Ҷаримаи нақдии Ҳуснӣ Муборак

Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури пешини Миср, ки дар пайи тазоҳуроти густурдаи мардуми кишвараш аз мақоми раисиҷумҳурӣ канор рафт...

Додгоҳе дар Миср раисиҷумҳури собиқи ин кишвар, Ҳуснӣ Муборак ва ду тан аз мақомоти давлати ӯро ба далели эҷоди ихтилол дар системаи телефони ҳамроҳ ва интернет дар ҷараёни тазоҳуроти мардум беш аз 90 миллион доллар ҷарима кардааст.
Ба гузориши хабаргузории “Ройтерз” бар асоси ҳукми ин додгоҳ Ҳуснӣ Муборак ба пардохти пеш аз 33 миллион доллар муваззаф шудааст.

Ҳамчунин, ин додгоҳ собиқ вазири умури дохилии Мисрро ба пардохти беш аз 50 миллион ва нахуствазири собиқи Мисрро ба пардохти беш аз шаш миллион доллар маҳкум кардааст.

“Ройтерз” ба нақл аз телевизиони давлатии Миср гузориш кардаа, ки ҳар сеи ин афрод муттаҳам ба тахриби иқтисоди миллӣ аз тариқи эҷоди халал дар системаи телефони ҳамроҳ ё мобайл ва ҳамчунин интернет шудаанд.

Ширкати мухобиротии “Водафон” моҳи январи соли ҷорӣ ва дар авҷи эътирозоти мардуми Миср эълон кард, ки ба гардонандагони ин созмони мухобиротӣ аз сӯи мақомот фармон дода шуда, то хадамоти худ дар бархе аз манотиқро ба ҳолати таълиқ биёваранд. “Водафон” он замон гуфта буд, ки чорае ҷуз пайравӣ аз ин фармон надорад.

Ин ширкати мухобиротӣ ҳамчунин дар моҳи феврали соли ҷорӣ мақомоти Мисрро ба истифода аз хадамоти ин ширкат барои ирсоли паёмакҳое дар ҳимоят аз ҳукумати Миср муттаҳам кард.

Ҳукми пардохти ҷаримаи нақдӣ ба хотири эҷоди ихтилол дар системаи мухобиротии Миср нахустин ҳукме аст, ки то кунун алайҳи нахуствазири собиқи Миср содир шудааст.

Ҳуснӣ Муборак, ки дар ҳоли ҳозир дар бемористоне дар Шармулшайхи Миср ба сар мебарад, илова ба ин барои додани фармон барои куштори тазоҳуркунандагон ва ҳамчунин фасоди молӣ муттаҳам шудааст.

Ин иттиҳомот, ки дар сурати тасдиқ шудан метавонад ҳукми қатлро ба ҳамроҳ дошта бошад, ҳамчунон дар дасти баррасӣ аст. Бино ба гузориши телевизиони давлатии Миср, рӯзи шанбе ба Ҳуснӣ Муборак хабар додаанд, ки ин парванда барои баррасӣ ба додгоҳи ҷиноӣ ироа шудааст.

Дар ҷараёни тазоҳуроти мардуми Миср алайҳи ҳукумати Ҳуснӣ Муборак, ки 18 рӯз идома кард, дастикам 800 тан кушта ва шаш ҳазор нафар захмӣ шуданд.