Ояндаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Гурӯҳи ФАТФ дар дидори дабири ин созмон ва Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.
Дидори ин гурӯҳ бо мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран дар Бонки Миллӣ бо тақозои Гурӯҳи Авруосиё оид ба мубориза бо даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм, идораи мониторинги молӣ ташкил шуда, вазифааш ҷилавгирӣ аз маблағҳои ғайриқонунӣ ба дастомада, сармоягузории терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аст.
АЗ МАВОРИДИ ПУЛШӮӢ ҶИЛАВГИРӢ МЕШАВАД
Ҳайъати ФАТФ тӯли се рӯз дар Тоҷикистон аз тариқи мулоқот бо мақомот дар ҷараёни вазъи пулшӯӣ ва мубориза алайҳи он қарор гирифт.
Ин гурӯҳ аз иқдомоти аввали Бонки Миллӣ дар ҷилавгирӣ аз мавориди пулшӯӣ ва даромадҳои ғайридонунӣ изҳори қаноатмандӣ карда, хостори ҳамкориҳои бештар шудааст.
Бонки Миллӣ низ гуфтааст, дар ин бора иттилооте дар даст дорад, вале ифшои онро дар шароити феълӣ пеш аз вақт медонад. Зеро пажӯҳишу баррасии ин амалҳо дар ҳамкорӣ бо дигар Бонкҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои зинафъ замони бештар мехоҳад.
Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон узви гурӯҳи ФАТФ ва ё таҳиягарони меъёрҳои молӣ дар мубориза бо пулшӯӣ нест ва тавсияҳои ин гурӯҳ метавонад барои Тоҷикистон ҳатмӣ набошад. Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, азбаски тавсияҳои ин гурӯҳро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мекунад, мо низ ин тавсияҳоро муроот мекунем.
Аз сӯи дигар иҷро нашудани ин тавсияҳо аз сӯи кишварҳои ҷаҳон, таҳримҳои иқтисодиро ба дунбол дорад. Гузашта аз ин, ФАТФ барои иҷрои тавсияҳои худ ташкилотҳои минтақавӣ дорад. Барои мисол Тоҷикистон, ки узви гурӯҳи АвруОсиёии мубориза бо пулҳои ғайриқонунӣ ба дастомада ва сармоягузории терроризм аст, дар чорчӯби ин созмон бо ФАТФ ҳамкорӣ мекунад.
ИҶРОИ РАВАНДИ ПУЛШӮӢ ЧӢ ГУНА АСТ?
Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси масоили иқтисодӣ иҷрои раванди пулшӯиро чунин шарҳ дод, «механизми пулшӯӣ чунин аст: тоҷир дар минтақаи офшор ширкат номнавис карда ҳисоби бонкӣ мекушояд ва бо ироаи ҳуҷҷат барои иҷрои коре ба ҳисоби ширкати худ аз ҷумҳурӣ ба минтақаи офшор пул интиқол медиҳад ва то замоне, ки узвияти ин тоҷир ва ё алоқааш ба созмонҳои террористӣ ошкор нашавад, ҳеҷ кас ҳақ надорад сармояи пайдо кардаи онро баррасӣ кунад.»
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон дар шароити феълӣ ба хусус пас аз аудити Бонки Миллӣ дар соли 2008, ошкор шудани бархе аз амалиётҳои ғайриқонунии раванди пулшӯӣ коҳиш ёфтааст. Аудити Бонки Миллӣ нишон дод, ки бархе аз ширкатҳо, корхонаҳо дар минтқаҳои офшори Бритониё, Амрико ва Қибрис, намояндагиҳои худро номнавис карда, даромадҳои худро дар Бонкҳои хориҷӣ нигоҳ медоранд.
ФАЪОЛИЯТИ МАХФИИ ШИРКАТҲОИ ОФШОРӢ
Давлатмурод Ҷумъаев дар бораи ширкатҳои офшорӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо гурӯҳи ФАТФ гуфт, «ширкатҳое, ки дар минтақаи офшор номнавис мешаванд, мансубияти миллӣ ва давлатӣ надоранд, фаъолияти молиашон махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва дар сурате, ки муомилоти молӣ аз 10 миллион бештар сурат бигирад, дар он замон давлат мувофиқи қонун ҳақ дорад, онро баррасӣ кунад. Мо ба наздикӣ ин қонунро тасвиб кардем. Ва ба ин далел созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла гурӯми ФАТФ омодаи ҳамкорӣ бо мо шудаанд.»
Ба гуфтаи таҳлилгарон, ба ҳамин далел моҳи феврали соли 2010 раиси ҷумҳури Тоҷикистон дуввумин фармони авфи молиро содир кард ва ҳамчунин дар мулоқот бо тоҷирони бурунмарзии тоҷик изҳор дошт, ки авфшудагон метавонанд бо дарёфти имтиёз пулҳои дар бонкҳои хориҷӣ доштаи худро ба Тоҷикистон биоранд ва саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро бихаранд. Вале ба гуфтаи коршиносон ва мақомоти бонкҳо, то ба ҳол ин сармояҳо барнагаштаанд.
Дар зимн, гурӯҳи ФАТФ ва ё таҳиякунандагони тавсияҳои молӣ дар муқобила бо пулшӯӣ дар соли 1989 аз сӯи 7 кишвари санъатии ҷаҳон -Амрико, Ҷопон, Олмон, Бритониё, Итолиё, Фаронса ва Конодо ташкил шуда буд. Мақари ин гурӯҳ дар Фаронса қарор дорад ва то ба ҳол 40 дастури муқобила бо пулшӯиро ба кишварҳои ҷаҳон ироа кардааст. Дар ҳоли ҳозир 27 кишвар, узви ин гурӯҳ ба ҳисоб меояд.