Мақомот: "Фарзонаи Хуршед аз зиндон раҳо нашудааст."

Фарзонаи Хуршед (Акс аз бойгонӢ)

Додситонии нозири иҷроиши қонунҳо дар муассисоти ислоҳии вилояти Хатлон сарусадоҳо дар мавриди раҳоии овозхони маҳбус Фарзонаи Хуршедро рад мекунад.
Ҳабибулло Азимов, корманди масъули додситонии мазкур, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои "Озодӣ" гуфт, дар ин авохир дар ҷомеа ва ҳатто дар
Дар муассисаи ислоҳӣ албатта ансамбл вуҷуд надорад. Аммо шароит ҳаст. Рӯшноӣ ҳаст, кати хобу мизу курсиҳо ҳаст. Толор ҳаст, клуб доранд маҳбусон. Касе хоҳад газета мехонад, китобҳо мехонанд...

бархе аз расонаҳо овозаҳое ба ин мазмун, ки гӯиё овозхони ҷавони тоҷик Фарзонаи Хуршед пинҳонӣ аз маҳбас раҳо шуда, ҳоло дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, зиёд паҳн мешаванд.

Вай ин сарусадоҳоро бепоя хонда, афзуд, Фарзона бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне шарикӣ дар ҷиноят ва мусоидат дар фирори дӯстписараш аз маҳбас, муттаҳам дониста шуда, дар беш аз як соли ахир дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак ба сар мебарад.

Ҳабибулло Азимов
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Фарзонаи Хуршед хостори мулоқот бо намояндаи додситонӣ шудааст. Ҳабибулло Азимов дар ин иртибот гуфт:
"Вақти боздид аз маҳбаси воқеъ дар Норак, бо дархости Фарзонаи Хуршед, бо ӯ вохӯрдам. Вай пурсид, ки "оё қонуни афв имсол қабул мешавад ё не? Кай мо озод шуда метавонем?"

Ин нафақат муроҷиати Фарзонаи Хуршед аст, ба кадом муассисаи ислоҳӣ, ки биравем ҳам садҳо маҳбуси дигар дар масъалаи "эълони авф" аз мо мепурсанд. Аммо ӯ ягон норизоятӣ аз ҳукми суд, шароитҳои адои ҷазо ва ё нисбат ба дигар масъалаҳо надорад…

ФАРЗОНА АВФ МЕШАВАД?

Озодӣ: Оё масъалаи қабл аз мӯҳлат ба озодӣ баромадани Фарзонаи Хуршед дар миён ҳаст?

Азимов: "Пешакӣ дар бора чизе гуфтан наметавонам ва ин ҳақро надорам, то замоне ки мақомоти қонунбарор ин гуна қонунро қабул накунад. Лекин аз рӯйи таърих ва таҷрибае, ки дорем, маъмулан пеш аз ҷашнҳои азими давлатӣ ҳамчун як амали башардӯстона аз тарафи давлат қонуни авф қабул мешавад. Ҳам маҳкумшудаҳо ва ҳам онҳое, ки нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудааст, метавонанд бо қабули қонуни авф ё ба озодӣ бирасанд ё мӯҳлати адои ҷазояшон кӯтоҳ мешавад. Албатта, имкон дорад то ҷашни 20-солагии истиқлолият чунин қонун қабул шавад, аммо намедонам, ки нисбат ба Фарзонаи Хуршед татбиқ мешавад ё не. Агар ин қонун ба қонунҳои пешин монанд бошад, он моддаҳое, ки Фарзонаро айбдор кардаанд, муҷозоти чандон сангинро дар назар надорад ва метавонад авф бишавад…"

"ШИКОЯТ НАДОРАД"

Фарзонаи Хуршед ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ)
Ҷаноби Азимов ҳамчунин гуфт, вазъи сиҳҳатии Фарзонаи Хуршед дар зиндони занона мӯътадил буда, ҳамарӯза се дафъа бо ғизо таъмин мешавад. Бино ба маълумоти расмӣ, барои таҳияи таоми якрӯза ба маҳбуси муассисаи ислоҳӣ аз буҷаи давлат 1 сомонию 97 дирам ихтисос дода мешавад.

Аммо Ҳабибулло Азимов гуфт, барои ғизои маҳбусони зиндони занонаи Норак маблағи бештар аз ин ироа мешавад. Вай афзуд, Фарзонаи Хуршед шикояте дар мавриди камбуди ғизо дар маҳбас ва нақзи ҳуқуқҳояш низ надоштааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Сурайё Қосимова, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва модари Фарзона, наметавонад бигӯяд, ки то куҷо ҳуқуқҳои духтараш дар маҳбас риоят мешаванд ё хайр. Вай гуфт, дар ҳашт моҳи ахир ба сабаби бистарӣ будан аз дидори Фарзона маҳрум мебошад ва на аз мақомот ва на аз пайвандонаш, ки ба дидори Фарзона мерасанд, дар бораи шиканҷаву озор дидани духтараш ва ё нақзи дигар ҳуқуқҳои ӯ паёме дарнаёфтааст.

СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: "ФАРЗОНА ИБОДАТ МЕКУНАД"

Cурайё Қосимова дар ҳавлии додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ
"Дар зарфи 8 моҳи ахир Фарзонаро надидам, чунки бемори бистариам. Хоҳараш Шабнам ва дигар пайвандон ба мулоқоту дидорбиниаш мераванд ба маҳкама. Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳояш намедонам, аммо барои дидору мулоқот бо Фарзона ягон мушкил эҷод намекунанд",-афзуд ӯ.

Озодӣ: Пайвандонатон аз Фарзона ягон паёме мерасонанд, ки масалан, чӣ ҳол дорад?

Сурайё Қосимова: "Хуб аст ҳолаш, шукри Худо. Намоз мехонад, ҳамеша дар ибодати Худост…"

Озодӣ: Намояндаи додситонӣ гуфт, ки барои таъмини ғизои як маҳбус дар зиндони занона дар як рӯз ҳудудан 3-4 сомонӣ ихтисос дода мешавад. Фикр мекунед, кофӣ ҳаст?

Сурайё Қосимова: "Аз дастамон дигар чӣ меояд. Ҳар чӣ метавонем, дар доираи имкону тавонмандӣ Фарзона ва дигаронро дастгирӣ мекунем."

Озодӣ: Яъне ғизои Фарзонаро асосан шумо ва пайвандонатон таъмин мекунед?

Сурайё Қосимова: "Бале, ҳамин тавр. Умедамон ба авф аст, то зудтар ба озодӣ бирасад."

ФАРЗОНА ТАРОНАҲОИ НАВ ЭҶОД МЕКУНАД?

Ба зиндон маҳкум шудани Фарзона вокуниши овозхонҳоро ба бор оварда буд...
Хонум Сурайё аз он сӯи гӯшии телефон, ки ба ҷойи садои занги муқаррарӣ оҳанги зебое дар иҷрои духтараш Фарзона шунида мешуд, афзуд, ки пас аз зиндонӣ шудан духтараш беш аз ҳар вақти дигар ба ибодату мутолиа ва эҷоди шеъру тарона сарукор доштааст: "Дар он ҷо дигар бекор ҳастӣ, мешинӣ, менависӣ, эҷод мекунӣ, месароӣ…"

Озодӣ: Баъзе овозаҳо ҳастанд, ки гӯиё дар зиндон албоми навашро омода карда истодааст Фарзона…

Сурайё Қосимова: "Албомашро-ку намедонам. Лекин доим менависад, суруд менависад, тамрин мекунад, тайёр мекунад, мехонад."

Озодӣ: Шароити сабту омодасозии суруду таронаро дорад магар?

Сурайё Қосимова: "На, он ҷо кӣ сабт мекунад? Дар рӯйи коғаз менависад, худ ба худ оҳанг месозаду суруд омода мекунад. Он ҷо шароити сабти суруд аз куҷо?!"

"ДАР ЗИНДОН АНСАМБЛ НЕСТ..."

Машғули эҷод будани Фарзонаи Хуршед дар маҳбаси занонаи Норакро Ҳабибулло Азимов, корманди масъули додситонии нозири иҷроиши қонунҳо дар зиндонҳои Хатлон, тасдиқ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, Фарзона дар «роҳи ислоҳ шудан» қарор дорад ва ҳоло бештар ба мутолиаи адабиёти мазҳабӣ ва намозгузорӣ машғул будааст: "Дар муассисаи ислоҳӣ албатта ансамбл вуҷуд надорад. Аммо шароит ҳаст. Рӯшноӣ ҳаст, кати хобу мизу курсиҳо ҳаст. Толор ҳаст, клуб доранд маҳбусон. Касе хоҳад газета мехонад, китобҳо мехонанд. Китобхонаи хубе вуҷуд дорад он ҷо. Ҳатто ба китобҳои динию мазҳабӣ ҳам дастрасӣ ҳаст. Барои тоату ибодат, намозгузорӣ ҷойи махсусе ҳаст, ки аз он фаровон истифода мекунанд. Ҳеҷ як ҳуқуқе, ки ҳамчун маҳбус доранд, маҳдуд карда намешавад, дар доираи қонун."
Фарзонаи Хуршед ҳангоми овозхонӣ бо Муин, овозхони маъруфи эронӣ дар Душанбе (Акс аз бойгонӣ)

Овозхони 22-солаи тоҷик Фарзонаи Хуршед 23-юми феврали соли гузашта бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ду соли зиндон маҳкум шуд ва то поёни адои ҷазояш дар маҳбас чизе беш аз ним соли дигар боқӣ мондааст.

Фарзонаро ҳоло дар ҷомеаи ҷавонон ва ҳаводорони садояш «маҳбуси ишқ» ном мебаранд. Чун моҳи январи соли гузашта номзади Фарзона - Фаррух, ки ба "қаллобӣ" муттаҳам шудааст, дар анҷоми яке аз мурофиаҳои додгоҳӣ алайҳи ӯ, аз толори додгоҳ фирор намуда, Фарзонаро бо худ гирифтааст. Пас аз чанде ин ҳардуро дар минтақаи Варзоб, 15-километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон, боздошт кардаанд. Дар пайи ин ҳодиса, Фарзона бо ҷурми мусоидат ба фирори дӯстписараш аз маҳбас маҳкум ба зиндон шуд.

Фарзонаи Хуршед духтари ҳунарманди маъруфи тоҷик Сурайё Қосимова ва хоҳари хурдии Шабнами Сурайё, яке дигар аз чеҳраҳои шинохта дар олами мусиқии поп, мебошад, ки ҳанӯз дар хурдсолӣ вориди саҳнаи эстрадии Тоҷикистон шуд ва бо таронаҳои «Модар», «Ҷӯраҷон, хона биё» ва «Эй, ошиқони бедил» дар байни ҷавонон маъруф гардид.