Номаи як донишманди тоҷик ба Э.Раҳмон ва И.Каримов

Як донишманди тоҷик мегӯяд, нерӯҳои тавсеаталаб ҳамеша дар миёни сарварони ду қавм макон дошта, фаъол будааст.
Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, донишманди тоҷик ва ходими Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Тоҷикистон зимни номаи худ ба руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов, навиштааст, ки "рӯҳи аҳриманӣ чандест дар фазои минтақаи азизи обову аҷдоди мо – Мовароуннаҳри муқаддас ошкоро сайругашт дорад ва ҳеҷ намегузорад, ки мо бори дигар аз дари дӯстиву бародарӣ ва муҳаббати поки ҳамсоягӣ ба ҳам биёем."
Миёни ду халқ душманӣ нест. Аммо касоне ёфт мешаванд, ки бо роҳи иғвогарӣ ҳар коре хоста бошаyд ба анҷом бирасонанд...


Ин донишманди тоҷик дар идомаи номаи худ менигорад, ки нерӯҳои тавсеаталаб ҳамеша дар миёни сарварону ду қавм макон дошта ва фаъол будааст.

Ҷаноби Амришоҳӣ мегӯяд, "ду тан, яъне ду сарвари аввали мардумонро ихтиёр кардани ин нерӯҳо ба он хотир аст, ки фирефтани ду кас аз фирефтани миллионҳо ба маротиб осонтар аст."

Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ
Ин нерӯҳо ё чуноне донишманди тоҷик гуфтааст, ки аҳриман, азҳамгусастагиро дар миёни раҳбари ду миллат рӯз то рӯз густариш медиҳад. Нигаронии ҷиддӣ аз он аст, ки менависад, ҷаноби Амришоҳӣ бо хитоб ба Раҳмон ва Каримов, "ин маҳбубияту маъруфияти Шуморо дар миёни миллатҳоятон ба назар гирифта, метавонанд ба воситаи нуфузатон мардумони ҷудогонаи Шуморо бо ҳар баҳонае алайҳи якдигар шӯронанд ва сардиву душмании воқеиро ба миён оваранд. Ба ин восита муносибатҳои неки ҳамсоягии ин ду мардуми шарифро ба муносибатҳои сардгунаи ду миллат – дар либоси ду тан табдил бидиҳанд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тошканду Душанбе: Барои дастфишурии дигарбора ҳанӯз дер нашудааст?



Нависандаи ин нома гуфтааст, имрӯз моро зарур аст, ки дар масъалаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ дурнамои муносибатҳои худро амиқ созем ва хатоҳои рафтаро ҷуброн кунем. Ин донишманди тоҷик мегӯяд, манобеи саршори табиӣ, обу газу нафти минтақа бояд ба нафъи пешрафти мардуми минтақа истифода шавад, на мояи ихтилоф қарор бигирад. Зеро дар сурате, ки ин сарватҳо мояи ихтилоф қарор бигиранд, баҳраро аз он ихтилоф қудратҳои фароминтақаии тавсеъаталоб хоҳанд бардошт.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов

"РАҲБАРОН ҲУШМАНД БОШАНД"

Узбакистон дар соли 1992 аз расидани ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба қудрат ҳимоят карда буд, аммо аз соли 1994 ба баъд муносибати ду ҷониб ба сардӣ гароид. Дар соли 1997 Узбакистон ба мухолифони мусаллаҳи давлати Тоҷикистон бо сардории Маҳмуд Худойбердиев паноҳгоҳ дод ва ин афроди мусаллаҳ дар соли 1998 ба шимоли Тоҷикистон ҳамла намуда ва барои чанд рӯз, аз ҷумла шаҳри Хуҷандро таҳти тасарруф дароварданд. Баъд аз он муносиботи ду ҷониб бештар сард шуд.

Нӯъмонҷон Фахриддинов, узви фаъоли Ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон, дар робита ба вазъи кунунии робитаҳои ду ҷониб мегӯяд: "Миёни ду халқ душманӣ нест. Аммо касоне ёфт мешаванд, ки бо роҳи иғвогарӣ ҳар коре хоста бошад ба анҷом бирасонанд. Феълан дар вазъияте қарор дорем, ки роҳбарони ду давлат бештар аз ҳар вақти дигар бояд ҳушманд бошанд."

"ИМКОНИ НИЗОЪ ВУҶУД ДОРАД"

Сайфулло Сафаров
Аммо иқдоми Тоҷикистон барои сохтани нерӯгоҳи ниматамоми Роғун акнун муносибатҳои ду ҷонибро бештар аз ҳар вақте дар таърихи ин муносибатҳо сард кардааст.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ду қавми тоҷик ва узбак собиқаи ҳамзистии тӯлонӣ дорад ва ҳамгирооии чанд соли охир ба ҳадде буда, ки наметавон ин ду миллатро аз ҳам ҷудо донист. Ба ҳар ҳол ӯ мегӯяд, имкони низоъ ҳамеша вуҷуд дорад ва инро набояд сарфи назар кард.

РИСОЛАТИ ЯК ЗИЁӢ

Вале суол ин аст, ки чунин даъвати донишмандон ва шахсиятҳои шинохта то куҷо метавонад ба одӣ шудани авзоъ ва ҷилавгирӣ аз иттифоқоти нохоста мусоидат кунад? Ё дар амри эҷоди фазо барои ҷалби таваҷҷӯҳи масъулини ду кишвар то куҷо муассир воқеъ хоҳад шуд?

Қироншоҳи Шарифзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд: "Ин ки пешниҳодҳо пазируфта мешавад ё не, ба раҳбарони ду кишвар вобаста аст. Аммо рисолати як зиёӣ ва рӯшанфикр матраҳ намудани масъалаҳои мавҷуда ва нишон додани роҳи ҳалли онҳост. Ин пешниҳоди дуруст ва ба маврид аст ва бояд масъулони ду кишвар ба ин масъала таваҷҷӯҳ намоянд."

"УМЕД ҲАНӮЗ ЗИНДА АСТ"

Нерӯгоҳи Роғун имрӯз баҳонаи аслии сардии муносиботи ду кишвар шудааст. Узбакистон дар зарфи тамоми соли гузашта ба баҳонаи ин ки сохтмони Роғун боис ба фоҷеаи зистмуҳитӣ ва беобӣ хоҳад шуд, роҳи оҳанро барои воридот ба Тоҷикистон масдуд кард.

Тоҷикистон мегӯяд, бо анҷоми сохтмони Роғун боис ба мушкилоти беобӣ ва зистмуҳитии кишварҳои поёноб нахоҳад шуд. Ин баҳс ҳамчунон идома дорад, вале донишманди тоҷик дар номаи худ ба унвони руасои ду ҷумҳурӣ менависад, имрӯз муносиботи миёни ду ҷониб на ба он ҳадди ниҳоӣ расидааст, ки барои дастфишурии дигарбора монеаи ҷиддӣ бошад. Яъне, умед ҳанӯз зиндааст.