Имрӯз ҳодисае маро шокӣ кард, ки аз ибрози он ба дигарон наметавонам худдорӣ кунам.
Одатан, субҳи ман бо хабаргирии харгӯшони дӯстрӯякам оғоз мешаванд, ман ба онҳо обу ғизо медиҳам, каме навозиш мекунам, хоначаҳояшонро тоза карда, баъдан аз паси омодагии худ барои як рӯзи кории нав мешавам.
Ин ҷонварони зебову махмалин ва табиатан тозаро хеле дӯст доштаам, парвариши онҳо ба кас илҳом ва табъро болида мегардонад. Ду моҳ аст, ки харгӯшаки сафеди ман бачадор шуд, на як балки якбора даҳ бача ба дунё овард.
Ман ҳамагӣ 6 харгӯш доштам ва ба дунё омадани якбора даҳ хургӯшак маро хеле хурсанд кард. Ҳарчанд ҳамаи онҳо танҳо ду ранг -- хокистарӣ ва сафеди барфӣ ҳастанд, аммо ман ин майдачаҳоро дар алоҳидагӣ аз рӯйи хислату рафторашон хуб мешиносам. Чанд рӯз пеш вақте ки ба онҳо ғизо медодам, пай бурдам ки яктоаш ғайб задааст. Фикр кардам, замоне ки машғули ғизодиҳии харгӯшакони дигар будам, аз назди даричаи нимкушодаашон гурба омаду хапу дам яктоашро дуздид.
Худро барои беэҳтиётиам сахт сарзаниш кардам ва дилам барои харгӯшаки сиёҳаки нотавонам бисёр сӯхт. Тасаввур кардам, ки ҳамин лаҳзаҳо дар кадом кунҷе гурбаи гуруснаи ҳамсоя ӯро пора-пора мекунад...
Бо дили хиҷил даричаи ҳамаи хоначаҳоро аз нав маҳкам кардам ва ба аҳли оила таъкид намудам, ки харгӯшаконро аз гурба эҳтиёт кунанд. Бегоҳ боз ба назди дӯстони безабонам баргаштам ва дидам, ки ин дафъа дуто сафедакам ҳам ғайб задаст. Ҳайрон шудам, зеро хоначаи онҳо бо хишти пухта ва панҷараи нав махсус барои онҳо аз сӯйи як усто сохта шуда буд ва ҳеҷ сурохӣ барои ворид шудани ҷонварони бегона ба ҳуҷраашонро надорад.
Фаҳмидам, ки нафаре дуздии харгӯшакони моро шурӯъ кардааст ва ин дузд ҳатман наврас аст ва онҳоро барои бозӣ ё парвариш дуздидааст. Аз кӯдакони ҳамсоя пурсидем, гуфтанд, ки як писари тақрибан даҳсолаеро диданд, ки дар даст харгӯшак ба куҷое давидааст. Аммо намедонанд, ки ба куҷо ва он наврас кӣ буд...
Якбора аз даст додани се харгӯшак дили ҳамаи моро хиҷил кард, на ба хотири арзишашон, зеро онҳо дар бозор ҳар кадоме ҳамагӣ даҳ сомонӣ қиммат доранд, балки ба хотири он ки онҳоро мо сахт дӯст дошта будем. Харгӯшмодар низ андӯҳгин буд, дигар ба оби овардаам низ аҳамият намедод... Ҳафт харгӯшбачаашро дар наздаш ҷамъкарда ба сӯйи панҷара хавотир менигарист.
Дуздии харгӯшаки чаҳорум субҳи имрӯз дигар косаи сабри моро лабрез кард ва ба хонаи ҳамсояамон бурд. Ин ҳамсоя ҳарчанд инсонҳои хубанд, аммо ду писари наврасе доранд, ки зуд-зуд меҳмони нохондаи болои бом ва боғчаи мо мешаванд ва баъзан аз хонаҳои ҳамсояҳои дигар. Ҳамсоязан бо арӯсаш тасдиқ кард, ки дар даҳони гурбаҳояшон ду харгӯшакро, ки яке сафед ва дигаре хокистарӣ буд, дидаанд. Арӯси ҳамсоя гуфт, як гӯши харгӯшаки сафед ва як пойи харгушаки хокистариро дар ҳавлиашон дидааст. Пашмаш бошад дар ҳар тараф парешон. Ӯ пораи пашми сафеди оғӯштаи хунро ба дастам дод ва гуфт харгӯшатон ҳамин хел сафед буд?
Гумонамон рост баромад, аммо ҳеҷ дар зеҳни ман он чизе ки дар дилам буд, намеғунҷид ва бовар кардан ҳам намехостам, ки нафаре қасдан харгӯшакони маро барои зинда пора-пора кардани гурбаҳо дуздидааст. Ҳамсоязан, дар навбати худ бо исрор тасдиқ мекард, ки писаронаш ки яке ҳудудан даҳсола ва дигаре 14-солаанд, аслан бегуноҳ ва қодир ба ин кор нестанд ва гурба худаш харгӯшаконро дуздидааст.
Аммо агар ба сухани ҳамсоя бовар кунем, гурбаи онҳо бояд тавоноии кушодани ду занҷир ва аз нав маҳкам кардани онро бояд дошта бошад. Ба ҳамсоя фаҳмонидем, ки мақсади ба хонааш омадани мо ҷангу низоъ нест, балки мехоҳем садди роҳи дуздии кӯдаке шавем, ки дар оянда метавонад ба ҷинояткор табдил ёбад ё ба дуздии дигар ашёи хонаи мову дигарон даст занад. Ба ҷои даъво зарур омад, ҳамсояамонро, ки аслан фаҳмидан ҳам намехост, ки гурба имкони кушодан ва маҳкам кардани хонаи сандуқ барин мустаҳками харгӯшаконро надорад, ором намоем. Ӯро ба хонаамон даъват кардем, то бо чашми худ хонаи харгӯшаконро бубинад, зеро мантиқан нодуруст буд, ки нафаре харгӯшакро бидуздаду ба гурбаи ҳамсояамон ҳадя намояд.
Ҳамсояро даъват кардам ва бо чашми худаш ҷойи истиқоматии харгӯшаконро дид ва аммо бо ин ҳам намехост иқрор шавад, ки ин кори дасти писаронаш аст. Бо далелҳои зиёд ва бо бешармӣ моро гунаҳкор карда, исрор меварзид, ки ҳоло гурбаҳо аз одам ҳам балову доноянд ва ҳама кор аз дасташон меояд. Аммо писарони ӯ комилан бегуноҳ ва қодир ба ин амал нестанд. Ҳатто куртаи хунолудаи писари хурдиаш далели исботи гуноҳаш нашуд.
Маълум буд, ки харгӯшакон кайҳо тӯъмаи гурбаҳо шудаанд, аммо аламовар ин буд, ки онҳоро на гурбаи гурусна дуздида, балки инсон барои зинда ба зинда пора-пора кардан додаву ба гумони бештар ҳатто кушта шудани харгӯшаконро тамошо кардааст. Зеро куртаи хунолуди ин навраси даҳсола аз ин амал шаҳодат медод. Дар филме дида будам, ки одамкуши ашаддие дар хурдӣ айнан бо ҳамин тарз ҷонваронро кушта аз марги пуразоби онҳо лаззат мебурдааст. Вақте бузург мешавад, дигар барояш кушта шудани ҷонварон завқ намебахшанд ва ба куштори одамони бегуноҳ даст мезанад...
Амали ҳамсоязан, ки бо исрор фарзандашро шояд барои нигоҳ доштани нуфузи оилааш дифоъ мекард ва ҳатто таҳдид менамуд, ки агар дуздии писараш ошкор шавад дасту пойи ӯро мешиканад, моро водор кард, то аз баҳри даъвоямон куллан гузашта - ман ба насиҳати фарзандони ноболиғи ӯ ва модарам ба насиҳати ҳамсоязан гузарем. То ин ки яке дар тарбияи фарзандон зӯровариро истифода накунад ва онҳоро ба ҷойи рӯзи дароз дар кӯча беназорат гузоштан, ба лагеру курсҳои омӯзишӣ бубарад, то аз такрори чунин кирдорҳои номатлуб даст кашанд. Роҳи дурусти зиндагиро интихоб кардаву бо бачаҳои авбош дӯстиашонро қатъ намоянд.
Ҳодисаи имрӯз маро ба андеша водор ва аз ояндаи ҷомеа бори дигар нигарон кард. Тайи се чаҳор соли ахир дар кӯчаи мо шумори атфол ба маротиб афзудааст, аммо қариб 80 дарсади онҳо аз субҳ то шом дар кӯчаанд: ифлос, овора, машғул ба бозиву ҷанг ва корҳои беҳуда. Ҳарчанд бисёре аз модарон хонанишинанд, аммо ба тарбияи фарзандонашон чандон таваҷҷӯҳ намекунанд ва агар мабодо нафаре аз рӯйи ҷигарбандонашон барои содир кардани ин ё он гуноҳ шикоят кунад, муроҷиаткунанда дар аксари ҳолат аз карда пушаймон мешавад, зеро борони маломат ба сараш ҳатман хоҳад рехт. Аз он андеша намекунанд, ки фардо ин ҳама нодидагирифтанҳову ҳимояҳои беасоси фарзанд, ба сари худашон балои азиме хоҳад овард.
Бо дидани ин ҳодисаҳо, бори дигар зарурати танзими оиларо дарк мекунам, воқеан ҳам ин шабу рӯз ҷомеаи моро мебояд на ба шумор, балки ба сифати зиндагӣ ва тарбияи фарзандон бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Таввалуди фарзанд бояд ҳам мувофиқ ба имконоти молӣ ва ҳам ҷисмониву зеҳнии волидон бояд сурат бигирад. То ин ки дар баробари таъмини талаботи моддӣ, ҳар як кӯдак, тарбияи хуби маънавӣ низ дошта бошад. Дар акси ҳол, таҷрибаҳо нишон додаанд, ки бетаваҷҷӯҳӣ дар тарбияи фарзанд, кулфату машаққати зиёдро дар айёми пирии волидон ба бор овардааст.
Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки бетаваҷҷӯҳӣ дар тарбияи фарзанд, кулфату машаққати зиёдро дар айёми пирии волидон ба бор овардааст...