Дар Ассамблеяи генералӣ, ки бунёди Сорос ҳар сари чанд вақт бо иштироки намояндагонаш аз тамоми ҷаҳон баргузор мекунад мегӯяд,
ки ду намояндагие ҳаст, ки бисёр дӯст медорад:- Бунёди Будапешт ва Бунёди Тоҷикистон аст. Дар номае ҳам ба унвони ман ин ҳарфҳои самимиро зикр кардааст. Гуфтааст, ки мо натавонистем ба ин ду намояндагии худ ба қадри кофӣ дар як чунин давраи мушкил кӯмак кунем, аммо онҳо худро сохтанд, худро ҳифз карданд ва муваффақ шуданд, ки дар ҷомеа ва дар назди ҳукуматҳо мавқеъ пайдо кунанд. Ҷаноби Сорос барои як маротиба Тоҷикистон омада бо афроди гуногун мулоқот дошт ва дар бораи Тоҷикистон маълумоту тасаввурот ва таассуроти ҷолиб пайдо кард. Хеле қонеъ ва хурсанд буд, ки бо як миқдори маблағи кам тавонистем, ки ба созмонҳои иҷтимоӣ ва донишмандон кӯмак расонем. Ҳатто бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ низ вохӯрд. Таҳти таъсири ҳамин гуна сӯҳбат ва мулоқотҳо мегуфт, ки бовар дорад бо чунин афроди мутахассису донишманд Тоҷикистон дар оянда як кишвари тараққикарда мешавад. Ба ҳар сурат аз фаъолияти ман розӣ буд ва ин ризоиятро дар як номае ҳам навишта бароям фиристод. Инҷо мехоҳам як чизро бигӯям, ки чун ман узви ҲД, балки аз ташкилкунандаҳои он будам, гоҳо шояд ҳукуматдорон меҳаросиданд ва гумон мекарданд, ки чун ман дар ҳаёти сиёсӣ ҳузур доштам ва ҳоло, ки пули Соросро дар даст дорам, ҳизб ҳам, ки ҳаст, мумкин ягон инқилоб ҳам мешавад. Аммо мо бо кори худ, бо рафтори худ исбот кардем, ки мақсади табаддулотро надорем. Ва ҳис карданд, ки мо чунин мақсадҳо надорем. Ва агар мо дар бораи интихобот ҳам кадом тарҳеро ба иҷро гузорем танҳо маърифати ҳуқуқӣ дар ин соҳаро омӯзиш хоҳем дод. Азбаски чунин сӯҳбатҳо зиёд шуданд, маҷбур шудам узвияти худ дар ин ҳизбро боздорам.
"МАҲДУДИЯТҲО ВУҶУД ДОРАД"
Озодӣ: Бештари созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ ва пажӯҳишгари хориҷӣ аз ҷумла Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ, Кохи Озодӣ, Афви байналмилал аз Тоҷикистон ба унвони як кишвари ғайриозод ва аз раиси ҷумҳури он ба унвони диктатор-ҳокими худкома ва саркӯбгар интиқод мекунад. Шумо ба унвони як фаъоли ҳуқуқи башар дар ин бора чӣ назар доред.
Бобоназарова: Он фактҳое, ки онҳо мегӯянд, ҷой доранд. Барои мисол, ҳамин мавзӯе, ки дар аввали сӯҳбат доштем, баста будани дари зиндонҳои Тоҷикистон. Инак онҷоро боз карданд. Агар дигар мушкилиҳое, ки ҷо доранд, масалан дар милиса, дар дигар ниҳодҳо масалан фасод, гуфта шаванд,
пинҳон карда нашаванд, роҳи ҳалли онҳоро биёбанд ин ҳама айбдоркуниҳо аз байн меравад. Як роҳи дигар ҳаст, ки Тоҷикистон бо истифода аз он аз дигар кишварҳо фарқ дошта бошад. Агар омбудсмен- ҷаноби Зариф Ализода ба масоил расидагӣ сареътар кунад ҳамин гуна иттиҳомот, ҷамъияти тоталитарӣ, ҷамъияти ноозод, президенти худкома аз байн меравад. Бубинед, вақте ҳамин масъалаи дохилии оилаи Рақибов то ба сатҳи байналмилаӣ кашонида шуд, пас чӣ метавон интизор дошт. Дар ҳоле, ки омбудсмен метавонад бештари ин масоилро ҳал карда ва барои ҳифзи обрӯи Тоҷикистон саҳм бигузорад. Ва ё ҳамин иддаоҳои бархе аз додрасҳо алайҳи нашрияҳо, ки ба маблағи миллион зарари маънавӣ талаб карданд. Оё зарурият буд, дар ҳоле ки маълум аст, он газета бо як роҳҳое аз чоп мебарояду ба дасти хонанда мерасад? Яъне ҳамин чизҳо ҳастанд, ки дар маҷмӯъ баҳо дода мешаванд.
ТАРС...?
Озодӣ: Бархе аз раисони ҷамоҳири Осиёи Миёна бо ҳар роҳу васила мӯҳлати раисии худро тамдид карданд. Фикр мекунед ин ба хотири чӣ аст? Хидмат ба мардум ва ё ҷамъоварии сарвату ҳифзи қудрат?
Бобоназарова: Ман фикр мекунам, ки аз тарс аст. Дар кишваҳои аврупоӣ масалан вақте роҳбар аз вазифа рафт, барои ӯ як маоши муносиб ва низ то ҳадде имтиёзҳо дода мешавад ва ӯ чизеро гум намекунад. Яъне тарс вуҷуд надорад, ки ба ҳабс гирифта мешавад, моликияташро аз даст медиҳад. Чунки моликияти онҳо дар зери назорат аст ва онҳо наметавонанд чизҳои зиёдро бигиранд, ки баъдан он ҳама боиси ҷинояткор донистани ӯ бишавад. Дар мо ҳанӯз низоми ивазшавии ҳокимият ба вуҷуд наомадааст. Ман гумон мекардам, ки Қазоқистон ба ин роҳ биравад, чун роҳбарии САҲА-ро бар ӯҳда дошт, дигарҳо аз вай пайравӣ хоҳанд кард, аммо ин тавр нашуд. Дар ҳоле, ки дар онҷо аҳзоби нерӯманд, созмонҳои ғайридавлатии фаъол амал мекарданд ва маоши мардум ҳам бад набуд, яъне ҷое барои тарс ва ҳарс
надошт. Лекин баракс шуд. Ҳоло ман мантиқи чунин ҳукуматро намефаҳмам. Ҳол онки ӯ метавонист бо сари баланд биравад. Бинед Елсин чи гуна ҷолиб рафт. Агар Назарбоев мерафт як таҷрибаи хубе ҳам мешуд.
СИЁСАТҲОЕ, КИ БОЯД АНҶОМ ДОДА НАШАВАНД
Озодӣ: Фикр мекунед ҳукумат Тоҷикистон чӣ корҳоеро, ки то ҳоло анҷом медод бояд анҷом надиҳад.
Бобоназарова: Ман фикр мекунам, ки ҳаракат кунад интихоботҳо шаффоф баргузор шаванд. Зеро барои оромии Тоҷикистон хеле хуб хоҳад шуд. Дигар ҳамон қарзҳое, ки аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо фоизҳои зиёд мегиранд, маро ба ташвиш овардааст. Чунки хеле зиёд шуда истодааст. Сеюм телевизион ва радиои Тоҷикистон бояд комилан сиёсати худро иваз кунад. Барои мисол масъалаи Роғунро ин расонаҳо тавре инъикос, балки хизмати хирсона карда як масъалаи иқтисодиро ба сиёсӣ табдил доданд, ки ҳоло ин қадар мушкилиҳо пайдо шуда истодааст. Ҳукумати Тоҷикистон бояд бо ҳар роҳе, ки набошад бо ҳамсояҳояш муносибати худро дуруст кунад. Ин зарур аст. Сипас дар масъалаи дин. Ман фикр мекунам, ки давлат динро барои тарбияти мардум истифода барад. Бубинед дар Русия вақте президент ба ягон ҷо сафар мекунад намояндаи динро бо худ мебарад ва ин амр дар раванди тарбияти аҳолӣ дар оянда таъсири муфид дорад. Мо мушоҳида карда истодаем, ки рӯз то рӯз таваҷҷӯҳи мардум ба дин афзоиш меёбад ва бо қонунҳо ва манъ карданҳо пеши ин корро гирифтан намешавад. Масалан ҳамин қонуни масъулияти волидон дар тарбияти фарзандро бигирем, ман ҳам фикр мекунам, ки вақте як миллион мард дар берун аст ва модар рӯзи дароз дар берун нишинад, иҷроиши ин қонун амри маҳол аст. Ман фикр мекунам, ки давлат ба васоити ахбори умум бояд аҳамияти махсус бидиҳад ва нашрияҳои ғайриҳукуматиро ҳимоя кунад, тавонад маблағ барои онҳо ҷудо кунад.
"АЗ "ҶОЙГОҲИ ЗАН ДАР ИСЛОМ" МУТААССИР ШУДАМ"
Озодӣ: Охирин китобе, ки шумо мутолиа кардед ва шуморо таҳти таъсир гузошт кадом аст.
Бобоназарова: Ин китоби “Сакарот”-и Гулрухсор аст. Аммо вақте дар Шӯрои ҷамъиятӣ ҷаноби Аскаралӣ Раҷабов хеста гуфт, ки ин гуна китобҳо навишта нашавад, ки рости гап чунин мавзеъгирӣ тамоман нодуруст аст. Вақте даҳони шоиру нависандаро мебандед ин кори хубе нест. Ман фикр намекунам, ки он барои Тоҷикистон хатар дошта бошад, баракс хеле чизҳои аҷоибро аз он пайдо карда хонда ва хулоса баровардан мумкин аст. Ман бисёр китоб мехонам. Хусусан китобҳое, ки дар бораи ҳуқуқи инсон чоп мешаванд ҳатман мехонам.Аз тариқи интернет меёбам. Китоби Фарзона “Гули мино”-ро хондам. Қариб ҳаррӯз мехонам. Афсӯс
газетаҳо ҳаррӯза нестанд. Рӯзе ки як чиз нахонам худро бад ҳис мекунам. Ҳамчунин китоберо, ки хеле маро таҳти таъсир гузошт китоби “Ҷойгоҳи зан дар ислом” аст. Гап дар инҷост, ки ба фикри ман онро ҷаноби Тӯраҷонзода даҳ сол дер навишт. Ва агар ман намедонистам, ки ин китобро Тӯраҷонзода навиштааст, агар номаш дар муқова сабт намебуд, ман мегуфтам, ки демократи рақами якуми ҷаҳонӣ навиштааст ин китобро. Демократ навиштааст ин китобро. Масалан бисёри вақт мегӯянд, ки ислом иҷоза додааст, ки мард метавонад занро бизанад. Аммо Тӯраҷонзода дар ин китоб мисолҳо меоварад, ки ин на ба он маъност, ки мард занро лату кӯб кунад, ин ба он маъност, ки «задан»-и зан яъне бо пораи латта ва бо рӯмолча, ки дард набинад. Яъне як навъ танбеҳи маҷозиву рамзӣ. Ё ки дар масъалаи дузанӣ ва талоқ. Бовар мекунед, ки ин қадар дар ин китоб Тӯраҷонзода занро муҳофизат мекунад, аз донишаш истифода бурда ҳамон гуманизми исломиро хушрӯ нишон додааст. Ман фикр мекунам, ки Кумитаи оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ин китобро як презентасия(муаррифӣ) мекард, хуб мешуд. Ман фикр мекунам ин китобро ҳамаи он идораҳои ҳукуматие, ки оиди зан кор мекунанд бояд бигиранд ва дошта бошанд. Ман аз он хеле чизҳои нав ёд гирифтам. Минбаъд дар семинарҳое, ки баргузор мекунам аз он истифода мебарам, ки дар ҳақиқат ҷойгоҳи зан дар ислом хеле баланд аст.
МАН АЗ ДЕКАНӢ НАРАФТАМ, МАРО ПЕШ КАРДАНД
Озодӣ: Шумо чанд сол декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ будед, аммо чаро аз вазифаи деканӣ рафтед.
Бобоназарова: Ман аз деканӣ нарафтам. Маро аз деканӣ пеш карданд. Ҳабс карданд.
Озодӣ: Кай буд?
Бобоназарова: Дар соли 1993. Як моҳу 15 рӯз дар ҳабс будам.
ТАБАДДУЛОТИ ДАВЛАТӢ ВА ХИЁНАТ БА ВАТАН?
Озодӣ: Чӣ иттиҳом заданд?
Бобоназарова: Бо гуноҳи талоши табадуллоти давлатӣ ва хиёнат ба ватан. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо собит нашуданд.
Аксарияти онҳое, ки маро мепурсиданд шогирдонам буданд, хиҷолат мекашиданд. Ман хоҳиш кардам, ки ягонтои онҳо маро бозпурсӣ накунад, бегонаҳоро оранд. Онҳо вақте меомаданд сарҳояшон хам мешуд, ҳатто яке аз онҳо гирист. Албатта ман кадом гуноҳе надоштам. Магар ин, ки узви садорати ҲДТ будам ва чун дигарҳо ҳама рафта буданду ману марҳум Аслиддин Соҳибназаров монда будем, вале он шабу рӯз ӯ ҳам ба куҷое рафта буд, маро ҳабс карданд. Ростӣ маро шогирдонам ҳифз карданд. Чун дар он солҳо ҳар коре шуданаш мумкин буд.
Озодӣ: Баъди раҳоӣ талош накардед, ки ҷоятонро бигиред?
Бобоназарова: Ман аввалин декане будам, ки аз тариқи интихобот вазифа гирифта будам. Аз байни як академик ва як доктори илм. Гап дар сари он аст, ки он вақт зинда мондан ҳам як давлат буд. Баъд САҲА маро ба ҳайси мушовири раҳбари намояндагиаш ба кор қабул кард, ки фикр мекунам он як навъ дастгирии ман буд.
Дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил ва онро бо дипломи аъло ба поён мебарад. Сипас рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад. Чандин сол ба ҳайси устоди ин факулта хидмат карда ва дар соли 1989 то соли 1993 дар ин факулта дар вазифаи деканӣ фаъолият мекунад.
Яке аз муассисони Ҳизби демократи Тоҷикистон аст. Соли 1993 бо иттиҳоми талош ба табаддулот давлатӣ боздошт ва беш аз як моҳ дар ҳабс ба сар мебарад. Баъди раҳоӣ то соли 1997 ба ҳайси мушовири раҳбари намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор карда ва аз соли 1997 то соли 2006 роҳбарии намояндагии Институти Ҷомеаи бози Бунёди Соросро бар ӯҳда доштааст. Оиладор. Соҳиби ду фарзанд.
"ВАЗЪИ МАҲБАСҲО БЕҲТАР ШУДААСТ"
Бобоназарова: Дар ҳақиқат кушода шудани дари маҳбасҳо ба рӯи журналистҳо як ҳодисаи муҳим аст, ки бароятон табрик мегӯям. Шахсан худи ман аз соли 2005 дигар ба ин маҳбасҳо дохил нашудаам. На танҳо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи дохилӣ, балки байналмилалӣ ҳам аз пеш омадани чунин муносибат нороҳат шуданд. Ҳар вақт сару садо баланд мекардем:-дар ҳар суханронӣ, маҳфил, мизи гирд, вохӯриҳову нишасту
ҷаласаҳо ва дар ҳар як мақолаи худ махсус таъкид мекардам, ки агар Тоҷикистон давлати демократӣ аст, ҳатман иҷозат бидиҳад, ки мардум, яъне ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз ҷумла журналистҳо аз маҳбасҳо дидан кунанд ва аз аҳволи маҳбусҳо мо бояд хабар бигирем. Ҳатто ман як мақола навишта будам, ки маҳбас барои маҳбус пӯшида аммо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд боз бошад. Аммо аз тарафи роҳбарияти маҳбасҳо ба назар гирифта намешуд. Ва дар охирин яке аз сӯҳбатҳо дар матбуот боз ҳам аз мавридҳои фаровони шиканҷа гуфтам ва гуфтам, ки шиканҷа дар маҳбасҳо хеле зиёд аст ва ман ҳуқуқ ҳам дорам бигӯям, ки хеле зиёд аст, чун шумо намегузоре, ки ворид шавем. Ва агар ман онҷо дароям ҳуқуқ надорам аз будаш зиёд гӯям. Он чизеро, ки ҳаст ҳамонро хоҳам гуфт. Сипас дар як мизи гирде дар робита ба масъалаи ҳукми қатл ин мавзӯъро бо муовини раиси умури зиндонҳо дар миён гузоштам. Чанде баъд он кас занг зад ва хабар дод, ки раис шуморо ҳамроҳ бо як хабарнигор интизор аст. Ҳамин тавр мо рафтем. Раиси идораи зиндонҳо гуфт, ки хеле аз корҳои хуб дар инҷо сурат гирифт аммо шумо онҳоро намебинед ва намегӯед. Мо гуфтем, намебинем чун дар берунем, намедонем, ки дар дохил чӣ мегузарад. Пас аз он гуфт, ки мехоҳед Шуморо ба он ҷо бубарам. Мо, ростӣ аз ин хушҳол шудем. Мо ба ду муассисаи ислоҳӣ рафтем. Ман ба вазъи соли 2005 муқоиса кардам, дар ҳақиқат хеле тафовут дорад. Ман чиро дар назар дорам? Он ҷо биноҳо тоза шудаанд. Ҷойи хоби маҳбусон хубу тоза аст. Ошхона, ҷои дидорбинӣ. Ҳатто хонае барои намоз хондан дошт. Рости гап, як чизи аҷиб буд. Бо шахсиятҳои маъруф дар зиндон, аз ҷумла Муҳаммадрӯзӣ Искандаров вохӯрдем. Ман ба ин фикр будам, ки онҳо шояд дар бораи нақзи ҳуқуқи худ чизе намегӯянд, чун ҳангоми сӯҳбат кормандони масъули зиндон дар назди мо буданд. Аммо вақте бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров сӯҳбат кардам, аз ӯ пурсидам, ки Искандаров оё дар зиндон ҳуқуқи шумо нақз мешавад? Ягон проблемма дорӣ? Гуфт, ман аз ягон кас наметарсам ва ҳуқуқи ман дар ин ҷо поймол намешавад. Вай гуфт, ки фақат бо додгоҳ ва мақомот гила дорад. Вақте бо ӯ сӯҳбат кардам, ба ин натиҷа расидам, ки шиканҷа дар он ҷо кам аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ОЁ ЁҚУБ ВА МУҲАММАДРӮЗИ АФВ МЕШАВАНД?
Озодӣ: Фикр мекунед агар ин навбат афв эълон шавад афроде мисли Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ёқуб Салимов шомили он хоҳанд шуд?
Бобоназарова: На. Шояд мӯҳлати адои ҷазояшон камтар
шавад. Аммо фикр мекунам, ки ҳукумат ҳоло ба ин кор омода нест. Вале агар ба таърих муроҷиат шавад мебинем, ки шоҳон «душманон»-и худ онҳое, ки бар муқобилашон будаанд, онҳоро афв мекунанд. Фикр мекунам, вақташ меояду ин кор ҳам мешавад. Аммо ҳоло ман мутмаин нестам, ки ин афв ба онҳо низ татбиқ бишавад. Вале худо кунад ва ман хурсанд мешавам, ки хато карда бошам.
ТОҶИКЕ ДАР РАЪСИ ЯК СОЗМОНИ ХОРИҶӢ
Озодӣ: Шумо яке аз аввалин тоҷиконе будед, ки масъулияти роҳбарии як намояндагии созмони хориҷиеро дар Тоҷикистон бар ӯҳда доштед. Манзурам Бунёди Сорос ва Ҷомеаи бози ӯро, ки бархе аз роҳбарони кишварҳои шӯравии пешин аз ӯ ҳарос доранд. Масалан мегӯянд, ки сармоягузорӣ инқилобҳо ва таҳаввулотҳои сиёсист. То чӣ ҳад ин ҳаросҳо ҷон доранд?
Бобоназарова: Даврае, ки Сорос намояндагии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард, давраи хеле мушкил буд. Дар оғоз давраи ҷанг буд, ки мо мушкилӣ доштем ва баъзан «боевикҳо» меомаданд, пул талаб мекарданд. Хуб, баъдан ором шуд. Вале боз давраи инқилобҳо сар шуд:-дар Гурҷистон,Украина ва Қирғизистон. Бояд бигӯям тӯли даҳ соле, ки роҳбари намояндагии ин созмон будам (аз соли 1997то соли 2006 тақрибан даҳ сол) нобоварӣ аз намояндагони баъзе аз мақомоти давлатиро гоҳо ҳис мекардам ва гоҳо ҳам аз баъзе шахсиятҳое, ки худро интеллигент ё зиёӣ меҳисобанд. Барои мисл агар ягон проект- барнома пешниҳод мекарданду он намегузашт, фардо як мақола чоп мекарданд, ки он ташкилоти ҷосусӣ аст. Аммо аз тарафи ҳукумати боло, масалан аз тарафи президенти ҷумҳурӣ, аз тарафи роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, ман ягон
хел фишорро ҳис накардам. Дар ёдам ҳаст дар як вохӯрӣ бо президент дар вазорати адлия ҳамин хел савол доданд, ки шумо ҳам инқилоб тайёр мекардед? Ман гуфтам, ки инқилобро аз берун тайёр кардан бисёр мушкил аст ва агар ҳукумат бо мардумаш хуб бошад, ягон инқилоб намешавад. Ва дар давоми ин даҳ соле, ки роҳбари ин муассиса будам, ягон маротиба ҷаноби Сорос оиди он, ки инқилоб бояд шавад, чизе нагуфтааст. Аслан ӯ ба фаъолияти намояндагиҳои худ дар манотиқи дунё коре надорад. Вай мегуфт, ки инак маблағ масалан 2,3,4,5 миллион доллар, шумо худ медонед, ки чӣ мушкиливу масъала аст, худ муайян кунед, ки барои чӣ масраф мекунед. Ӯ мегуфт дар ҷое, ки мардум бисёр босавод аст, дар онҷо инқилоб намешавад. Инҷо ман ба шумо як махсусияти кори бунёди Соросро бигӯям, ки қарори раёсати намояндагиҳои маҳаллиро маркази бунёд ҳаққи радд кардан надорад. Масалан ҷаноби Сорос ҳуқуқ надошт, ки қарори моро бекор кунад. Вақте қарор қабул шуд, онро аз марказ ҳақ надоранд бекор кунанд.Дар инҷо дар Тоҷикистон ҳама аъзои раёсати намояндагии ин бунёд тоҷикон буданд. Ва вақте, ки ҷаноби Раҳмон дар Амрико бо ҷаноби Сорос мулоқот дошт, ин масъала, масъалаи инқилобҳо бардошта шуд. Дар онҷо ҷаноби президент ташаккур ҳам карданд ба Сорос, ки хеле дар арсаи маорифу тиб ва низ дар маҳалҳо маблағҳо ихтисос медиҳад.Аммо ба ҳар ҳол ҳисси нобоварӣ дар байни ҷомеа ва баъзе аз чиновникҳо буд ва ҳоло ҳам вуҷуд дорад.
"ҶАНОБИ СОРОС АЗ ФАЪОЛИЯТИ МАН РОЗӢ БУД"
Озодӣ: Сӯҳбати президент бо Сорос баъди ҳодисаҳо дар Гурҷистону Украина сурат гирифта буд ва аз ин рӯ масъалаи инқилобҳо низ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст.
Бобоназарова: Бале, бале.
Озодӣ: Ба ҳар сурат худи ҷаноби Сорос аз фаъолияти шумо ба унвони роҳбари намояндагиаш дар Тоҷикистон қонеъ буд?
Бобоназарова: Ман мӯҳлати зиёд дар ин вазифа кор кардам, зеро он вақт шароит нохуб буд ва гуфтанд, ки ҳоло нафари дигареро наметавонад интихоб кунад. Дар Ассамблеяи генералӣ, ки бунёди Сорос ҳар сари чанд вақт бо иштироки намояндагонаш аз тамоми ҷаҳон баргузор мекунад мегӯяд,
ки ду намояндагие ҳаст, ки бисёр дӯст медорад:- Бунёди Будапешт ва Бунёди Тоҷикистон аст. Дар номае ҳам ба унвони ман ин ҳарфҳои самимиро зикр кардааст. Гуфтааст, ки мо натавонистем ба ин ду намояндагии худ ба қадри кофӣ дар як чунин давраи мушкил кӯмак кунем, аммо онҳо худро сохтанд, худро ҳифз карданд ва муваффақ шуданд, ки дар ҷомеа ва дар назди ҳукуматҳо мавқеъ пайдо кунанд. Ҷаноби Сорос барои як маротиба Тоҷикистон омада бо афроди гуногун мулоқот дошт ва дар бораи Тоҷикистон маълумоту тасаввурот ва таассуроти ҷолиб пайдо кард. Хеле қонеъ ва хурсанд буд, ки бо як миқдори маблағи кам тавонистем, ки ба созмонҳои иҷтимоӣ ва донишмандон кӯмак расонем. Ҳатто бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ низ вохӯрд. Таҳти таъсири ҳамин гуна сӯҳбат ва мулоқотҳо мегуфт, ки бовар дорад бо чунин афроди мутахассису донишманд Тоҷикистон дар оянда як кишвари тараққикарда мешавад. Ба ҳар сурат аз фаъолияти ман розӣ буд ва ин ризоиятро дар як номае ҳам навишта бароям фиристод. Инҷо мехоҳам як чизро бигӯям, ки чун ман узви ҲД, балки аз ташкилкунандаҳои он будам, гоҳо шояд ҳукуматдорон меҳаросиданд ва гумон мекарданд, ки чун ман дар ҳаёти сиёсӣ ҳузур доштам ва ҳоло, ки пули Соросро дар даст дорам, ҳизб ҳам, ки ҳаст, мумкин ягон инқилоб ҳам мешавад. Аммо мо бо кори худ, бо рафтори худ исбот кардем, ки мақсади табаддулотро надорем. Ва ҳис карданд, ки мо чунин мақсадҳо надорем. Ва агар мо дар бораи интихобот ҳам кадом тарҳеро ба иҷро гузорем танҳо маърифати ҳуқуқӣ дар ин соҳаро омӯзиш хоҳем дод. Азбаски чунин сӯҳбатҳо зиёд шуданд, маҷбур шудам узвияти худ дар ин ҳизбро боздорам.
"МАҲДУДИЯТҲО ВУҶУД ДОРАД"
Озодӣ: Бештари созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ ва пажӯҳишгари хориҷӣ аз ҷумла Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ, Кохи Озодӣ, Афви байналмилал аз Тоҷикистон ба унвони як кишвари ғайриозод ва аз раиси ҷумҳури он ба унвони диктатор-ҳокими худкома ва саркӯбгар интиқод мекунад. Шумо ба унвони як фаъоли ҳуқуқи башар дар ин бора чӣ назар доред.
Бобоназарова: Он фактҳое, ки онҳо мегӯянд, ҷой доранд. Барои мисол, ҳамин мавзӯе, ки дар аввали сӯҳбат доштем, баста будани дари зиндонҳои Тоҷикистон. Инак онҷоро боз карданд. Агар дигар мушкилиҳое, ки ҷо доранд, масалан дар милиса, дар дигар ниҳодҳо масалан фасод, гуфта шаванд,
пинҳон карда нашаванд, роҳи ҳалли онҳоро биёбанд ин ҳама айбдоркуниҳо аз байн меравад. Як роҳи дигар ҳаст, ки Тоҷикистон бо истифода аз он аз дигар кишварҳо фарқ дошта бошад. Агар омбудсмен- ҷаноби Зариф Ализода ба масоил расидагӣ сареътар кунад ҳамин гуна иттиҳомот, ҷамъияти тоталитарӣ, ҷамъияти ноозод, президенти худкома аз байн меравад. Бубинед, вақте ҳамин масъалаи дохилии оилаи Рақибов то ба сатҳи байналмилаӣ кашонида шуд, пас чӣ метавон интизор дошт. Дар ҳоле, ки омбудсмен метавонад бештари ин масоилро ҳал карда ва барои ҳифзи обрӯи Тоҷикистон саҳм бигузорад. Ва ё ҳамин иддаоҳои бархе аз додрасҳо алайҳи нашрияҳо, ки ба маблағи миллион зарари маънавӣ талаб карданд. Оё зарурият буд, дар ҳоле ки маълум аст, он газета бо як роҳҳое аз чоп мебарояду ба дасти хонанда мерасад? Яъне ҳамин чизҳо ҳастанд, ки дар маҷмӯъ баҳо дода мешаванд.
ТАРС...?
Озодӣ: Бархе аз раисони ҷамоҳири Осиёи Миёна бо ҳар роҳу васила мӯҳлати раисии худро тамдид карданд. Фикр мекунед ин ба хотири чӣ аст? Хидмат ба мардум ва ё ҷамъоварии сарвату ҳифзи қудрат?
Бобоназарова: Ман фикр мекунам, ки аз тарс аст. Дар кишваҳои аврупоӣ масалан вақте роҳбар аз вазифа рафт, барои ӯ як маоши муносиб ва низ то ҳадде имтиёзҳо дода мешавад ва ӯ чизеро гум намекунад. Яъне тарс вуҷуд надорад, ки ба ҳабс гирифта мешавад, моликияташро аз даст медиҳад. Чунки моликияти онҳо дар зери назорат аст ва онҳо наметавонанд чизҳои зиёдро бигиранд, ки баъдан он ҳама боиси ҷинояткор донистани ӯ бишавад. Дар мо ҳанӯз низоми ивазшавии ҳокимият ба вуҷуд наомадааст. Ман гумон мекардам, ки Қазоқистон ба ин роҳ биравад, чун роҳбарии САҲА-ро бар ӯҳда дошт, дигарҳо аз вай пайравӣ хоҳанд кард, аммо ин тавр нашуд. Дар ҳоле, ки дар онҷо аҳзоби нерӯманд, созмонҳои ғайридавлатии фаъол амал мекарданд ва маоши мардум ҳам бад набуд, яъне ҷое барои тарс ва ҳарс
надошт. Лекин баракс шуд. Ҳоло ман мантиқи чунин ҳукуматро намефаҳмам. Ҳол онки ӯ метавонист бо сари баланд биравад. Бинед Елсин чи гуна ҷолиб рафт. Агар Назарбоев мерафт як таҷрибаи хубе ҳам мешуд.
СИЁСАТҲОЕ, КИ БОЯД АНҶОМ ДОДА НАШАВАНД
Озодӣ: Фикр мекунед ҳукумат Тоҷикистон чӣ корҳоеро, ки то ҳоло анҷом медод бояд анҷом надиҳад.
Бобоназарова: Ман фикр мекунам, ки ҳаракат кунад интихоботҳо шаффоф баргузор шаванд. Зеро барои оромии Тоҷикистон хеле хуб хоҳад шуд. Дигар ҳамон қарзҳое, ки аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо фоизҳои зиёд мегиранд, маро ба ташвиш овардааст. Чунки хеле зиёд шуда истодааст. Сеюм телевизион ва радиои Тоҷикистон бояд комилан сиёсати худро иваз кунад. Барои мисол масъалаи Роғунро ин расонаҳо тавре инъикос, балки хизмати хирсона карда як масъалаи иқтисодиро ба сиёсӣ табдил доданд, ки ҳоло ин қадар мушкилиҳо пайдо шуда истодааст. Ҳукумати Тоҷикистон бояд бо ҳар роҳе, ки набошад бо ҳамсояҳояш муносибати худро дуруст кунад. Ин зарур аст. Сипас дар масъалаи дин. Ман фикр мекунам, ки давлат динро барои тарбияти мардум истифода барад. Бубинед дар Русия вақте президент ба ягон ҷо сафар мекунад намояндаи динро бо худ мебарад ва ин амр дар раванди тарбияти аҳолӣ дар оянда таъсири муфид дорад. Мо мушоҳида карда истодаем, ки рӯз то рӯз таваҷҷӯҳи мардум ба дин афзоиш меёбад ва бо қонунҳо ва манъ карданҳо пеши ин корро гирифтан намешавад. Масалан ҳамин қонуни масъулияти волидон дар тарбияти фарзандро бигирем, ман ҳам фикр мекунам, ки вақте як миллион мард дар берун аст ва модар рӯзи дароз дар берун нишинад, иҷроиши ин қонун амри маҳол аст. Ман фикр мекунам, ки давлат ба васоити ахбори умум бояд аҳамияти махсус бидиҳад ва нашрияҳои ғайриҳукуматиро ҳимоя кунад, тавонад маблағ барои онҳо ҷудо кунад.
"АЗ "ҶОЙГОҲИ ЗАН ДАР ИСЛОМ" МУТААССИР ШУДАМ"
Озодӣ: Охирин китобе, ки шумо мутолиа кардед ва шуморо таҳти таъсир гузошт кадом аст.
Бобоназарова: Ин китоби “Сакарот”-и Гулрухсор аст. Аммо вақте дар Шӯрои ҷамъиятӣ ҷаноби Аскаралӣ Раҷабов хеста гуфт, ки ин гуна китобҳо навишта нашавад, ки рости гап чунин мавзеъгирӣ тамоман нодуруст аст. Вақте даҳони шоиру нависандаро мебандед ин кори хубе нест. Ман фикр намекунам, ки он барои Тоҷикистон хатар дошта бошад, баракс хеле чизҳои аҷоибро аз он пайдо карда хонда ва хулоса баровардан мумкин аст. Ман бисёр китоб мехонам. Хусусан китобҳое, ки дар бораи ҳуқуқи инсон чоп мешаванд ҳатман мехонам.Аз тариқи интернет меёбам. Китоби Фарзона “Гули мино”-ро хондам. Қариб ҳаррӯз мехонам. Афсӯс
газетаҳо ҳаррӯза нестанд. Рӯзе ки як чиз нахонам худро бад ҳис мекунам. Ҳамчунин китоберо, ки хеле маро таҳти таъсир гузошт китоби “Ҷойгоҳи зан дар ислом” аст. Гап дар инҷост, ки ба фикри ман онро ҷаноби Тӯраҷонзода даҳ сол дер навишт. Ва агар ман намедонистам, ки ин китобро Тӯраҷонзода навиштааст, агар номаш дар муқова сабт намебуд, ман мегуфтам, ки демократи рақами якуми ҷаҳонӣ навиштааст ин китобро. Демократ навиштааст ин китобро. Масалан бисёри вақт мегӯянд, ки ислом иҷоза додааст, ки мард метавонад занро бизанад. Аммо Тӯраҷонзода дар ин китоб мисолҳо меоварад, ки ин на ба он маъност, ки мард занро лату кӯб кунад, ин ба он маъност, ки «задан»-и зан яъне бо пораи латта ва бо рӯмолча, ки дард набинад. Яъне як навъ танбеҳи маҷозиву рамзӣ. Ё ки дар масъалаи дузанӣ ва талоқ. Бовар мекунед, ки ин қадар дар ин китоб Тӯраҷонзода занро муҳофизат мекунад, аз донишаш истифода бурда ҳамон гуманизми исломиро хушрӯ нишон додааст. Ман фикр мекунам, ки Кумитаи оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ин китобро як презентасия(муаррифӣ) мекард, хуб мешуд. Ман фикр мекунам ин китобро ҳамаи он идораҳои ҳукуматие, ки оиди зан кор мекунанд бояд бигиранд ва дошта бошанд. Ман аз он хеле чизҳои нав ёд гирифтам. Минбаъд дар семинарҳое, ки баргузор мекунам аз он истифода мебарам, ки дар ҳақиқат ҷойгоҳи зан дар ислом хеле баланд аст.
МАН АЗ ДЕКАНӢ НАРАФТАМ, МАРО ПЕШ КАРДАНД
Озодӣ: Шумо чанд сол декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ будед, аммо чаро аз вазифаи деканӣ рафтед.
Бобоназарова: Ман аз деканӣ нарафтам. Маро аз деканӣ пеш карданд. Ҳабс карданд.
Озодӣ: Кай буд?
Бобоназарова: Дар соли 1993. Як моҳу 15 рӯз дар ҳабс будам.
ТАБАДДУЛОТИ ДАВЛАТӢ ВА ХИЁНАТ БА ВАТАН?
Озодӣ: Чӣ иттиҳом заданд?
Бобоназарова: Бо гуноҳи талоши табадуллоти давлатӣ ва хиёнат ба ватан. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо собит нашуданд.
Аксарияти онҳое, ки маро мепурсиданд шогирдонам буданд, хиҷолат мекашиданд. Ман хоҳиш кардам, ки ягонтои онҳо маро бозпурсӣ накунад, бегонаҳоро оранд. Онҳо вақте меомаданд сарҳояшон хам мешуд, ҳатто яке аз онҳо гирист. Албатта ман кадом гуноҳе надоштам. Магар ин, ки узви садорати ҲДТ будам ва чун дигарҳо ҳама рафта буданду ману марҳум Аслиддин Соҳибназаров монда будем, вале он шабу рӯз ӯ ҳам ба куҷое рафта буд, маро ҳабс карданд. Ростӣ маро шогирдонам ҳифз карданд. Чун дар он солҳо ҳар коре шуданаш мумкин буд.
Озодӣ: Баъди раҳоӣ талош накардед, ки ҷоятонро бигиред?
Бобоназарова: Ман аввалин декане будам, ки аз тариқи интихобот вазифа гирифта будам. Аз байни як академик ва як доктори илм. Гап дар сари он аст, ки он вақт зинда мондан ҳам як давлат буд. Баъд САҲА маро ба ҳайси мушовири раҳбари намояндагиаш ба кор қабул кард, ки фикр мекунам он як навъ дастгирии ман буд.
Ҳолномаи Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова-роҳбари созмони иҷтимоии мавсум ба «Перспектива плюс» мебошад.Дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил ва онро бо дипломи аъло ба поён мебарад. Сипас рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад. Чандин сол ба ҳайси устоди ин факулта хидмат карда ва дар соли 1989 то соли 1993 дар ин факулта дар вазифаи деканӣ фаъолият мекунад.