Пешниҳоди ҳазфи тасвири пахта аз Нишони давлатӣ

Бархе аз андешамандони тоҷик пешниҳод мекунанд, ки акси пахта аз герб ё нишони Тоҷикистон бардошта шавад.
Пешниҳоди бархе аз андешамандони тоҷик дар бораи аз Нишони давлатӣ бардоштани тасвири шохаи шукуфони пахта бар он асос ёфтааст, ки пахта дар ҳеҷ давраи таърихии тоҷикон ба сифати як растании ҳаётбахш ва ё
Рамзҳои давлатии ҳар кишвар аз ҷумлаи арзишҳои ниҳоят муқаддас барои ҷомеа пазируфта шудааст...

нишоне аз зебоӣ шинохта нашудааст.

Афзун ба ин, он як навъ растании маъмулиии дар қатори даҳҳо растании дигар аст, ки на танҳо дар замини тоҷикон мерӯяд ва аз ин ҷиҳат низ мавҷудияти он дар таркиби Нишони давлатӣ - яке аз рамзҳои муқаддаси давлат зарурат надорад.

МЕРОСИ ЗАМОНИ ШӮРАВӢ?

Муҳаммадҷон Шакурӣ
Донишманди тоҷик, Муҳаммадҷон Шакурӣ дар як сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, ки мавҷудияти тасвири "хӯшаи гандум" ба унвони як гиёҳи зиндагиофар ва наҷотдиҳандаи башар маъно ва моҳият дорад. Аммо ба гуфтаи ӯ, пахта дар Нишони давлатии тоҷикон аз замони Шӯравии пешин ба мерос мондааст, ки ҷумҳурии моро ба унвони як кишвари пахтакору пахтапарвар муаррифӣ мекард: "Пахта он чизе нест, ки вай идеали эстетикии миллат шавад ва онро ба Нишони миллӣ дохил кунанд. Пахта як чизи зери по аст. Бисёр кори нодуруст шуда буд, ки баъд аз муҳокимаҳои бисёре як Нишони миллиро қабул карданд, ки сурати рамзии шер ҳам дошт, аммо пахта надошт. Аммо хӯшаи гандум ҳамон вақт ҳам буд. Лекин баъд аз он бо чӣ сабаб бошад гирифтанду нишони миллиро иваз карданд. Шерро гирифта партофтанду китобу пахта дохил карданд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пахта бояд аз нишони давлатӣ ҳазф шавад?



Дар зимн, ин пешниҳод дар ҳоле садо медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир корҳои сохтмонӣ барои бунёди сутуни Нишони давлатии Тоҷикистон дар паҳлуи рости "Қасри миллат" - қароргоҳи нави раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе идома дорад. Ин пояи сутуни бузург бо баландии 45 метр қомат хоҳад афрохт, ки дар фарози он Нишони давлати Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд. Паҳнои ин Нишон панҷ метр аст.

ХУДНАМОӢ Ё ЭҲТИРОМ БА РАМЗҲОИ ДАВЛАТӢ?

Ҳарчанд бархе аз коршиносон бо чунин шаҳомат ва бузургӣ бунёд кардани Нишони давлатро як навъ муболиғаи қудрат ва худнамоишдиҳӣ мехонанд, аммо масъулини давлати Тоҷикистон мегӯянд, бунёди чунин Нишон бо сутуни дорои баландии зиёд баёнгари садоқат ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ аст.

Мирзошоҳрух Асрорӣ
Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, бо ин бузургӣ бунёд кардани рамзи давлатӣ як навъ ташвиқ ва таблиғи Нишон ва бедор кардани эҳсоси муҳаббат ба рамзҳои давлатӣ низ хоҳад буд: "Рамзҳои давлатии ҳар кишвар аз ҷумлаи арзишҳои ниҳоят муқаддас барои ҷомеа пазируфта шудааст. Ва аз ҳамин хотир ҳам дар дили Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ду тарафи Қасри Миллат рамзҳои давлатии Тоҷикистон барафрохта мешавад. Парчами ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони ҷумҳурии Тоҷикистон. Ман сад дар сад итминон дорам, ки ҳардуи ин рамзи давлатӣ боиси баланд гардидани ифтихори миллии ҳар як шаҳрванде, ки ин мамлакат, ин хок, ин об барояш азиз аст, хоҳад буд."

НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ

Аммо нахустин нишони ҷумҳурии мухтори Тоҷикистони Шӯравӣ, ки моҳи феврали соли 1929 қабул шудааст, аз досу болғаи зарҳалӣ, офтоби нурафшон, хӯшаи гандум, шохаи шукуфони пахта таркиб ёфта ва дар доихили он шиори коммунистии "Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед" бо ҳуруфи лотинӣ ва бо забонҳои тоҷикиву русӣ навишта шудааст.

Сипас, дар соли 1930, замони ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ тарҳи нави Нишони давлатӣ омода ва дар феврали соли 1931 дар анҷумани 4 Шӯроҳои Тоҷикистон пазируфта мешавад. Ин нишон аз тасвирҳои ситораи панҷгӯша, досу болға ва роҳи оҳан, таркиб ёфта ва дар он низ он шиори фавқуззикр сабт шудааст.

Баъдан бо пешниҳоди Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲКТ, рассоми рус Александр Яковлев тарҳи нави Нишони Тоҷикистонро таҳия мекунад. Дар соли 1940 Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистони Советӣ матни таркиби Нишонро аз лотинӣ ба русӣ иваз мекунад.

Дертар дар соли 1978 вақти қабули Конститутсияи Тоҷикистон Нишони ҷумҳурӣ иваз ва дар он, хӯшаи гандум, пахта, офтоб, кӯҳ ситораи панҷгӯша, досу болға тасвир шуда ва боз ҳам ҳамон шиори даврони коммунистӣ нигоҳ дошта мешавад.

НИШОНИ КУНУНИИ ДАВЛАТӢ

Дар замони истиқлолият дар ҷараёни Иҷлосияи 16-ум дар соли 1992 дар ҷараёни қабули Нишони давлатӣ дар сари акси шери таркиби он баҳсҳои зиёде сурат гирифт.

Ба ҳар ҳол, он пазируфта шуд, вале дар моҳи декабри соли 1993 ин акс аз он ҳазф гардид ва ҳоло Нишони давлатӣ аз тасвири тоҷ, ҳафт ситора, хӯшаҳои гандум, шохаҳои пахтаи шукуфон, китоб ва курсӣ таркиб ёфтааст.

Нишони давлатӣ аз рамзҳои муқаддаси давлат шуморида шуда ва тибқи қонун беэҳтиромӣ нисбат ба он ҷавобгарӣ хоҳад дошт.