Ин ҳафта ҳамкори мо, Абдуқаюми Қаюмзод бо Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон ва собиқ иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон сӯҳбат кардааст.
Вай дар оғози сӯҳбат посухи ин суолро пурсидааст, ки оё Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ таҳти фишори Фронти халқӣ доир шуда буд?
Акбаршоҳ Искандаров: На. Ин гапҳо воқеият надорад. Ягон кас маҷбур насохтааст ва махсусан Фронти халқӣ. Фронти халқӣ умуман дар тараддуди он набуд, ки масъала бо роҳи конститутсионӣ ҳал ва иҷлосия доир шавад. Мо худамон - раёсати Шӯрои олӣ тасмим гирифтем ва ӯҳдадор шудем, ки иҷлосия доир шавад. Ман аз чанд ҷо шунидам, ки гӯиё Кенҷаев ва гурӯҳи ӯ мехостанд, ки иҷлосия баргузор шавад. Вақте онҳо бо қувва дохили пойтахт шуданд, чандин нафар аз мардум кушта ва бархе аз қисматҳои шаҳр валангор гардид. Мо бо Кенҷаев мулоқот кардем. Пас аз ин, ӯ рафт, дигар ягон гап дар бораи баргузории сессия набуд ва ӯ кадом таъсире ҳам гузошта наметавонист. Чунки он гурӯҳе ки бо вай омад, дигар пароканда шуда, касе аз онҳо ӯро гӯш намекард. Ин ташаббуси худи раёсати Шӯрои олӣ буд.Ман гуфтанӣ ҳастам, ки ягон хиёнат ба давлат ва ватанам накардаам, аз ин рӯ чаро ман бояд кор накунам ва дигар ин ки ман Раҳмоновро то он давра ҳам мешинохтам...
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“ВАЗИФА МУҲИМ НАБУД!”
Озодӣ: Вақте иҷлосия дар Хуҷанд доир шуд номзадии як нафар барои раисии Шӯрои олӣ пешниҳод шуд ё номзадҳои дигар ҳам буданд?
Акбаршоҳ Искандаров: Пеш аз он ки ин иҷлосия доир гардад, мо як маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ доир кардем, то ки дурнамо ва ояндаи ватан ва давлати худро муҳокима кунем. 2 ҳазор одам даъват шуд аз тамоми Тоҷикистон. Сардорони нерӯҳои сиёсӣ ва нерӯҳои мусаллаҳ ҳам даъват шуда буданд. Намояндагони ҳизбҳо, ҳаракатҳо ва созмонҳо ҳама ширкат доштанд. Мо ин масоилро дар он ҷо муҳокима кардем. Ёдатон бошад, мо як муроҷиатнома ҳам қабул карда, истеъфои аъзои Шӯрои олиро эълон дошта будем. Ҳоло бисёре аз одамҳо мегӯянд, ки медонистӣ, чаро рафтӣ? Дар ҳамон давра барои ман он қадар ҳатмӣ набуд, ки дар вазифа мемонам ё намемонам. Барои ман ором кардани вазъият муҳим буд. Мо мехостем, ки як одам ҷавоби ин вазъро надиҳад ва ҳамаи мардум ҷамъ шаванд ва вазъиятро таҳлил кунанд ва як хулоса бароранд ва коре кунем, ки пеши роҳи ҷангро гирем. Ҳол онки он вақт ҷанг ҳам набуд. Як гурӯҳе бо гурӯҳи дигар бо ҳам мезад ва ин маънои ҷанги гражданӣ ва ҷангро надошт. Ин хел набуд. Лекин, мутаассифона, вақте он ҷо рафтем ва иҷлосия шурӯъ шуд, вакилони алоҳида ба ҷойи баррасии масъалаҳои муҳим масъалаи тақсими вазифаву мансабро пеш гузоштанд. Ҳатто имконият надоданд, ки масъалаҳои ба рӯзнома пешниҳодшуда, ки аз ҷониби комиссияи махсуси Раёсати Шӯрои олӣ баррасӣ ва таъйид шуда буд, ба муҳокима гузошта шавад. Раёсати Шӯрои олӣ, мутаассифона, ба ҳадафе, ки дошт, нарасид.
“НАБИЕВ АВЗОЪОРО НАЗОРАТ КАРДА НАМЕТАВОНИСТ”
Озодӣ: Ба ҳар сурат бо чӣ мақсад Шумо ба Хуҷанд рафтед?
Акбаршоҳ Искандаров: Мо маслиҳати пешакӣ бо хешу табори обрӯманди Раҳмон Набиев доштем, ки як нафарро аз наздиконаш Набиев барои ноиби раёсати ҷумҳурӣ таъйин кунад. Нафаре боэътимод барои худи Раҳмон Набиев. Чунки ӯ дигар авзоъро назорат карда наметавонист, балки дурусттараш ба ӯ чунин имкониятро намедоданд. Мо гуфтем, ки аз вилояти Ленинобод аз хешовандони худи Набиев якеро ноиби раиси ҷумҳурӣ бояд таъйин кунад. Дар иҷлосия мо бояд ӯро тасдиқ кунем. Зеро дар шароите, ки раисиҷумҳурӣ ҳаст, Шӯрои олӣ салоҳияти чандоне надорад. Вале воқеияти онрӯза чунин буд, ки амалан раисиҷумҳур ягон коре намекард. Ҳарчанд дар бораи раёсати Шӯрои олӣ гапҳои ҳархела мегуфтанд, аммо он ягона ниҳоде буд, ки кам ҳам бошад корҳоро анҷом медод. Аз ин рӯ мақсади асосии рафтан ба онҷо пеш аз ҳама ҳал кардани масъалаи сардори давлат – раисиҷумҳур буд. Чаро мо дар он ҷо пеш аз иҷлосия ҳамаи мардумро даъват карда будем? Роҳбарони аҳзоб, қумондонҳо ва ҳатто то раисони ҷамоатҳоро даъват кардем, то бифаҳмем ва таҳлил намоем, ки эй мардум биистед, ки куҷо рафта истодаем. Мутаассифона, ин хел нашуд. Ҳадафе, ки мо доштем он амалӣ нашуд. Ва боз ба “интихоб” ва тақсими курсиҳо машғул шудем.
“УЗБАКИСТОН НАМЕХОСТ, КИ...”
Озодӣ: Аммо чаро ҳукумати Русия ва Узбакистон аз раёсати шумо ҷонибдорӣ накард, чӣ сабаб буд, ки ба ҳукумати зери раҳбариии Шумо ёрӣ надоданд?
Акбаршоҳ Искандаров: Аввал ин аст, ки ман роҳбари давлат набудам...
Озодӣ: Ба ҳар сурат, иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур будед...
Акбаршоҳ Искандаров: Иҷрокунандаи раисиҷумҳур ва раиси Шӯрои Олӣ будам. Вазъият он вақт чӣ тавр буд? Ман ба сифати иҷрокунанда ҳамагӣ як моҳ кор кардам. Давоми ин як моҳ ман бо Б.Елсин, И.Каримов, Н.Назарбоев мулоқот доштам. Бо Егор Гайдар, сарвазири Русия дар ҳузури Елсин дар мавриди додани дивизияи 201 ба ихтиёри Тоҷикистон қарордод имзо кардам. Ин қарордод имзо шуд. Ва мувофиқи дастури Елсин он мебоист дар Алмаато ҳамроҳ бо раисони ҷумҳурии Осиёи Миёна муҳокима мешуд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Мо омадем ба Алмаато дар онҷо сӯҳбатҳо доир шуд. Аз ҷониби Русия Андрей Козирев - вазири хориҷӣ иштирок дошт. Баҳсҳо зиёд буд ва махсусан Узбакистон намехост, ки дивизия ба Тоҷикистон дода шавад. Ман дар он ҷо гуфтам, ки мо хоҳиш намекунем, ки дивизияро ба мо диҳед, балки мо талаб дорем. Зеро мо ҳам дар ҳайъати Шӯравӣ як ҷумҳурии алоҳида будем. Он вақт округи ҳарбии Осиёи марказӣ тақсим шуд. Узбакистон ва Қазоқистон ҳиссаи худро гирифтанд, вале Тоҷикистон нагирифта буд. Тибқи қонунҳо чун ин дивизия дар қаламрави мост, бояд ба мо вогузор шавад. Қаблан, аз тарафи Шӯрои олӣ ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи гирифтани ин дивизия муроҷиатнома ҳам қабул шуда буд. Лекин он гирифта нашуд. Ба истиснои Каримов дигарҳо розӣ шуданд. Назарбоев гуфт, ки шумо чӣ ҷангҷол мекунед, он чи барои мо тааллуқ доштем, гирифтем, ин баҳси Русия ва Тоҷикистон аст. Агар ин ду розӣ бошанд, чаро мо мухолифат кунем. Аммо пеш аз имзо аз тарафи Русия масъалагузории зиёд ҳам буд, ки дар кадом шароит метавонанд дивизияро ба мо диҳанд ва ё надиҳанд. Елсин таъсиси Шӯрои давлатиро пешниҳод дода буд. Гуфт, барои он ки эмин бошанд, ки дивизия ба дасти исломиҳо намерасад, як нафар аз онҳо низ узви Шӯрои давлатӣ бишавад.
“КОЗИРЕВ САБАБГОРИ ИДОМАИ ҶАНГ ШУД”
Озодӣ: Пешниҳоди ташкили Шӯрои давлатӣ аз Русия буд?
Акбаршоҳ Искандаров: Аз мо набуд, аз Русия буд. Барои он ки ман ҳама вақт муқобили ташкил ва таъсис додани сохторҳои ғайриконститутсионӣ будам. Вақте ки Раҳмон Набиев аз вазифа рафт, талошҳо барои ташкили чунин сохторҳо хеле зиёд буд. Бо пофишории банда ва низ дар натиҷаи рақобати касоне, ки раиси Шӯрои давлатӣ шуданӣ буданд, мо як сохтори дигари ғайриконститутсионӣ таъсис надодем. Дар он ҷо ҳам ман муқобил будам. Вале гуфтанд, ки шарти асосии мо ҳамин аст, ки Шӯрои давлатӣ бояд бо роҳбарии раиси Шӯрои олӣ ташкил дода шавад. Масъаларо мо дар раёсати Шӯрои олӣ маслиҳат ва мувофақа кардем. Баъзе аз нафароне, ки дар вазифаҳои давлатӣ кор мекарданд, бояд узви Шӯрои давлатӣ ҳам мешуданд. Бо Елсин маслиҳат кардем. Пешниҳод шуд, ки генерал Мӯҳриддин Ашӯров узви ин Шӯро мешавад.Мо гуфтем, ки бигзор ҳатто муовини раиси Шӯро бишавад. Баъд аз ин, мо дар бораи дивизия қарордод имзо кардем. Ман рӯзноманигоронро даъват карда будам, ки аз таъсиси Шӯрои давлатӣ эълон мекунем. Вале чун Андрей Козирев ин ҷо омад масъала ранги дигар гирифт. Ё ки мулоқоти вай бо фармондеҳони полки дар Қӯрғонтеппабудаи дивизияи 201 ва ё таъсири мулоқотҳояш дар Кӯлоб, ё ин ки вақте мо дар Маскав будему дар ин ҷо Мулло Абдуғаффор як гурӯҳ талабаҳои мактаби русии шаҳри Душанберо гаравгон гирифт сабаб шуданд ё таъсир карданд, ки фикрашон иваз шуд. Мо дигар натавонистем ин Шӯроро ташкил диҳем ва ҳамин тавр дар масъалаи қарордод дар бораи дивизияи 201, ҳам ки бояд эълон мекардем Козирев гуфт як бори дигар маслиҳат зарур аст. Пас ӯ аз ин ҷо рафт. Ба фикри ман, яке аз онҳое, ки барои сулҳу созиш дар Тоҷикистон халал расонд ва сабабгори идомаи ҷанг шуд ҳамин Козирев буд. Аз ин ҷо маро бо ҳамроҳаш фиреб карда бурд ва мо натавонистем, ки аз имзои ин қарордод ба мардум бигӯем ва дигар вазъият як каме харобтар шуд.
ЧАРО НАБИЕВ ДАР МАҚОМАШ БАРҚАРОР НАШУД?
Озодӣ: Дар ин миён мудохилаи кишварҳои беруна ба авзоъ тақрибан ошкор шуда буд ва он гурӯҳе ҳам, ки худро мубориз барои барқарории ҳокимияти конститутсионӣ муаррифӣ карда ва бо ҳамин шиор ба майдон омад, чаро Набиевро дар мақомаш барқарор накард?
Акбаршоҳ Искандаров: Аввал ин аст, ки мафҳуми муборизони пойдории ҳокимияти конститутсионӣ умуман хато буд. Истифодаи ин таъбир нодуруст буд. Барои чӣ? Барои он ки дар он вақт ҳама сохторҳои давлатӣ амал мекарданд. Чӣ гуна онҳо ғайри конститутсионӣ будаанд. Раисиҷумҳур Раҳмон Набиев фаъолият дошт. Шӯрои олӣ фаъолият мекард, ҳукумат кор мекард. Он ҷо, чуноне қаблан ҳам зикр кардам, мебоист ба рафтани раисиҷумҳур баҳои ҳуқуқӣ дода мешуд, ки дуруст рафтааст ӯ ва ё ҳоло ҳам ӯ раисиҷумҳур аст? Ман фикр мекунам, ки дар иҷлосияи Хуҷанд таъсир ва халалрасонии кишварҳои манфиатдор буд, ки Раҳмон Набиев барнагардад. Аз ин сабаб буд, ки ҳокимияти раёсати ҷумҳуриро ҳам барҳам заданд. Ҳадаф чӣ буд, ҳадаф ин буд, ки як шахси муваққатие, дар давоми то шаш моҳ раиси Шӯрои олӣ шавад. Ба ман ҳам
пешниҳод карданд. Ба унвони ягона шахси ба таъбири русӣ бигӯем “легетимний должностной лицо” шумо ҳастед, шумо метавонед раиси Шӯрои олӣ шавед ва бо ҳамин ҳокимияти президентиро барҳам диҳем. Ҳамин гуна пешниҳодҳоеро барои ман матраҳ карданд, ки барои ман қобили қабул набуд ва ман рад кардам.
“ИСЛОМ КАРИМОВ, ДУШАНБЕ ВАЛАНГОР МЕШАВАД”
Озодӣ: Бо Ислом Каримов ҳам сӯҳбатҳо доштед?
Акбаршоҳ Искандаров: Бо Ислом Каримов чандин бор гап задам. Вақте Кенҷаев ва ҳамроҳонаш ба Душанбе ҳамла кард ба ӯ телефон кардам. Гуфтам, Ислом Каримов шаҳри Душанбе валангор мешавад. Бо ин мардуми ба Душанбе омада гап занед, ки бубинем, онҳо кӣ ҳастанд ва чӣ ҳастанд, чи мехоҳанд бо мо ҳамсӯҳбат шаванд. Гуфтанд, ки ман онҳоро намешиносам, ин кори дохилии худатон, вазъияти дохилии худатон, худатон ҳал кунед. Бо дахолати Каримов, Кенҷаев баъд аз 15 дақиқа ба ман занг зада изҳор дошт, ки барои музокира омодааст.
Озодӣ: Дар бораи истеъфои маҷбурии Раҳмон Набиев ҳам сару садоҳо зиёд аст. Мегӯянд, ки барои иҷрои ин кор дохилиҳо дастур ё «заказ»-и берунаҳоро иҷро карданд?
Акбаршоҳ Искандаров: Сад дар сад итминони комил дорам, ки шодравон Набиев бо дахолати қувваҳои берунӣ ба вазифа барқарор нашуд.
ДАР БОРАИ ИСТЕЪФОИ МАҶБУРИИ НАБИЕВ
Озодӣ: Манзурам истеъфои ҷабрии Набиев дар фурудгоҳ буд, ки гуфта мешавад нақшаи хадамоти махсус аз берун буд, вале бо дасти ин гурӯҳ анҷом шуд, то ҷараёни расидан ба ҳадаф сареътар пеш равад...
Акбаршоҳ Искандаров: Вақте ин ҳодиса сурат гирифт, барои таҳқиқи он як гурӯҳи махсус ташкил додем. Аммо ин комиссия кори худро ба анҷом расонида натавонист. Чизе, ки ҳоло медонам ин аст, пеш аз он ки гаравгон гирифта шавад, ба ман телефон карданд. Гуфт, ки наздаш биравам. Вақте рафтам, гуфт, ки бояд дар Хуҷанд як ҷаласа доир шавад ва раёсати Шӯрои олӣ ва аъзои ҳукуматро ҳам бояд он ҷо бубарам. Гуфтам, ки онҳо дар итоати ман нестанд, гӯш намекунанд ва бояд бо онҳо худатон сӯҳбат кунед. Гуфтанд бо
Ҷамшед Ҳилолович Каримов, ки и.в сарвазир буд, сӯҳбат кунам. Телефон карда ба ӯ гуфтам. Баъд ба Набиев расонидам, ки аъзои раёсати Шӯрои олӣ одамоне нестанд, ки бархезед биравем гӯӣ, аз ҷо хезанду раванд. Онҳоро бояд ман бифаҳмонам, ки бо кадом мақсад меравем, чи масоилро баррасӣ мекунем ва ба кадом хулоса меоем. Гуфтанд, ки авзои кишвар ба ҳама маълум, аз ҳамин мағалу кашокаш як каме дуртар равему дар як ҷои ором нишаста маслиҳат намоем, ки чӣ кор кунем, ҳоло ки ҳатто сарвазир ҳам надорем, як нафарро сарвазир таъйин кунем, ноиби раисиҷумҳурро низ маълум намоем ва масоили дигарро ҳам бояд муҳокима намоем. Ман раёсати Шӯрои олиро даъват карда, масъалаи рафтанро дар миён гузоштам, ки гуфтам раисиҷумҳур ҳамин хел мехоҳад. Таъкид кардам, ки бояд ӯро дастгирӣ карда ҳамроҳаш биравем. Муҳокима тӯлонӣ шуд. Баъзе аз аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ гуфтанд, ки намеравем ва сабаб оварданд, ки пойтахти кишвар ин ҷост, чаро барои муҳокимаи вазъ Раҳмон Набиев ба он ҷо биравад. Ҷамшед Каримов омодагии худро барои рафтан ба Хуҷанд изҳор дошт. Аммо муҳокимаи аъзои Шӯрои олӣ тӯл мекашид. Ин вақт Анатолий аз муҳофизони Набиев занг заду гуфт, ки онҳо дар фурудгоҳанд. Ман ба вай вазъияти баҳси аъзои Шӯроро фаҳмонида гуфтам, ки шумо савор шаведу равед мо аз қафо меоем. Ба Ҷамшед Ҳилолович ҳам занг зада гуфтам, ки ҳамроҳ бо президент равад. Ҷамшед Ҳилолович гуфт, ки ҳамроҳи президент дар як самолёт савор шуда намеравад. Бо русӣ ва лаҳни нафари норозӣ сӯҳбат кард. Онҳо низ омаданд, аъзои кобинаи Шӯрои вазирон, худи иҷрокунанда ва муовинонаш дар утоқи кории ман ҷамъ шуданд. Маслиҳат ҳамин тавр шуд, ки меравем. Чанд нафар гуфтанд ки намераванд. Ман гуфтам, ки касе намеравад аризаашро нависад ва аз кор равад.
Баъзеашон эътироз карданд, ки раёсати Шӯрои олӣ ҳуқуқи аз кор озод кардани моро надорад. Ман гуфтам, ки шумо аризаро нависед, баъд маслиҳат ва дар сессия пешниҳод мекунем. В.Приписнов – муовини раиси Шӯрои Олӣ, гуфт, ки намеравад ва аризаашро навишт. Қозӣ-домулло ҳам гуфтанд, ки намераванд. Ман ошёнаи аввал фаромадам, ки журналистон тибқи одат дар ҳар ҷое зарур ҳаст - нест пайдо мешаванд, ҷамъ омадаанду савол доданд, ки чаро меравед? Ман рӯирост гуфтам, ки меравем то авзои ҷумҳурӣ ва ояндаи давлатдориамонро муҳокима кунем. Маслиҳат кунем, ки раисиҷумҳури мо кор мекунад ва ё намекунад. Ҳамин гуна як шӯхиомез сӯҳбатҳо ҳам кардам, ки раисиҷумҳур мавқеашро муайян ва як ноиби президент таъйин кунад, сарвазир бояд дошта бошем. Вақте фурудгоҳ расидам, ки Набиев дар вазъи ногувор, гиреҳи галстукаш кашолу кушода ва нишастааст. Ба ман касе аҳамият ҳам надод. Мулло Абдуғаффор он ҷо буд. Албатта, баъзе ба истилоҳ “геройҳо” ҳам он ҷо буданд. Телефон кардам ба раисии КАМ -- Шарифов Шаҳоб ва пурсидам, ки дар куҷо аст. Зеро он ҷо овозаву воҳима пур буд, ки ҳамаро бо снайперҳо иҳота кардаанд. Вақте даромадам, яке аз муҳофизони Набиевро, ки аз пояш тир хӯрда буд, берун мебароварданд. Раиси кумита пурсид, ки раисиҷумҳур дар куҷо аст. Гуфтам, дар фурудгоҳ асту аммо ту чаро намедонӣ, дар ҳоле ки раиси КГБ ҳастӣ? Гуфт, ба ман нагуфтааст, ки меравам. Ман гуфтам, ки вай ба ту нагӯяд ҳам, лекин ту бояд донӣ. Ҳамин тавр ба ВКД ҳам занг задам, ҳеҷ кас намедонад, ҳама баҳузур истодаанд. Баъд ду БТР омад. Дидам он нафароне, ки аз он пиёда шуданд ва онҳое ки дар атрофаш буданд бо ҳам канор гирифтанду оғӯшба оғӯш шуданд. Ман ба худ гуфтам, ки дигар тамом, кори шудагӣ шуд. Барои он ки касоне, ки дар болои БТР буданд ва онҳое ки дар поин истода ва мо дар муҳосираашон қарор доштем, бӯсобӯс мекарданд, яъне ҳамдигарро мешинохтанд онҳо.
Озодӣ: БТР-ҳои русӣ буданд?
Акбаршоҳ Искандаров: БТР-ҳои мо, аз ВКД буданд. Маро Раҳмон Набиев даъват кард. Пурсид, ки агар ман аз вазифа равам, сулҳ мешавад? Гуфтам, ки «не намешавад». Гуфт, пас барои чӣ ман бояд биравам? Он ҷо Мулло Абдуғаффор ба ман дарафтод, ки ту киӣ, чӣ кор дорӣ ва ғайраву ҳоказо, аз ин ҷо рав ва монанд ба ин ҳарфҳо. Вақте ӯ маро таҳдид кард, боз яке аз ҳамон бачаҳо ӯро ором карда гуфт, ки мулло ту кори худатро кун. Ба фикрам, боз аз мулло зӯртар будааст, ки даҳони ӯро баст. Ҳоло ҳам ҳаст “седой”-яш мегӯянд. Дар он ҷо аз раёсати Шӯрои Олӣ ва низ аз вазирҳо чанднафарӣ ҳузур доштанд ва ба қароре омаданд, ки аризаро бинависад. Набиев аризаро навишту гуфт, ки Акбаршо ту ҳамроҳи ман меравӣ. Ба мошинаш нишастем ва омадем дар бӯстонсарои ҳукуматӣ. Гуфт, писарам, аз ту як илтимос дорам. Ҳамин нафақаи маро дуруст кун. Ман аъзои ҳукуматро ҷамъ кардам, то маслиҳат намоем. Вале боз як бори дигар наздаш даромада дар бораи ҳаҷму андозаи маблағи нафақа ҳамроҳаш сӯҳбат карданӣ шудам, ки гуфтанд нест, рафтааст. Телефон шуд, ки аз сарҳади Регар гузаштааст.
“ГАПЗАНОНИ АБДУЛЛОҶОНОВ БО САНГАК САФАРОВ”
Озодӣ: Барои бисёриҳо аҷиб аст, ки Шумо ва Абдумалик Абдуллоҷонов бо ҳукумати нав ҳамкориро тавонистед идома диҳед. Дар ҳоле ки шумо аз роҳбарони ҲММ будед. Ин чӣ тавр шуд, чун дигарон аз ҳукумат берун андохта шуданд. Бархеҳо бар ин гумонанд, ки шумо пешопеш медонистед, ки чӣ тағйирот хоҳад шуд?
Акбаршоҳ Искандаров: Аввал ин аст, ки ман ҳеҷ гоҳ узви ҲММ набудам. Дуввум ин ки мандар ягон гурӯҳбозиву тарафкашиҳо иштирок надоштам . Ман барои чӣ дар ин кашмокашиҳо ворид шудам? Ман раиси Шӯрои вакилони халқи вилояти худмухтори Бадахшон будам. Мувофиқи Конститутсия раиси Шӯрои Бадахшони куҳӣ муовини раиси Шӯрои олӣ ҳисоб мешавад. Ёдатон бошад, ба ҳангоми пешбарии номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур А.Собчак ва Велихов бо дастури М.Горбачев ба Тоҷикистон омада буданд. Салоҳият ва ваколати раиси Шӯрои олӣ Раҳмон Набиев, ки номзад ба мақоми раисиҷумҳур пешниҳод шуда буд бояд қатъ карда мешуд, мо ду нафар муовинони раиси Шӯрои олӣ, ки яке забони давлатиро намедонист, кор мекардем. Аз ин ҷиҳат ман аз ноилоҷӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои олӣ интихоб шудам. Оё пешакӣ медонистам, ки ҳукумат иваз мешавад ё не. Мо ҳама вақт
бояд омода бошем, ки ҳукумат иваз мешавад, он як организми зинда аст, дар ҳаракат ва таҳаввул аст. Вале ман ба ягон нафаре аз онҳо робита ҳам надоштам.Он давра мо фикри вазифа надоштем. Он давра шароит ҳамин тавр буд, ки ҳеҷ кас намедонист, то бегоҳ зинда хоҳад монд ё не. Хуб, дар бораи Абдуллоҷонов. Ҳоло бисёриҳо маро мегӯянд, ки чаро Абдуллоҷонов сарвазир таъйин шуд? Бояд гӯям, ки Абдуллоҷонов ду қарор -- яке қарори Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Кӯлоб ва дигаре ҳамин гуна қарорро аз вилояти Ленинобод барои таъйин кардани худ ба вазифаи сарвазирӣ дар даст дошт. Вале дар ҳукумати нав чаро таъйин шуд, дақиқ намедонам, аммо ҳолдонҳо мегуфтанд, ки дар ҷараёни кори сессия бо чархбол парида Данғара рафта бо Сангак гапзанон кардааст. Аз тарафи дигар дар он шабу рӯз дар сатҳи роҳбарии ҷумҳурӣ аз вилояти Ленинобод касе набуд ва муваққатан ҳам бошад мебоист нафаре дар ин вазифа таъин мешуд. Дар бораи он ки чаро дар ҳукумати Раҳмонов фаъолият намудам. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки ягон хиёнат ба давлат ва ватанам накардаам, аз ин рӯ чаро ман бояд кор накунам ва дигар ин ки ман Раҳмоновро то он давра ҳам мешинохтам. Ӯ депутат буд. Ба ҷуз аз депутатӣ соли 1982 ӯ дар Данғара ва ман дар Қалъаи Хумб инструктори райком будем ва ду моҳ дар курси такмили ихтисос якҷоя хондаем, бо ҳамдигар рафиқ будем, мешинохтем ҳамдигарро, ягон чизе дигар набуд.
"ГУФТАМ, ВАЗИФА НАМЕГИРАМ..."
Озодӣ: Чӣ гуна ба шумо вазифаи сафирӣ пешниҳод шуд. Аслан ягон вазифаи дигар ҳам пешниҳод карда буданд?
Акбаршоҳ Искандаров: Ба ман пешниҳод карданд, ки вазири кишоварзӣ бишав ва боз вазифаҳои дигар. Сипас, ба вазифаи Комитети равобити байналмилалии иқтисодӣ пешниҳод намуданд, ки дар иҷлосия ҷангу ҷангҷол шуд, дар атрофи ин пешниҳод. Гуфтам, ки ягон вазифа намегирам, даркор нест, вазифа дорам. Баъд аз анҷоми иҷлосия Раҳмонов хоҳиш кард, ки бо ҳамроҳи Қ.Қоимдодов, ки муовини раиси Шӯрои олӣ интихоб шуда буд, ба
Душанбе рафта барояш кӯмак кунам. Чун дар аввал чанд муддат роҳбарияти нав ба Душанбе наомада буд. Раҳмонов супориш доданд, ки муҳофизонам ҳамроҳи ман биистанд. Аз он ҷо ки омадам модарам гузашта шуданд. Ман то чили он кас дар Дарвоз истодам. Хостанд, ки дар Бадахшон раиси нав интихоб кунанд, ки бадахшониҳо гуфтанд, не мо раис дорем. Маро аз ин ҷо бурданд ва боз дар он ҷо вазифаамро ба сифати раиси Шӯрои вакилони халқи Бадахшон давом додам. Сонитар Раҳмонов даъват карду гуфт, ки вазъиятро мефаҳмед, биёед, дар кадом давлате, ки мехоҳед мо шуморо сафир таъйин кунем. Гуфтам, ба ягон давлати капиталистӣ набошад, ба ягон давлатҳои худамон (манзурам Шӯравии пешин) бошад, беҳтар. Баъд Туркманистонро пешниҳод карданду розӣ шудам чун Туркменбоширо низ пештар мешинохтам ва дар ҷаласаҳо бо ӯ мулоқотҳо ҳам доштам. Дигар рафтам ба вилоят, ки як бор не, ду маротиба сессия гузарониданд, аммо вакилон маро ҷавоб надоданд. Худам илтимосашон кардам, ки мухолифат накунанд. Ман гуфтам, ки агар ҳозир наравам масъалаи таъмин кардани маводди ғизоӣ аз ҷумла орд душвор мешавад. Баъд худатон мегӯед, ки Искандаров ин ҷост ба хотири ӯ мо гурусна мондем. Ба ин тартиб сафир шудам.
Озодӣ: Шумо бо хоҳиши худ аз кор рафтед ва ё гуфтанд, ки дигар бас аст, биравед?
Акбаршоҳ Искандаров: Вақте ман аз Қазоқистон баргашта омадам, як сол бекор истодам. Мӯҳлати сафир дар як давлат чор ё панҷ сол аст. Ин як тартибу қоидаи кори дипломатӣ аст, ки дар мо ҳанӯз роиҷ нашудааст. Дар мо ин масъаларо худи раисиҷумҳур маълум мекунад. 7 сол дар он ҷо кор кардам, дигар басанда буд. 8 сол дар Туркманистон сафир будам. Ҳамчунин, 4 сол дар Муғулистон. Ман дар ин фикр, ки то мурдан дар вазифа бимонам, ҳеҷ гоҳ набудам ва нестам. Як сол бекор истодам, баъд маро даъват карданд ва гуфтанд, ки ба сифати сафир барои супоришҳои махсус дар вазорати умури хориҷӣ кор кунам. Рафтам, як соли дигар дар он вазифа кор кардам. Аммо дидам, ки дар вазорати корҳои хориҷӣ барои ҳузури ман ягон зарурат нест. Аммо ман бекор истода наметавонам. Баъд ба вазир муроҷиат кардам ва аз вазъи саломатиам ҳам гуфтам, ки он қадар хуб набуд. Ман доктори улуми сиёсатшиносиам. Дар ягон Донишгоҳ ду соат дарс мегирам, зиндагиам мегузарад. Ҳамин тавр ҳоло бо розигии роҳбарияти вазорати умури хориҷӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ифои вазифа дорам.