Эшони Сироҷиддин: “Ман салафӣ набудам.”

Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин ҳамнгоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар зиндони рақами 7-и шаҳри Душанбе

Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин, ки дар оғози соли 2010 ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи “Салафия” ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд, ҳоло дар зиндони рақами 7-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.
Киромиддин Абдураҳмонови 21-сола, писари Эшони Сироҷиддин, низ ба иттиҳоми мушобеҳи падараш ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда ва ҳамроҳи ӯ дар зиндон аст.

Ҳамкори мо, Мирзонабии Холиқзод, ҳангоми боздид аз зиндони рақами 7-и шаҳри Душанбе бо Эшони Сироҷиддин ҳам дидор ва гуфтугӯ анҷом додааст.

Эшони Сироҷиддин: "Ман ҳаргиз салафӣ набудам. Як умр дар мазҳаби Имоми Аъзам хидмат кардаам. Умед дорам ва шабу рӯз дуо мекунам, ки авф эълон кунанд, то фарзандон берун бароянд. Агар ҳазор бор ҳам маро пурсанд, мегӯям, ки ватанамро дӯст медорам. Фаразанди ин ватан ҳастам. Боз мехоҳам ба ватанам хидмат кунам. Ягон бор хиёнат накардаам ва намекунам ва нияти хиёнатро ҳам надорам."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо Эшони Сироҷиддин дар зиндони №7-и шаҳри Душанбе



-Ба он айбе, ки шуморо маҳкум ба зиндон карданд, то куҷо розиед?

Эшони Сироҷидин: "Ман сазовори ин айб нестам. Ман ҳанафимазҳабам."

-Дар куҷо таҳсил кардаед?

Эшони Сироҷиддин: "Дар дохили кишвар таҳсил кардам. Ба хориҷа нарафтам. Ман боз мегӯям, ки ҳамин ватанро дӯст медорам ва мехоҳам хидмат бикунам. Бовар кунед, мо гурӯҳ нестем. Мо ягон ҷамъият нестем. Ин дурӯғ аст, ки салафияро гурӯҳ мегӯянд. Дар ҳамин ҷо ҳам эълон мекунам, ки мо ҳама бародар ҳастем. Мо нияти тафриқаандозӣ надорем."

-Пас, вуҷуди “Салафия”-ро дар Тоҷикистон таъйид намекунед?

Эшони Сироҷиддин: "Ман инро тасдиқ намекунам. Ман ҳамаро як хел дӯст медорам. Нахоҳед аз маҳбусон пурсед. Онҳоро маро Эшони Сироҷиддин мегӯянд ва ҳамаи онҳоро ба як чашм мебинам ва дӯст медорам. Дасти пасттарин одами ин ҷоро мегирам ва мегӯям, ки дар пушти дар модарат интизор аст. Ту бояд берун бароӣ. Ту набояд гуноҳе куниву дар зиндон бинишинӣ. Шабҳо хобам намебарад. Фарзандам дар пешам аст. Ҳамин қадар умед дорам, ки майлаш ман, бигузор фарзандамро озод кунанд."

Эшони Сироҷиддин дар охирин рӯзи муҳокимаи парвандааш дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, моҳи январи соли 2010
Киромиддин Абдураҳмонов, писари Эшони Сироҷиддин (дар байн) низ ба иттиҳоми пайравӣ аз "Салафия" зиндонист
Ҳамроҳи Эшони Сироҷиддин шаш тани дигарба ҷурми "салафӣ" будан, маҳкум шудаанд