Форум ё ҳамоиши тоҷирони Покистону Тоҷикистон бо имзои чанд санади ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе ба поён расид.
Дар ин ҳамоиш, ки беш аз 180 тоҷири покистонӣ ширкат доштанд, алоқамандии худро ба густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус коркарди нахи пахта нишон доданд.
Ин дар ҳолест, ки нахи пахтаи Тоҷикистон яке аз беҳтарин нахҳо дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар зимн, табодули коло миёни
Тоҷикистону Покистон 21 миллион долларро ташкил медиҳад, ки дар сурати иҷро шудани қарордодҳои нави ҳамкорӣ ин рақам метавонад ду баробар афзоиш ёбад.
Миёни ширкати "Вейгрупп"-и Покистон ва корхонаи нассоҷии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба қарордод ба имзо расид, ки бар асоси ин санад ширкати покистонӣ дар тавсеаи арсаи саноӣ ба ин корхона ҳудуди 25 миллион евро сармоягузорӣ хоҳад кард.
ҚАРОРДОД БАРОИ ТАВЛИДИ МАТОИ ҶИНС
Доктор Мирзо Ихтиёрбой, намояндаи ширкати "Вейгрупп" дар бораи ҳамкориҳо бо ҷониби Тоҷикистон гуфт, "дар давраи аввал тибқи ин тавофуқ мо ба Тоҷикистон матои пахтагии ба истилоҳ ҷинс ворид мекунем. Дар давраи дуввум мо фанноварӣ, мошин ва дигар дастгоҳҳои нассоҷиро ба ин корхона оварда васл мекунем. Зеро дастгоҳҳои ин корхона кӯҳна шудаанд ва барои тавлиди матои ҷинс корношояманд. Баъдан бо кӯмаки мутахассисони мо тавлиди матои пахтагини ҷинс роҳандозӣ мешавад. Ин қарордоди ҳамкорӣ тули 25 солро дар бар дорад."
Ин қарордод, маҳсули форум ё ҳамоши тоҷирони покистонӣ ва тоҷик дар шаҳри Душанбе буд, ки ба давъати раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳудуди 180 тоҷиру намояндаи ширкатҳои покистониро гирди ҳам оварда буд. Ҳамчунин, аз натиҷаи ин ҳамоиш санади ҳамкорӣ миёни Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо палатаи федеролии савдои Покистон низ имзо шуд.
АЛОҚАМАНДӢ БА БАХШИ НАССОҶӢ
Ҳоҷӣ Ғулом Алӣ, раиси Палатаи савдои федеролии Покиситон ва сенатори ин кишвар дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ дар маврид ҳамкориҳои воқеии миёни ду кишвар гуфт, "тоҷирони покистонӣ тасмим доранд, ки дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди семент, нассоҷӣ, тавлиди шпритс ё сӯзандору, ҳамчунин, корхонаи тавлиди шарбати меваро роҳандозӣ кунанд."
Ҷаноби Ҳоҷӣ Ғулом ҳамчунин ҳамкориҳои энержӣ ва сохтмони манзил дар Тоҷикистон низ матраҳ аст. Ин дар ҳолест, ки аз сӯҳбат бо чанд тан аз соҳибкорони покистонӣ рӯшан шуд, ки онҳо бештар ба бахши нассоҷӣ алоқамандии зиёд доранд. Зеро ба қавли онҳо нахи пахтаи Тоҷикистон яке аз беҳтарин ба ҳисоб меояд ва либоси тавлидкарда аз ин нах дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир аст.
ВАЗОРАТ: "НАРХИ ПАХТА БЕТАҒЙИР МЕМОНАД"
Ба гуфтаи намояндаи ширкати нассоҷии покистонӣ, дар ҳоле ки нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ рӯ ба пойинравист, истеҳсолу коркарди он дар маҳалли тавлиди нахи ин маҳсул, яъне дар Тоҷикистон ба нафъи тоҷири покистонӣ ва тоҷик хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки арзиши нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ аз 5 ҳазор доллар барои як тонна ба 3 ҳазору 900 доллар расидааст ва ба гуфтаи вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон қимати нахи пахта дар бозори ҷаҳон то ҳосили нав бетағйир боқӣ хоҳад монд.
Дар чанд соли ахир Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мекард, ки бахши аъзами он ба хориҷи кишвар арза мешуд. Вале дар ин авохир дар Тоҷикистон чанд корхонаи нассоҷӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар маҷмӯъ имкон доранд, то 80 ҳазор тонна пахтаро коркард карда ба риштаву матоъ табдил диҳанд.
7 ДАРСАДИ БУҶА АЗ ФУРӮШИ ПАХТА
Тоҷикистон имсол тасмим дорад, 400 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунад, ки нахи он аз 130 ҳазор тонна бештар хоҳад буд. Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ дар ҳоли ҳозир беш аз 7 дарсади даромади буҷаи давлат аз ҳисоби фурӯши нахи пахта таҳия мешавад. Ба қавли коршиносон агар Тоҷикистон нахи пахтаи худро дар дохил ба ришта ва матоъ табдил диҳад, нисбат ба содироти он бештар даромад ба даст меорад.
Барои мисол, агар аз як килограм нахи пахта як пироҳани мардонаи пахтагӣ тавлид шавад, он ҳудуди 90 сомонӣ ё 20 доллар қимат дорад. Вале як кило нахи пахтаи содиротӣ 3 доллару 90 сентро ташкил медиҳад. Дар сурати дар дохил коркард шудани нахи пахта Тоҷикистон аз ҳар як килограм метавонад 16 доллар даромад ва ё оидот ба даст орад. Ин амр метавонад даромади буҷаро низ ба маротиб зиёд кунад.
Ин дар ҳолест, ки нахи пахтаи Тоҷикистон яке аз беҳтарин нахҳо дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар зимн, табодули коло миёни
Тоҷирони покистонӣ тасмим доранд, ки дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди семент, нассоҷӣ, тавлиди шпритс ё сӯзандору, ҳамчунин, корхонаи тавлиди шарбати меваро роҳандозӣ кунанд...
Миёни ширкати "Вейгрупп"-и Покистон ва корхонаи нассоҷии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба қарордод ба имзо расид, ки бар асоси ин санад ширкати покистонӣ дар тавсеаи арсаи саноӣ ба ин корхона ҳудуди 25 миллион евро сармоягузорӣ хоҳад кард.
ҚАРОРДОД БАРОИ ТАВЛИДИ МАТОИ ҶИНС
Доктор Мирзо Ихтиёрбой, намояндаи ширкати "Вейгрупп" дар бораи ҳамкориҳо бо ҷониби Тоҷикистон гуфт, "дар давраи аввал тибқи ин тавофуқ мо ба Тоҷикистон матои пахтагии ба истилоҳ ҷинс ворид мекунем. Дар давраи дуввум мо фанноварӣ, мошин ва дигар дастгоҳҳои нассоҷиро ба ин корхона оварда васл мекунем. Зеро дастгоҳҳои ин корхона кӯҳна шудаанд ва барои тавлиди матои ҷинс корношояманд. Баъдан бо кӯмаки мутахассисони мо тавлиди матои пахтагини ҷинс роҳандозӣ мешавад. Ин қарордоди ҳамкорӣ тули 25 солро дар бар дорад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад