Стивенсон: "Русия ба Роғун ҳақ надорад"

Струан Стивенсон, узви парлумони Аврупо сафараш аз Тоҷикистонро бо ошноӣ аз маҳалли бунёди нерӯгоҳи Роғун поён дод.
Ба гуфтаи ҷаноби Стивенсон, вай дар сафар ба маҳалли ин сохтмон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ буда ва аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ огаҳ шудааст. Ҷаноби Стивенсон шаби сешанбе пас аз анҷоми боздидаш аз Тоҷикистон ва ба хусус нерӯгоҳи Роғун, дар сӯҳбат бо хабарнигорони ду шабака- Радиои Озодӣ ва Би- Би-Сӣ гуфт, ки Бонки Ҷаҳонӣ талош дорад, бо баргузории ташхиси зистмуҳитӣ ва фанниву иқтисодӣ дар роҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, чароғаки сабзро рӯшан кунад.

ФАСОДИ МОЛӢ ДАР РОҒУН?

Ҳамзамон ҷаноби Стивенсон аз сӯҳбати дусоата бо президент Раҳмон ва боздид аз сохтмони ин нерӯгоҳ изҳори хушнудӣ кард ва гуфт, ки дар ин сохтмон ҳоло ҳудуди 7 ҳазор нафар кор мекунад. Вай дар посухи суоли хабарнигори Би- Би-Сӣ дар робита ба он, ки коргарон аз ба даст наовардани моҳонаи комил, вуҷуди муҳосиботи дугона, фасоди молӣ, сирқати амволи давлатӣ дар ин нерӯгоҳ норозианд, чунин посух дод: «Албатта дар чунин сохтмон фасод вуҷуд дорад. Сохтмончиён дар ҳузури президент дар бораи фасодкории бархе аз идороти ин сохтмони азим шояд кадом бахшҳои ёрирасон, ки аломатҳои фасод вуҷуд дорад, шикоят карданд. Табиист, ки бархе аз ашхос мехоҳад аз ҳисоби ин сохтмони бузург пул ба даст орад. Вале ин ҳадафи он раҳбароне, нест, ки мехоҳанд ин нерӯгоҳро бунёд кунанд. Ба назари ман ин масъалаи калидӣ дар сохтмони ин нерӯгоҳ нест.»

САФАРИ АВРУПОИИ РАҲМОН

Ҳамзамон Струан Стивенсон дар посух ба РО, ки масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи президент Раҳмон дар Аврупо ва дидору гуфтугӯ бо раҳбарони ин кишварҳо матраҳ аст, гуфт, «ҳадаф аз сафари кӯтоҳи ман ба Тоҷикистон ва гуфтугӯ бо президент Раҳмон низ ҳамин буд. Ман хостам пеш аз сафари президент ба Аврупо дар бораи сохтмони ин нерӯгоҳ иттилои бештар ва дақиқе ба даст оварам ва парлумони Аврупоро дар ҷараёни аҳамияти ин нерӯгоҳ дар рушди кишварҳои минтақа қарор бидиҳам. Ба ин далел, ки на ҳама вакилони парлумони Аврупо дар бораи аҳамияти нерӯгоҳи Роғун иттилои кофӣ дар даст доранд. Гузашта аз ин, ман барои баргузории дидору гуфтугӯҳои раҳбарони кишварҳои Аврупо бо Раҳмон мусоидат хоҳам кард.»

ЧАРО УЗБАКИСТОН МУХОЛИФ АСТ?

Суол: Ҷаноби Стивенсон модом, ки сохтмони Роғун барои пешрафти иқтисоди минтақа аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст, пас чаро Узбакистон ба ин тарҳ мухолиф аст?

Посух: Ман мавқеи Узбакистон ва далели мухолифаташро нафаҳмидам. Ман барои навиштани гузориши худ дар робита ба аҳамияти Роғун мушкилоти панҷ кишвари минтақаро омӯхтам ва сохтмони обанбори Роғун барои таъмини обу обёрӣ дар минтақа муҳим аст. Гузашта аз ин сохтмони нерӯгоҳ барои Узбакистон низ фоидаовар аст. Зеро метавонад нерӯи барқи арзонро аз Тоҷикистон ворид кунад ва нафту гази худро барои тавлиди нерӯи барқ масраф накунад ва ин нафту газро бифурӯшад ва аз он даромад ба даст орад. Узбакистон бояд бифаҳмад, ки нерӯгоҳи Роғун на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои пешрафти иқтисоди тиҷорати кишварҳои поёноб низ аҳамияти бузург дорад.

"ТОҶИКИСТОН АЗ РУСИЯ ҚАРЗДОР НЕСТ"

Суол: Ҷаноби Стивенсон Шумо фикр намекунед, ки мухолифати Узбакистон ба сиёсати Русия дар минтақа гиреҳ хӯрдааст ва мухолифи аслӣ Русия аст. Ба ин далел, ки Русия 70 дарсади корҳои сохтмонии анҷомшуда дар ин нерӯгоҳ дар замони Шӯравиро моли худ медонад?

Посух: Дар сӯҳбате, ки бо президент Раҳмон доштам, вай гуфт, ки Тоҷикистон аз Русия қарздор нест ва Тоҷикистон тамоми қарзҳои худро пардохт кардааст.

Суол: Манзур аз Русия ин қарз нест, балки Русия 70 дар сади корҳои анҷомшуда дар замони шӯравиро барои он моли худ медонад, ки Русия расман вориси давлати шуравӣ шинохта шудааст?!

Посух: Ман ин иддаоҳои Русияро намепазирам ва Русия ҳақ надорад, барои корҳои дар замони шуравӣ кардааш ҷубронпулӣ, контрибутсия ва ё товон талаб кунад. Агар ҳамин хел бошад, дар он сурат Русия бояд ба Қазоқистон товонпулӣ бидиҳад, ки тӯли 40 сол бо озмоишҳои ҳастаии худ дар Қазоқистон ба мардуми ин кишвар осеб расонидааст. Ман ин мавзӯъро дар яке аз гузоришҳои худ матраҳ карда будам.

Ташаккур.