Тибқи гузоришҳои зидду нақиз, раиси ҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ кишварашро бо ҳадафи муолиҷа тарк кардааст.
Шабакаи хабарии Ал-Арабия рӯзи шанбе аз қавли манобеи тиббӣ хабар дод, ки Солеҳ барои муолиҷаи тиббӣ ба Арабистони Саудӣ парвоз кард. Вале ин хабарро мақомоти расмӣ ва ҳам намояндагоҳи ҳукумати Саъудия тасдиқ намекунанд.
ҚАДАМИ АВВАЛ ДАР РОҲИ ИНТИҚОЛИ ҚУДРАТ?
Ба назари таҳлилгарон, дар сурати ба воқеият наздик будани хабари тарки кишвар кардани Солеҳ, роҳи бозгашт ба Яман, ки дар пайи эътирозҳои шадиди чаҳор моҳи охир ҳоло дар остонаи ҷанги дохилӣ қарор дорад, хеле душвор хоҳад буд. Ба иттилои телевизиони давлатии Яман, шаш мақоми расмии ҳукумати Солеҳ, аз ҷумла нахуствазир ва раиси парлумон барои муолиҷа ба Саъудияи ҳамсоя рафтаанд. Кишварҳои Халиҷ ва Арабистони Саъудӣ талош доранд Солеҳро ба имзои номаи истеъфояш водор кунанд. Тарки кишвар кардани президент, ҳатто бо ҳадафҳои дарёфти хадамоти тиббӣ, метавонад қадами аввал дар роҳи интиқоли қудрат бошад.
Хабарнигорони ғарбӣ мегӯянд, ки Алӣ Абдулло Солеҳ рӯзи ҷумъа баъди шаш соати маҷрӯҳшавиаш дар ҳодисаи ҳамла болои масҷиди президентӣ дар Санъо ба мардумаш пайғоми аудиоӣ ирсол кард. Дар ин изҳорот ӯ аз артиш тақозо кард, ки зидди қабилаҳои мухолифин, ки ба гуфтаи ӯ пушти ҳамлаи шоми ҷумъа қарор доранд, муборизаро тақвият бахшанд. Бар тибқи баъзе хабарҳо, дар ин ҳодиса ҳафт нафар кушта шуданд. Дар миёни маҷрӯҳон ҳамчунин нахуствазир ва раиси парлумон ном бурда мешаванд.
Муовини вазири иттилооти Яман Абду Ал-Ҷанадӣ шоми ҷумъа дар як нишасти матбуотии изтирорӣ дар Санъо гуфт, ки ҷони раиси ҷумҳурӣ дар хатар нест ва ҷароҳатҳои бардоштаи ӯ сабук ва ночизанд.
Дар бораи тафсилоти ҳодиса ӯ гуфт: “Як манбаи расмӣ аз Қасри раёсатҷумҳурӣ эълон кард, ки баъди намози ҷумъа рӯзи 3-юми июн, замоне, ки раиси ҷумҳурӣ Алӣ Солеҳ ва баъзе дигар сиёсатмадорон ва аъзои ҳукумат барои адои намоз дар масҷиди президентӣ ҳузур доштанд, болои ин масҷид як ҳамлаи ваҳшиёна сурат гирифт. Ин амали бераҳмона се нафарро дар миёни муҳофизон ва баъзе аз мақомоти расмӣ ва афсарони амниятиро маҷрӯҳ кард.”
ВАЗЪИ МУБҲАМ ВА ОШУФТАИ ЯМАН
Ҳамлаи мазкур дар шароити тавсеаёбии ихтилофҳо ва эътирозҳои зиддиҳукуматӣ бо талаби аз қудрат канор рафтани Солеҳ рух дод. Дар баъзе хабарҳо гуфта мешавад, ки артиши ҳукумат ба хонаи бародари раҳбари эътилофи қабилаи бонуфузи Ҳошид ҳамла карданд, ки аз тарафдорони мухолифин ба шумор меравад. Вале дафтари Шайх Содиқ Ал-Аҳмар, раиси ин қабила ин гузоришро рад мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо ба берункашии шаҳрвандонаш аз хоки Яман шурӯъ кардааст. Баробар бо ИМА, Иттиҳодияи Аврупо низ аз мақомоти Яман оташбаси билофосиларо талаб кард. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Корнӣ гуфт, ки “хушунати ахир наметавонад тавҷеҳе барои азсаргирии задухӯрдҳо бошад.”
Таҳлилгари масоили ҷаҳони араб Алиризо Нуризода, ки рӯйдодҳои Яманро аз наздик пайгирӣ дорад, мегӯяд, бо сӯиқасди ахир ба ҷони президент, эҳтимол аст акнун кишвар вориди марҳилаи нави ҷангҳои дохилии қабилавӣ шавад. Ӯ гуфт, вазъи Яман хеле мубҳам ва ошуфта шудааст. Ин таҳлилгар мегӯяд, бо вуҷуди ин, ки ҳоло мухолифатҳои асосӣ дар миёни қабилаҳо ҷараён дорад, “вазъ бомурур ба ҷанги дохилӣ мебарад”.
ЯМАН ДАР ОСТОНАИ ТАНИШҲОИ ҚАВМӢ
Оқои Нуризода мегӯяд: “Алӣ Абдулло Солеҳ дар Яман як миқдор тарафдор дорад. Вазъи Яман дар муқоиса бо дигар кишварҳо комилан мутафовит аст. Яман алъон аз чаҳор мушкили асосӣ ранҷ мебарад. Дар шимоли Яман ҳусиҳо дунболи ин буданд, ки худмухторӣ бигиранд ва дар шимол як давлати нимамухторе барқарор кунанд. Дар ҷануб шаҳрвандони ҷанубии собиқ ба дунболи ин буданд, ки дубора ҷудо бишаванд. Дар миёнаи Яман гурӯҳҳои салафӣ ва тундрав ва тарафдорони Ал-Қоида ҳузур доранд. Ва бахше ҳам низомиён ҳастанд, ки ҳамеша дар Яман омили асосӣ буданд. Бахшҳои бузурги низомиён намехоҳанд, ки Алӣ Солеҳ биравад, чун ба ин бовар ҳастанд, ки агар ӯ биравад, Яман аз ҳам мепошад ва дучори ҷанги дохилии шадид мешавад. Алӣ Солеҳ рӯи ин масоил манёвр мекунад.”
Бо оғози эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Яман, Шӯрои ҳамкориҳои халиҷи Форс роҳи хуруҷи мусолиматомезро ба Солеҳ аз роҳи тарҳи навиштаи худ пешниҳод кард. Аммо Солеҳ ин тарҳро напазируфт ва гуфт, замонати инро мехоҳад, ки ҳизби ӯ сари қудрат кор бимонад ва як нафаре, ки баъди ӯ меояд, аз наздиконаш бошад.
Алиризо Нуризода мегӯяд, ки “баъди ин сӯиқасд Али Солеҳ бештар бо воқеият рӯбарӯ мешавад ва эҳтимолан, бо шурӯи нави музокираҳои дабири кулли Шӯрои ҳамкориҳои халиҷи Форс, эҳтимолан ин тарҳро бипазирад.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад