Дар дараи Ромит размоиши муштараки нерӯҳои ҳавобурди вазорати дифоъи Тоҷикистон ва воҳиди кӯҳгарди нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса шурӯъ мешавад.
Бино ба иттилои як манбаи наздик ба Атташеи низомии Фаронса, дар ин размоиш низомиёни фаронсавии мустақар дар фурӯдгоҳи Душанбе ширкат намекунанд ва сарбозони воҳиди 27-уми кӯҳгарди нерӯҳои хушкигарди Фаронса бо ҳавопаймо аз манотиқи дигар ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Қарор аст, ки дар ин размоиш аз ҷониби Фаронса ҳудуди 100 нафар сарбоз ширкат кунад.
ТАҲМКИМИ ТАВОНОИҲОИ НИЗОМИИ ТОҶИКИСТОН
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон
мегӯяд, ки Вазорати дифоъ хусусан дар солҳои ахир талош дорад, ки ҳузур ва тавоноии худ дар минтақаи шарқи кишварро таҳким бахшад. Ҳадафи баргузор кардани машқи низомӣ бо як кишвари аз лиҳози низомӣ пешрафтаи ҷаҳон низ ҳамин аст: «Ҳадафи таъсиси ҷузъу томи зудамал дар кӯҳистон, доштани тавоноии рӯёрӯӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар дар манотиқи кӯҳсор мебошад. Ва ин навбат барои таҳкими малакаи ҷангии десантҳои Вазорати дифоъ, машқи низомӣ дар дараи Ёси Ромит бо воҳиди кӯҳгарди нерӯҳои хушкигарди Фаронса баргузор карда мешавад.»
Дар ҳоле, ки Иёлоти Муттаҳида барномаи берун рафтан аз Афғонистон дар соли 2014- ро матраҳ кардааст, пажӯҳишгарони масоили амниятӣ аз ҳарвақта бештар ба эҳтимоли таъсири ин амал ба амнияти давлатҳои минтақа ишора мекунанд.
АФҒОНИСТОН САРЧАШМАИ НИГАРОНИҲО
Ҳамсоягии Тоҷикистон бо Афғонистони ноором ҳамеша ба вазъи амниятии аввалӣ таъсир доштааст. Таҳлигарони масоили амният мегӯянд, кишварҳои ҳамсояи Афғонистон то берун рафтани нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон, бояд тавонмандии худро бештар ва ҳокимияти худро бар марзҳо афзунтар кунанд.
Таҳлилгари масоили низомӣ Маҳдии Собир мегӯяд, ки низомиёни тоҷик хусусан воҳидҳои зудамал ба таҷрибаи кишварҳои дигар ниёз доранд, зеро машҳқҳои низомӣ мустақиман дар кӯҳистон хеле андак баргузор карда мешаванд: «Аслиҳаву силоҳе, ки франсузҳо дар мубориза бо гурӯҳҳои чирикӣ дар кӯҳистон истифода мекунанд ва чигуна истифода мекунанд, шояд барои низомиёни мо ҷолиб бошад. Ва муҳимтар ин аст, ки худи размоиш дар кӯҳистон мегузарад, яъне дар як минтақае, ки доғ аст.»
ЧАРО ДАРАИ РОМИТ?
Дараи Ёси Ромит дар гузашта аз саҳнаҳои ҷанг дар солҳои рӯёрӯии собиқ размандаҳои мухолифини пешини тоҷик бо нерӯҳои ҳукуматӣ буд. Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон ягона кишварест, ки ҷанги воқеъиро аз сар гузаронидааст ва нерӯҳои он аз таҷорибе бархурдор шудаанд. Аммо аз сӯи дигар, сармоягузории ҳукумат ба артиш ба андозаи кофӣ нест ва ин камбудӣ дар чанд маврид рӯшан ошкор шудааст.
"АФҒОНҲОВУ ПОКИСТОНИҲО ТАҶРИБАИ БЕШТАР ДОРАНД"
Собиқ ҳамраиси Кумисюни муштараки оташбаси пешини
Тоҷикистон Ҷалолиддин Маҳмудов мегӯяд, шояд таҷруба ва тактикаи рӯёрӯии нерӯҳои зудамали хушкигарди Фаронса бо гурӯҳҳои террористӣ дар шароити кӯҳистон барои низомиёни Тоҷикистон баҳрае диҳад, вале таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ба мисли Афғонистону Покистон бештар бошад. Зеро инҳо кишварҳое мебошанд, ки тайи солҳои зиёд ба таври рӯзмарра бо гурӯҳҳои тундрав меҷанганд: «Маълум аст, ки Афғонистону Покистон бо гурӯҳҳои Толибону Ал-Қоида меҷанганд. Ин кишварҳои дар шароити мушобеҳ бо Тоҷикистон аз лиҳози минтақаву шароити кӯҳистон монанад ҳастанд. Ва мақомоти Тоҷикистон бо инҳо дар ин роҳ ҳамкорӣ кунад беҳтар аст.»
ПАЁМ БА ТОЛИБОН
Лилит Геворгян, як таҳлилгари созмони таҳқиқотии Ҷейнс Дефенс мегӯяд, ки машқҳои низомии муштараки нерӯҳои Тоҷикистону Фаронса бештар аз ҳама “пайғомест ба Толибон, ки бидонед, мо марзҳои Афғонистонро мустаҳкам мекунем.”
“На танҳо Фаронса, балки ҳама дигар давлатҳое, ки ба муборизаи зидди Толибон дар Афғонистон шомил шудаанд, аҳамияти тамрину омодакунии нерӯҳои марзбони Тоҷикистонро хуб дарк мекунанд. Ҳукумати Амрико, масалан, ингуна кӯмакро ҳам ба шакли пулӣ ва ҳам фаннӣ ба Тоҷикистон фароҳам меорад. Фаронсавиҳо ҳам бо роҳандозии чунин машқҳо мехоҳанд аҳамияти Тоҷикистонро ба унвони шарики стратегии худ дар мубориза зидди Толибон ва хатароти амниятии дигар таъкид кунанд”
ДАҲ СОЛИ ФАРОНСАВИҲО ДАР ТОҶИКИСТОН
Ҳоло машқи низомии муштаракаи нерӯҳои кӯҳгарди Фаронса ва воҳиди зудамали вазорати дифои Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳафта идома пайдо мекунад. То кунун машқҳои низомии муштараки ин ду кишвар дар ситодҳо сурат мегирифтанд ва дар онҳо аз ҷониби Фаронса афсару сарбозоне ширкат мекарданд, ки дар фурудгоҳи Душанбе мустақар ҳастанд ва ба амалиёти зиддитеррорӣ дар Афғонистон кӯмаки фаннӣ мерасонанд. Ин сарбозон дар соли 2001 вориди Тоҷикистон шуда теъдоди онҳо бештар аз 200 нафар тахмин зада мешавад.