"Лаёқати тоҷик побарҷост, такон мехоҳад"

Равоншиносон мегӯянд, «дар асл тоҷикҳо барои такомули шахсияти худ саъй мекунанд, оқилона меандешанд ва хеле бохираданд.»
Кош чунин бошад, мегӯянд ҷомеашиносони тоҷик ва меафзоянд, маҳз ҳамин беҳавсалагии тоҷикон барои рушди зеҳнӣ аст, ки сатҳи маънавиётро дар ҷомеъа коҳиш дода бебандубориҳоеро ба бор овардааст.

Пулот Шоазимов, файласуфи тоҷик мегӯяд, дар табиати миллати тоҷик хислати худсозӣ вуҷуд дорад, аммо шароити муносиб барои рушди он нест: «Худсозӣ ва ё нумӯъи шахсӣ дар фарҳанги тоҷик ҳаст, вале онгуна, ки файласуф Абраҳам Маслоу, гуфтааст, барои онки ба ҳадди нумӯъи шахсӣ бирасем, бисёр муҳим аст, то ниёзҳои аввалияи худро қонеъ кунем, яъне амният хӯрду хӯрок дошта бошем. Табиатан, шароити иқтисодӣ на ҳамеша иҷоза медиҳанд, ки инсонҳо ба нумӯъи шахсӣ бирасанд ва ҳоло мардум дар андешаи бақои худ ҳастанд.»

АҚЛИ ХУДРО БАР САРИ ГАРДУН РАСОН...

Пӯлот Шоазимов, мегӯяд, тоҷикон дар аҳди бостон бо олимону донишмандон ва дар аҳди шӯравии собиқ, бо шахсиятҳои пурарзиш қудрати худро дар иҷроиши вазоифе собит кардаанд, ки дигарон дар татбиқаш оҷиз буданд: «Дар замони шӯравӣ бисёриҳо фикр мекарданд, ки шоҳмот ва шашкабозӣ аслан ҳунари мардуми аврупоист, вале аз Тоҷикистони фақир Шайхалӣ Ҳусайнов қад кашид, ки се шогирдаш қаҳрамони ҷаҳон оид ба шашкабозӣ шуданд. Яъне зарфиятҳои беҳудуд вуҷуд доранд."

"ҚАТРАЕ АЗ БАҲР"

Аҷамшо Калонов, сиёсатшиноси тоҷики муқими Олмон ҳам ба ин гуфта мувофиқ аст, вале мегӯяд, ин ақида, ки гӯё ҳама мардуми тоҷик дар фикри шикам бошанд, дуруст нест. Аммо теъдоди онҳое, ки барои пешрафти тафаккур ва истиқлоли зеҳнӣ талош мекунанд, якчанд барг дар як дарахти бузург аст: «Гуфта наметавон, ки аслан ҳамин ҷавонҳо, ҳамин наслҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон тарбия меёбанд, касоне ҳастанд, ки метавонанд, ки ояндаи кишвари худро дуртар бубинанд ва ё болои андешаи истиқлоли фикрӣ ва андешаи тавлидӣ фикр кунанд.»

"ЧАРО МОДАРИ ТОҶИК АНДЕШАМАНД НАМЕЗОЯД?"

Аммо далели дур шудани тоҷикҳо аз ин вижагӣ, яъне тавони худсозӣ дар чист ва чаро ин миллат, ки тавонист ба ҷаҳон ин қадар донишманду ҳунарманд ҳадя кунад, имрӯз ҳунари худсозиашро аз даст додааст?

Меҳмоншо Шарифов, файласуфи дигари тоҷик, дар ин паёмад шӯравии собиқро гунаҳкор медонад: «Роҳҳои худсозие, ки дар тамаддуни тоҷикӣ, таърихи тафаккури тоҷикӣ, исломӣ ҳам гуфтан мумкин вуҷуд доштанд, аслан дар давраи шӯравӣ барҳам хӯрданд, шикаст хӯрданд, мардум дигар ба ин фарҳанг ва ин асл роҳ надошт, барои он ки шӯравӣ мардуми гапгӯшкун, мардуме мехост, ки сухани онҳоро гӯш кунад, мардуми дигар сохтан мехост ва барои ҳамин мардумро аз асл дур кард.»

ЛАЁҚАТИ ТОҶИК ПОБАРҶОСТ, ТАКОН МЕХОҲАД

Бисёре аз ҳамсӯҳбатҳои мо бар ин боваранд, ки лаёқати тоҷикҳо дар эҳёи табиати худсозӣ ҳанӯз побарҷост ва танҳо як такон мехоҳад. Ин такон дар ҳоле мешавад, ки сохтори маорифаш, мавзӯъи сатҳи саводнокии ҷомеъаро ҷиддӣ бигирад.

Рустам Назаров, файласуфи тоҷик мегӯяд, волидон метавонанд, дар ҳарчӣ зудтар халос шудани миллати тоҷик аз он мероси бад кӯмак кунанд: «Падару модарон фаъол нестанд. Имрӯз масалан мактаб ба проблемаҳое гирифтор шудааст, ки таълими босифат дода наметавонад. Яъне ҳамон ҷунбиши ҷавонон барои худинкишофдиҳӣ шуда истодааст, аммо бисёр суст.»

Рустам Назаров меафзояд, барои такон додан ба ин раванд, низоми маорифро ба куллӣ бояд ислоҳ кард, зеро дар мактабҳои ҳозира наметавон шахси инкишофёта ва фарди замонавӣ тарбия кард.