Раисиҷумҳур бо Стивенсон ба Роғун рафт

Эмомалӣ Раҳмон бо узви Парлумони Аврупо, Страун Стивенсон аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун боздид мекунад.
Гуфта мешавад, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва узви Парлумони Аврупо аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ, шароити кор ва фароғати коргарон дар Роғун ошно хоҳанд шуд.

Узви Парлумони Аврупо, Струан Стивенсон, ки ҳамчун пуштибони аврупоии тарҳи сохтмони Роғун шинохта шудааст, рӯзи гузашта, 30-юми май, дар Душанбе гуфт, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа аст.

Старун Стивенсон, узви Парлумони Аврупо, ки дар бораи тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун гузориши беш аз 300-саҳифагӣ омода кардааст.
Ҷаноби Стивенсон мегӯяд, ҳимояташро аз ин тарҳ дар парлумони Аврупо ва миёни раҳбарони Иттиҳоди Аврупо идома хоҳад дод.

Тоҷикистони ташнаи нерӯи барқ, ки дар тӯли 6 моҳи фасли сармо ва оғози баҳор ба камбуди шадиди барқ рӯбарӯст, эҳдоси нерӯгоҳи Роғунро барои худ ҳаётан муҳим медонад.

Вале кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон, ба тарҳи Роғун мухолифат варзида мегӯянд, сохта шудани ин нерӯгоҳ боис ба камбуди об барои майдонҳои кишт шуда, вазъи зистмуҳитиро низ метавонад хароб кунад.

Мақомоти Узбакистон дар машварат бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, ки ҳамакнун ташхиси тарҳи сохтмони Роғунро ба ӯҳда дорад, гуфтаанд, тарҳи нерӯгоҳи Роғун бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ таҳия шудааст. Ба қавли мақомоти Узбакистон, барои бунёди Роғун маҳалли ба истилоҳ ларзонаке интихоб шудааст, ки хатари заминларзаҳоро меафзояд ва намак дар таркиби обро зиёд мекунад.

Дар сурати коҳиши маҷрои об ба гуфтаи коршиносони ӯзбак, солона Узбакистон бар асари табоҳшавии заминҳои кишт бештар аз 4 миллиард доллар ва бар асари маҳви олами набототу ҳайвонот 146 миллион доллар зиён мебинад. Дигар ин ки коршиносони Узбакистон, ки тақрибан 20 сол аз ҳаққи дидани Роғун маҳрум будаанд, бисёр мехоҳанд, ба чашми худашон нерӯгоҳро бубинанд.

Дар зимн, иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3 600 мегават буда баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи мутахассисон, дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил хоҳад шуд.