Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Ҷумъа Муродов, намояндаи ширкати чинии “Тян-Ши” дар ин шаҳрро ба мӯҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Ин нафар, ки аз соли 2007 ширкати “Тян-Ши”-ро дар Кӯлоб намояндагӣ мекард, “барои қаллобӣ” ва “тасарруфи амволи ғайр” ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Муҳаммадҷалолиддин Кенҷаев, судяи суди шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин нафар дар пайи фаъолиятҳои берун аз чаҳорчӯбаи қонун, ба беш аз 40 нафар зарари молиявӣ расонидааст. Ба гуфтаи Кенҷаев, бархе сокинон охирин дорои худро барои шомил шудан ба ин ширкат сарф кардааанд, вале дар натиҷа ҳеҷ манфиате надидаанд.
Вай афзуд: “ Ҷабрдидаҳо зиёд буданд. Якеаш тамоми молу мулкашро фурӯхта ба ин ширкат ворид шудааст. Дигареаш пулҳои аз Русия равонкардаи шавҳарашро сарф кардааст. Як нафари дигараш аз бонк қарз мегирад, вале бинобар сабаби баргардонида натавонистан гурехта ба Русия меравад. Хулоса ҷабрдидаҳо зиёд буданд, ки дар асоси шикояти онҳо ва баррасии парванда суд ҳукмашро содир кард.”
ДАР ОРЗУИ САРВАТМАНДӢ
Аксари ҷабрдидагон мегӯянд, пеш аз ворид шудан ба ин ширкат, ба онҳо ваъдаи дар зудтарин фурсат сарватманд шудан додаанд. Зайнаб Асламова, як тан аз ҷабрдидагон мегӯяд, ба ӯ ваъда шуда буд, ки дар кӯтоҳтарин муддат соҳиби хона дар хориҷа мешавад, вале фаъолияти чанд моҳа нишон додааст, ки ӯ ба ҷои фоида рӯз то рӯз зиён мебинад ва ягона манзили зисташро ҳам дар Тоҷикистон аз даст медиҳад. Аз ин рӯ ба додгоҳ муроҷиат карда, аз болои намояндаи ин ширкат шикоят кардаанд.
Ширкати “Тян-Ши” ва “Квес-Нет”, ду ширкати шабакавии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон намояндагӣ дошта, тайи панҷ соли ахир барои ҷалби сокинони ин кишвар ба узвияти хеш, фаъолият мебаранд. Ширкати “Тян-Ши”, аслан доруҳоеро тариқи гурӯҳӣ ба одамон мефурӯшад, ки ба гуфтаи худ, аз гиёҳои шифобахши Чин омода шудаанд. Дар баробари фурӯши ин дорувориҳо, ширкат тариқи ҷалби муштариёни бештар, боз даромади иловагӣ ваъда медиҳад. Ширкати “Квес-Нет” бо каме тафовут аз ширкати “Тян-Ши” ба фурӯши маҳсулоти ба гуфти худ, тиловории шифобахш шуғл доранд.
ВИЛЛА ДАР ХОРИҶА?
Аммо Сулаймон Раҳматов, як узви ширкати “Квес-Нет” мегӯяд, таҷрибаи ду солаи ба истилоҳ “кориаш” дар ин ширкат нишон дод, ки касе аз он дар Тоҷикистон манфиат надидааст. Ҳамаи ҳамроҳонаш умед доштанд, ки баъди чанд моҳи фаъолият дар хориҷа вилла мехаранд, аммо онҳо ҳатто маблағҳои сарфкардаи худро баргардонида натавонистанд.
Ӯ мегӯяд: “Дар “Квес-Нет” чунин гап аст, ки бояд аввал хешу табори худро шомил кунӣ. Мо се нафар 1800 доллар сарф карда ворид шудем. Дар он сурат ман ин пуламро пайдо мекардам, ки бояд аз ду қанотам, яъне тарафам 6 нафариро аъзо мекардам ва онҳо бояд чанд нафарии дигарро аъзо мекарданд ва баъдан ман фоида медидам. Агар дар ин ҷо як ҷой холӣ мемонд, як тин фоида намебинӣ. Қариб ҳама ҳамин хел шуданд ва ду тарафи худро пурра пур накарданд .”
КАСЕ СОҲИБИ "ШЕРИ ТИЛЛОӢ" НАШУД
Орзу Ҳамидов, як коршиноси маҳаллӣ, ки дар мавриди фаъолияти ин ширкатҳо таҳқиқ бурдааст мегӯяд, ширкатҳои мазкур дар доираи қонун фаъолият доранд, аммо аз содагии мардуми тоҷик истифода карда, фаъолияташонро ба гунаи дигар тарғиб мекунанд, ки он ба зиёни сокинони оддӣ меанҷомад.
Ҷаноби Ҳамидов, мегӯяд, унвони баланди ширкати “Тян-Ши” “Шери тиллоӣ” аст, ки то ба ҳол ягон тоҷик ба он соҳиб нашудааст. Аз сӯи дигар ба гуфтаи ӯ, садҳо ҳазор доллари тоҷикони содда бо чунин тарз ба бонкҳои хориҷӣ рехтааст.
Ҳамидов афзуд: “Он шарту шароите, ки онҳо доранд, ба зиндагии мардуми мо ва кору ҷайби онҳо мувофиқ нест. Шартҳое, ки мегузоранд, тақрибан иҷроношуданист. Ширкати “Квес-Нет”, ки марказаш дар Малайзия ва “Тиян-Ши”, ки марказаш дар Хитой аст, садҳо ҳазор пули тоҷикони бе ин ҳам камбағалро аз худ мекунанд. Инро метавон фиребе дар доираи қонун ҳам унвон кард.”
Бори дуввум аст, ки дар Кӯлоб намояндагони ширкати “Тян-Ши”-ро равонаи зиндон мекунанд. Ду сол пеш, як намояндаи дигари ин ширкатро айнан, бо ҷурби қаллобӣ 5 сол аз озодӣ маҳрум карда буданд.