Онҳо айбдор мешаванд, ки аз марги Сафаралӣ Сангов пешгирӣ накардаанд.
Ду корманди милиса, ки дар парвандаи марбут ба марги Сафаралӣ Сангов ба бепарвоӣ ва бемасъулиятӣ ҳангоми иҷрои вазифа айбдор шуданд, гуноҳи худро қисман пазируфтаанд. Ҷурми онҳо, ба қавли айбдоркунандаи давлатӣ, ин будааст, ки ҳангоми боздошт дастони Санговро на аз пушт, балки аз пеш бастаанд ва ахирӣ тавонистааст худро раҳонида, худкушӣ кунад.
Дар муҳокима ҳамчунин хулосаи ташхиси додгоҳию тиббӣ қироат шуд, ки бино бар он Сангов ба иллати захми сангини сар ва хунрезӣ дар мағз даргузаштааст. Ҳарду корманди милиса изҳорот доданд, ки Сангов дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилӣ, дар ҳоле ки се милиса ӯро аз ду паҳлу ва пеш дошта, аз зинапоя ба ошёнаи дувум мебароварданд, худро раҳо карда ва бо ошёнаи аввал партофтааст.
Вақте ки ӯро боздошта, аз нав ба ошёнаи дувум баровардаанд, баробари ворид шудан ба утоқ Сангов аз нав худро раҳо кардаву ду мартаба сарашро ба девор задааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки вакили дифоъ ва наздикони Сангов мегӯянд, ӯ на худкушӣ карда, балки аз латукӯби кормандони милиса кушта шудааст.
Ҳамсари Сангов -- Сарвиноз Ҳикматова дар муҳокима гуфт, бадрафтории кормандони милиса бо шавҳари ӯ ҳанӯз ҳангоми боздошт дар манзили санговҳо шурӯъ шуда, кормандони милиса Сангов ва хоҳарзодаи ӯ -- зани обистанро латукӯб кардаанд. Вай афзуд, дар беморхонаи Қарияи Боло тасодуфан гуфтугӯи пизишконро шунидаанд, ки мегуфтанд, сутунмӯҳра, устухонҳои пой ва миён ва бинии ӯро шикастаанд.
Иттиҳоми додситонӣ зидди ду корманди милиса бар он асос ёфтааст, ки маҳз онҳо аз лаҳзаи боздошташ масъули амният ва саломатии Сангов будаанд ва ин масъулияти хешро иҷро накардаанд.
Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов, ду корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар пайи таҳқиқи марги Сафаралӣ Cангов, ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастаанд.
Сафаралӣ Сангов рӯзи якуми марти соли ҷорӣ дар пайи як боздошти хушунатбор бо аломатҳои лату кӯби шадид ба бемористони Қарияи Боло интиқол ёфт ва дар ҳоли беҳушӣ дар ҳамон ҷо аз дунё даргузашт. Ин ҳодисаи хушунатбор ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва парванда фавран мавриди таваҷҷӯҳи хабарнигорон ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифт.
Дар оғоз ходимони полиси шӯъбаи "Сино-1" талош кардаанд, ин рӯйдодро худкушӣ қаламдод кунанд. Вале бинобар дахолати Додситонии кул бархӯрд ба ин ҳодиса ҷиддитар шуд ва ниҳоят парванда ба додгоҳ интиқол ёфт.
Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандон аз шеваи бархӯрди полис ба боздоштшудаҳо ва ё навҳаи боздоштҳои ғайриқонунии онҳо бо шумули истифода аз зӯр шикоят мекунанд.
Моҳе қабл Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки вақтҳои охир шикояти шаҳрвандон оид ба рафтори кормандони пулис ва шиканҷа дар боздоштгоҳҳо зиёд шудааст ва ҳатто далелҳои тасдиқшаванда ҳам дарёфт шудаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад