Идомаи ҳафтаи "Шоҳнома" дар мусиқии муосир"

Бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, имрӯзҳо дар Душанбе, ҳафтаи мусиқии «Шоҳнома дар мусиқӣ» идома дорад.
Дар доираи ин барномаи фарҳангӣ, силсилаи маҳфилҳо бо ширкати аҳли илму адаб, мунаққидон ва мусиқишиносон доир мегардад.

Донандагони санъати мусиқӣ ва таъриху адабиёт дар ин маҳфилҳо паҳлӯҳои гуногун ва нозукиҳои вазни «Шоҳнома», зарбҳои мусиқие, ки аз замони Бобад то имрӯз боқӣ мондаву бо созҳои мухталифе, ки бо онҳо Шоҳнома» сароида мешавад, мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор медиҳанд.

Яке аз чунин маҳфилҳо рӯзи 26-уми май дар Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ин маҳфил
Дона Баҳромов, мусиқишинос ва ҳунарманди тоҷик

албоми нави оҳангҳои Дона Баҳромов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, устоди консерваторияи миллии Тоҷикистон, муаррифӣ шуд. Ин албоми тозаи худро Дона Баҳромов аз таронаҳое таҳияи кардааст, ки бар матни «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ сурудааст.

Шоир ва санъатшиноси тоҷик Назри Яздон зимни истиқбол аз ҳунарнамоии Дона Баҳром ва шогирдони ӯ гуфт, вақт аст, ки бо чунин маъниҳову оҳангҳои баланде, ки завқи шунаванда ва хоса ҷавонони моро боло мебаранд, он холигоҳе, ки мутассифона солҳои ахир дар ҳунару санъат ва адабиёти тоҷик ба вуҷуд омадааст, пур кунем, вагарна дер хоҳад шуд: «Бубинед, ки агар дар уқёнуси бузурги беканор, кишти лангар напартояд, ҳолаш чӣ мешавад. Ҳамин лангар барои як миллат фарҳангу ҳунараш аст. Ҳамин лангар "Шоҳнома" аст, ки моро аз офатҳои давру замон нигаҳдорӣ мекунад. Ва ин коре, ки устод Дона кардааст, ба назари ман на ҳамчун як санъатшинос, балки ҳамчун як шунаванда баҳо надорад ва мондагор аст, барои ояндагон. Ин кори саҳл нест. Чунки барои як сурудро вай бихонад, байтҳои ҳаммазмунро аз тамоми "Шоҳнома" гирд овардааст.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши Сафаргул Олимӣ дар бораи баргузории ҳафтаи мусиқии "Шоҳнома дар мусиқӣ"


Дона Баҳромов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳадаф аз таҳияи инчунин як албоми мусиқӣ ин будааст, ки маъниҳое чун хираду дониш, ҷавонмардӣ, ватандустӣ, худшиносӣ, ҷанг ва сулҳ, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва қувваҳои аҳриманӣ, ки дар ҷаҳони имрӯз, оромиву осоиштагии оламу одамро таҳдид мекунад, ӯро водор сохтааст, ки бори дигар овои ин асари ҷаҳониро ба гӯшу ҳуши мардум бирасонад ва онҳоро боз ҳам ҳидоят бар он кунад, ки рӯ ба ин шоҳасар биёранд:

«Масалан ин сурудҳо дар чандин мавзӯъ ҳастанд. Масалан бигирем хираду донишро ва сулҳ беҳтар аз ҷанг, ё ватанадорӣ, ҷавонмардӣ, охир магар ин маъниҳо барои наврасону ҷавонони мо имрӯз лозим нестанд?албатта лозиманд, то тавонанд ба дарки ин маъниҳои баланд бираванд.»

Дона Баҳромов афзуд, орзуи деринаи ӯ ҳамин аст, ки дар оянда бо ибтикори вай ва мусоидати Вазорати фарҳанг ва вазораи маорифи кишвар, дар консерваторияи миллии Тоҷикистон, барои ҷавонони завқманд як бахше ташкил кунад, то «Шоҳнома» бо оҳанг суруда шавад.