Намояндагии "Стан ТВ" аз мушкили молӣ дар амон намонд

Намояндагии шабакаи телевизиони "Стан ТВ"-и Қазоқистон фаъолияташ дар Тоҷикистонро мутаваққиф кардааст.
Дар ин бора ба радиои “Озодӣ”, масъули намояндагии ин шабака дар Душанбе Акрами Абдуқаҳҳор хабар дод ва гуфт, ин ҷо мушкили молӣ буда, танҳо дар сурати пайдо кардани сарпараст, фаъолияти худро дубора аз сар хоҳанд гирифт.
Фаъолияти намояндагии шабакаи Стан ТВ-и Қазоқистон танҳо дар Тоҷикистон мутаваққиф шуда, намояндагии он дар Қирғизистону Қазоқистон ба фаъолияташон идома медиҳанд...


Ҷаноби Абдуқаҳҳор афзуд, “аммо мутаваққиф шудани фаъолияти Стан ТВ дар Тоҷикистон ангезаи сиёсӣ надорад.”

Намояндагии шабакаи Стан ТВ, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон аз соли 2008 ба ин сӯ фаъол буд ва бештар бо номи “К+” маъруф аст, ахбори кишварро бо назарҳои мутафовити мақомоту коршиносон ва ба забони русӣ пахш мекард.

Намояндагии Стан ТВ дар Тоҷикистон 14 нафар корманд дошт, ки аз онҳо 6 нафар хабарнигор, 4 нафар муҳаррир ва 4 нафар коргардон буданд.

Тавассути ин шабака даҳҳо филми мустанад дар бораи фарҳанг ва урфу одати сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон ҳам таҳия ва намоиш дода шудааст.

Бештари сокинони Тоҷикистон аз мавҷудияти ин шабака дар ду соли ахир огоҳӣ пайдо карда ва онро тавассути моҳвора ё аз сайти интернетии ин шабака тамошо мекарданд.

Ҷаноби Абдуқаҳҳор мегӯяд, ҳоло кормандони намояндагии ин шабака дар Тоҷикистон умед доранд, ки ба зудӣ фаъолияти шабака аз сар гирифта хоҳад шуд. Вай афзуд, ҳоло онҳо дар пайи дарёфти реклом ва рекломдиҳандагон дар Тоҷикистон ҳастанд, то ба ин васила тавонанд ба кори худ идома бахшанд.

Аммо ӯ гуфт, вақте дар ин роҳ ноком шуданд, маҷбур пайи дарёфти кори дигаре хоҳанд шуд.

Фаъолияти намояндагии шабакаи Стан ТВ-и Қазоқистон танҳо дар Тоҷикистон мутаваққиф шуда, намояндагии он дар Қирғизистону Қазоқистон ба фаъолияташон идома медиҳанд.