Идомаи сафари аврупоии Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари аврупоии худ, шаби гузашта аз Страсбурги Фаронса ба Австрия рафт.
Қарор аст ҷаноби Раҳмон дар Вена бо Ҳейнз Фишер, раиси ҷумҳури Австрия мулоқот мекунад. Ҳайати Тоҷикистон бо ин кишвар чанд санади ҳамкорӣ низ ба имзо хоҳад расонд. Сипас 8-уми июн қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар Вена-пойтахти Австрия дар Маҷмаи Ҷаҳонии Иқтисодӣ суханронӣ кунад.

ИМКОНИЯТҲОИ ТИҶОРАТӢ БО АВРУПО

Дар нимаи дуввуми 8-уми июн ҷаноби Раҳмон ба Люксембург меравад ва бо нахуствазиру дигар мақомоти раҳбарии ин кишвар мулоқот анҷом медиҳад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз Утоқи тиҷорату саноати Люксембург боздид ва дар он ҷо дар маҷмае, аз имконоти тиҷоратии Тоҷикистон ҳимоят мекунад.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Порлумони Аврупо



Интизор меравад, ки Люксембург низ бо Тоҷикистон чанд қарордоди ҳамкории дуҷониба ба имзо расонад. 10-уми июн дар Люксембург бо сарони Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд мулоқот анҷом мегирад ва дар он ҷо масъалаи сармоягузории ин бонк дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Аврупо бо Маҷористон ба поён мерасад.

ЭЪТИРОФИ ДИПЛОМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВРУПО

Дирӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар оғози боздиди шашрӯзаи худ аз кишварҳои аврупоӣ дар Страсбурги Фаронса аз Шӯрои Аврупо боздид ва бо Дабири кулли он Торберн Янгланд мулоқот кард.

Ҳар ду ҷониб дар ин мулоқот муқовиланомаеро ба имзо расонданд, ки акнун тибқи он дипломҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ ба таври расмӣ эътироф мешавад. Вай дирӯз ҳамчунин бо Эржӣ Бузек, раиси парлумони Аврупо ва аъзои кумитаҳои мухталифи он дидор ва гуфтугӯ кард. Русия то ҳол бо Тоҷикистон, шарики стротегии худ чунин қарордод надорад ва ононе, ки дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил карданд, дипломашон дар Русия эътибор надорад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки Кумитаи байналмилалӣ ва кумитаи равобит бо кишварҳои Осиёи Марказии Парлумони Аврупо суханронӣ намуда, ба пурсишҳо дар робита ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, истифодаи захоири обӣ, мушкилиҳои мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддар дар Тоҷикистон посух гуфт.

Гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо дабири Шӯрои Аврупо