Маркази беҳдоштии Тоҷикистон дигарбора аз ворид шудани бозичаҳои зараровар ба саломатии наврасон нигаронӣ кардааст.
Барои бори дуввум аст, ки Хадамоти санитарӣ - эпидемилогӣ бо баргузории санҷишҳо дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон мавридҳои фурӯши бозичаҳои иcтеҳсоли Чинро ошкор кардааст.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, дар пайи санҷиш чанд навъи бозичаҳо маълум шуд, ки дар ороиши бахши аъзами онҳо маводи заҳрогини фенол аз 5 баробар аз меъёр бештар будааст.
ИСТЕҲСОЛИ ЧИН
Ҷаноби Ҷаъфаров афзуд: "Чунин бозичаҳо бештар аз кишвари Чин ворид мешаванд. Дар ҳолати истифодаи меъёри хеле ками фенол ҳатто дар одамони калонсол атсаву сулфазанӣ, дарди сар, дилбеҳузуриву қайкунӣ сар мешавад. Аз рангҳои хеле рӯшану баланд ва бӯйи ногувори баъзе бозичаҳо метавон муайян кард, ки барои бозоргир шудан дар сохтани онҳо меъёри зиёди чунин моддаҳои зарароварро истифода кардаанд, ки метавонанд кӯдаконро ҳангоми бозӣ гирифтори бемориҳои шадиде аз қабили бемории роҳҳои нафас, ҷигар, бемориҳои пӯст ва ҳатто бемориҳои рӯҳӣ мубтало кунанд."
Ин дар ҳолест, ки пизишкони бемориҳои кӯдакона низ аз афзоиши чунин бемориҳо, хусусан, дар миёни кӯдакони то панҷсола, изҳори ташвиш мекунанд. Профессор Муҳаммад Ҷӯраев, пизишк-аллергологи тоҷик мегӯяд, таҷрибаи корӣ нишон додааст, ки яке аз омилҳои аслии дар миёни кӯдакони хурдсол афзоиш ёфтани бемориҳои пӯсту роҳҳои нафас, истифодаи чунин бозичаҳо метавонанд бошанд.
НИГАРОНИИ ТАБИБОН
Вале мегӯяд ӯ, мушкил дар он аст, ки волидон чунин бемориҳоро чандон ҷиддӣ намегиранд ва дар аксар маворид хеле дер фарзандонашонро ба назди мутахассисон мебаранд.
"Аз феноле, ки дар бозичаҳо истифода мешавад, сахт бемор намешаванд, лекин ин маънои онро надорад, ки падару модарон ва ё идораҳои масъул бепарво бошанд. Бояд ҳарчӣ зудтар ба духтур
нишон диҳанд кӯдакони беморро. Чунки ин сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё қайкунӣ метавонад оқибати нохуш ҳам дошта бошад. Масалан кӯдак ҳамин тавр метавонад ба бемории астма гирифтор шавад ва ё дигар бемориҳо. Бояд сари вақт ҳамин гунуна бозичаҳоро гирифта ташхис кунанд пас аз баровардани хулосаи ташхис ягон чораи зарурӣ бинанд",-афзуд ӯ.
"ХОСТАМ КӮДАКОНРО ХУРСАНД КУНАМ, АММО"
Аммо Саида Ёдгорова, сокини шаҳри Душанбе, аз зумраи модарони ҷавоне аст, ки бори нахуст зарари бозичаҳоро ба саломатии тифлонаш дарк кардааст.
Вай мегӯяд, "рости гап, мебинем кишварҳои хориҷаро, ки барои хурсандии кудконашон ҳеҷ чизро дареғ намедоранд. Ман ҳам хостам, ки тифлаконамро хурсанд кунам ва падарашон аз Русия пул фиристоду дар арафаи рӯзи ҳифзи кӯдакон қариб ба 100 доллар бозичаҳои ҳархелаву рангоранг харида овардам, ки бачаҳоям бозӣ кунанд. Лекин дар Тоҷикистони мо ҳамин хел орзуи хурдакакро ҳам намешавад барои кӯдаконат ба ҷо биёрӣ. Бегоҳии ҳамон рӯз кӯдаконам атсаву сулфазаниро сар карданд. Духтарчаи 8-моҳаам нафасгир шуд. Ба духтур нишон додам, гуфтанд, ки аз истифодаи бозичаҳо низ мешавад ин хел бемориҳо. Баъд як қисми бозичаҳоро партофтаму як қисмашонро дар об тоза шустам."
ТАҚОЗОИ ХАДАМОТИ БЕҲДОШТ
Масъулони Хадамоти давлатии санитарӣ-эпидемиологии Тоҷикистон омили ҷилавгирӣ аз вуруди бозиҷаҳои зараровар ба саломати инсонҳоро дар расман манъ кардани воридоти он тавассути марзи кишвар медонанд.
Ин аст, ки онҳо аз Хадамоти гумрук ва оҷонсии Тоҷикстандарт хостаанд, то чунин иқдомеро рӯи даст бигиранд. Ин дар ҳолест, ки масъулони оҷонсии Тоҷикстандарт мегӯянд, онҳо тамоми намудҳои бозичаҳои воридмешуда аз хориҷи кишвар, бахусус аз Чинро қабл аз ворид шуданашон ба бозор ташхис мекунанд ва барои ин кор дастгоҳу таҷҳизоти махсусро дар ихтиёр доранд.
МАНЪИ ФУРӮШИ 19 НАВЪИ БОЗИЧАҲОИ ЧИНӢ
Миралӣ Олимов муовини сардори оҷонсии Тоҷикстандарт дар ин замина гуфт: "Ташхисгоҳи мо аз соли 2007 вуҷуд дорад ва стандарти махсус ҳаст, ки аз рӯи он мо рангҳо ва моддаҳои истифодашударо дар бозичаҳо ташхис ва муайян мекунем. Ҳоло бештар баҳсҳо сари бозичаҳои аз Чин воридмешуда аст. Мо ягон намуди бозичаҳоро насанҷида дар бозор роҳ намедиҳем. Бо ин вуҷуд, бозор бозор аст ва, албатта, ҳамаи онро назорат кардан душвор аст. Чунин бозичаҳои зарароарро метавонанд одамони алоҳида, сайёҳон ҳам бо худ ба миқдори кам биёранд. Лекин дуруст аст, ки ин кори дастаҷамъист ва мо бояд барои ҳифзи кӯдконамон ҳама ниҳодҳо дар якҷоягӣ амал кунем ва пеши роҳи инро бигирем."
Дар зимн, Оҷонсии Тоҷикстандарт то имрӯз 19 навъи бозичаҳои сохти чиниро ғайриқобили истифода донистааст. Ин буд, ки дар ташхисгоҳи ин ниҳоди давлатӣ танҳо дар соли гузашта 676 номгӯи бозичаҳо мавриди санҷиш қарор дода шуда ва дар натиҷа фурӯши 445 килограмми онҳо қатъиян манъ карда шуд.
Мо ягон намуди бозичаҳоро насанҷида дар бозор роҳ намедиҳем. Бо ин вуҷуд, бозор бозор аст ва, албатта, ҳамаи онро назорат кардан душвор аст...
ИСТЕҲСОЛИ ЧИН
Ҷаноби Ҷаъфаров афзуд: "Чунин бозичаҳо бештар аз кишвари Чин ворид мешаванд. Дар ҳолати истифодаи меъёри хеле ками фенол ҳатто дар одамони калонсол атсаву сулфазанӣ, дарди сар, дилбеҳузуриву қайкунӣ сар мешавад. Аз рангҳои хеле рӯшану баланд ва бӯйи ногувори баъзе бозичаҳо метавон муайян кард, ки барои бозоргир шудан дар сохтани онҳо меъёри зиёди чунин моддаҳои зарароварро истифода кардаанд, ки метавонанд кӯдаконро ҳангоми бозӣ гирифтори бемориҳои шадиде аз қабили бемории роҳҳои нафас, ҷигар, бемориҳои пӯст ва ҳатто бемориҳои рӯҳӣ мубтало кунанд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад