Олмон нерӯгоҳҳои ҳастаияшро мебандад

Давлати Олмон эълон кард, ки нерӯгоҳҳои ҳастаияшро то соли 2022 хоҳад баст.
Ин тасмим ба дунболи чандин раҳпаймоӣ бо талаби бастани нерӯгоҳҳои ҳастаӣ содир шуд.

Баҳси амнияти нерӯгоҳҳои ҳастаӣ дар Олмон бахусус дар пайи бар асари заминларза ва тсунамӣ тахриб шудани

нерӯгоҳи Фукушимаи Ҷопон дар моҳи март доғтар шуд.

Вазири муҳити зисти Олмон Норберт Роттген, ки баъд аз анҷоми музокироти шаби гузашта барои эълони ин хабар ҳатто савори велосипед ба назди хабарнигорон зоҳир шуд, гуфт: "Эътилофи ҳоким бар сари сиёсати энержӣ ва тағйир дар ин сиёсат ба тавофуқ расид."

Дар мавриди бастани нерӯгоҳҳои ҳастаӣ, қарор шуд, ҳафт нерӯгоҳи қадими ҳастаӣ, ки таҳти мораторий қарор доштанд, ва ҳамин тавр, нерӯгоҳи ҳастаии Крюммел дигар аз шабака хориҷ мешаванд. Гурӯҳи дуввуми иборат аз 6 нерӯгоҳи ҳастаӣ ҳадди аксар то соли 2021 аз шабака берун хоҳанд шуд. Ва 3 нерӯгоҳи навтарини ҳастаӣ қатъан то соли 2022 баста хоҳанд шуд».


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, натоиҷи баҳс ҳокист, ки низоми энержии ин кишвар бояд ба сурати бунёдӣ тағйир кунад ва нерӯи барқи оянда бояд ҳатман амнтар бошад.

Олмон дар ҳоли ҳозир 20 дарсади ниёзмандиаш ба нерӯи барқро аз ҳисоби тавлидоти нерӯгоҳҳои ҳастаияш бароварда месозад. Ва ин кишвар ғолибан аз ин ба баъд рӯи манобеъи алтернативии нерӯи барқ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои бодиву хуршедӣ тамаркуз хоҳад кард, то камбудеро, ки баста шудани нерӯгоҳҳои ҳастаӣ то 10 соли дигар ба вуҷуд меорад, пур кунад.

Пиромуни далоили тасмими Олмон ба бастани нерӯгоҳҳои ҳастаияш ва ин, ки оё даврони нерӯи ҳастаӣ сар меояд, гуфтугӯе доштем бо Нусрат Ваҳидӣ, устоди улуми физикаи ҳастаӣ дар донишгоҳи Мюнхени Олмон:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо Нусрат Воҳидӣ