Хабаре дар ин бора, ки як духтари 19-сола дар минтақаи Қрими Украина сангсор шуда ва ба қатл расидааст, дурӯғ баромад.
Вале худи ин нукта ҷолиб аст, ки ин дурӯғ аз куҷо сарчашма гирифт ва чӣ тавр паҳн шуд? Сархати ин хабар кӯтоҳ, вале зананда буд: “Довталаби “Маликаи зебоӣ”-и Украинаро бар асоси шариат сангсор карданд.”
ЧАРО КАТЕРИНА КУШТА ШУД?
Ин сархатро нашрияи интернетии “Газета по Киевски”-и Украина чоп кард. “Свободная Пресса”-и Русия ба ин хабар оҳанги шадидтар дод: “Тундгароёни исломӣ духтареро дар Қрим ба қатл расонданд.”
Сипас ин хабар ба сафаҳоти матбуоти интернетии Британия роҳ ёфт ва Mail-Online дар Британия чунин навишт: “Духтари 19-солаи мусулмон, ки мехост дар озмуни маликаи зебоӣ ширкат кунад, сангсор шуд.”
Куштори Катерина Корин, донишҷӯи 19-солаи украинӣ дар нимҷазираи Қрим гӯё ҳамаи ҷанбаҳои хабари таъҷилиро барои рӯзномаҳои ҳангомаҷӯй дар худ дошт, яъне зебогии ҷаззоби ин довталаб сабаби куштори бераҳмонаи вай ба дасти ошиқаш шудааст ё тундравҳои исломӣ барои куштори вай тибқи шариат ҷазои сангсорро интихоб карданд.
Дар ҳамаи ин навиштаҳо танҳо як мушкил вуҷуд дошт: Хабари дурӯғ. Масалан, Олга Кондрашова, сухангӯи раёсати умури дохилии Қрим чунин мегӯяд: “Куштори ин духтар, ки дар ноҳияи Советскойи Қрим рух дод, ҳеҷ сабаби мазҳабӣ, миллӣ ё байниқавмӣ надорад. Як ҷавони гумонбар боздошт шудааст ва расидагӣ идома дорад.”
Гуфта мешавад, ки ин ҷавони гумонбари 19-сола Билол Ғозиев ном дорад ва вай ҳам зодаи ноҳияи Советскойи Қрим аст. Дар мактаб яке аз ҳамсинфҳои ин духтари қурбоншуда будааст. Бино ба гузориши матбуоти Украина, ки аз қавли ниҳодҳои интизомӣ навиштаанд, ин ҷавон сабаби марги ин духтар шудааст.
ЧАРО ИН ҲАМА САРУСАДО?
Баъзеҳо бовар доранд, ки гузаштаи мазҳабии падару модари ин духтар низ барои интишори чунин хабар нақш доштааст. Баъзе фаъолон ин корро маъракае арзёбӣ мекунанд, ки ҳадафи он барангехтани нафрати мазҳабӣ бар зидди тоторҳои Қрим мебошад.
Дар ин нимҷазира аслан мусулмонон ба сар мебаранд ва баъзе сомонаҳои интернетии Украина- аз ҷумла Ukra.news ангушти ишораро ба сӯи матбуоти Русия баланд кардаанд, ки мехоҳад ҳассосиятҳои мазҳабиро бедор кунад ва субот дар минтақаи Қримро барҳам занад.
Бино ба гузоришҳо, Корин 12-уми май ғайб задааст ва ҷасади вайро пас аз як ҳафта дар ҷангали атроф пайдо кардаанд. Полис бовар дорад, ки вайро бӯғӣ кардаанд, сипас ба сараш бо санг задаанд. Шоҳидони айнӣ ҳам гуфтаанд, ки бори ахир Коринро замоне дидаанд, ки ҳамроҳ бо Ғозиев ба сӯи ҷангал мерафтаанд.
Хешовандон ва ҳамсинфҳои Корин ҳам таъйид кардаанд, ки Ғозиев дӯстдори Корин будааст. Ғозиев аслан аз падару модари рус ба дунё омадааст. Вале вайро хонаводаи тотор аз парваришгоҳ гирифта ба фарзандӣ қабул кардаанд ва номи “мусулмонӣ” додаанд.
Баъзе аз сомонаҳои интернетӣ навиштаанд, ки Ғозиев аз пайравони ҷараёни тундравӣ ваҳҳобия будааст ва ду марди дигар ин духтарро сангсор кардаанд, зеро духтар бо ширкат дар озмуни зебоӣ, шариатро риоят накардааст.
"МУСАЛМОНОНРО ТАҲРИК КАРДАНӢ ҲАСТАНД"
Бо чунин “тафсир”-ҳо ин хабар аз матбуоти маҳаллӣ ба матбуоти Русия кӯчид ва он ба сафаҳоти матбуоти байналмиллалӣ расид. Рӯзномаи "The Daily Mail" аз ҷумлаи онҳо буд, ки нахост дар бораи хабари чопкардааш бо радиои Озодӣ сӯҳбат кунад.
Нуктаи ҷолиб ин аст, ки ҳеҷ як аз ин манобеи хабарӣ дурустӣ ва воқеият доштани онро тафтиш накардаанд. Тоторҳои Қрим мегӯянд, ки ҳамаи ин бофтаҳо як ҳадаф доранд: Таҳрик кардани мусулмонони Қрим. Онҳо тақозо кардаанд, ки ба ин кор расидагӣ анҷом бигирад.
Рифат Ғубаров, раҳбари ҷамъияти тоторҳои Қрим мегӯяд: “Ин мисли харобкории иттилоотӣ аст. Бо назардошти ин, ки хабари мазкурро рӯзҳои ахир бисёре аз нашрияҳо чоп карданд, ман тақозо мекунам, ки Хадамоти амниятии Украина расидагиро оғоз ва сарчашмаи ин хабари дурӯғро ифшо кунанд.”
Притула, хабарнигори бахши украинии радиои Озодӣ мегӯяд, тундгароии исломӣ то ҳол дар деҳоти Қрим ба мушкил табдил наёфтааст. Вале вай меафзояд, бими он меравад, ки агар “пӯшиши хабарҳои доғ аз роҳи ба бозӣ даровардани қартаи мазҳабӣ идома ёбад”, чунин кор аз имкон дур нахоҳад буд.