Ниҳоят баъд аз қариб як соли сарфакорӣ, аз ҳисоби роҳкирову ҳӯроки мактаб ҷамъ кардани як миқдор пул, ба ман муяссар шуд, ки падарамро розӣ кунонам, ки ба муносибати ҳатми мактаби миёна телефони дастии ҳозиразамон - аз ҳамон навъҳое, ки «ҳама доранду фақат ман надорам» (ба падар чунин мегуфтам, то ки маблағи намерасидагиро ӯ пурра кунад) бихарам.
24 майи соли 2011. Поёни рӯзи корӣ ба идораи падар омадам. Он кас дар ҳолати нарасидани пул бояд бевосита дахолат мекарданд. Ба «Мерседес»-и дасти 2-юм вале 1 сол қабл рост «аз вагон»-гирифтааш, ки аз он хеле фахр мекунад, нишаста самти маркази шаҳр ҳаракат кардем.
Аз наздикии «3-юм баз» аз паҳлуи хаймаҳои чангзеркардаи хитоҳои роҳсоз (онҳо аз гардиши фурудгоҳ то дарвозаи шарқии самти ноҳияи Ваҳдат роҳи ҷаҳонӣ сохта истодаанд), аз шафати «масҷиди урусо» (калисои кӯҳнаи масеҳиён -- боре он ҷо В.Путин Пасхаро ҷашн гирифта буд), ресторани туркии «Мерве» гузашта, аз тариқи хиёбони Шириншо Шоҳтемур ба сӯи фурӯшгоҳи марказӣ – СУМ мерафтем. Вақте ки аз назди Театри лӯхтак мегузаштем, сарамонро боло карда, ногаҳон лаҳзае карахту шаху лол шудем: дар болои сарамон мисли як парандаи азим – симурғи зебову пуршаҳомате, ки болҳояш гӯё тамоми шаҳрро фарогир бошад – парчами нави Тоҷикистон парафшонӣ мекард, мавҷ мезад.
Меӯянд Зебоӣ ва ё Ҳунар ҷараёни одиву ҳаррӯзаи фикри Шуморо катъу халалдор мекунад ва баръакс эҳсосоти Шуморо такон дода, андешаҳои наву тозаеро ба миён меорад. Фаҳмидем, ки шоҳиди барафрохта шудани парчами навсохти миллӣ шудем ( ба гуфти баъзеҳо баландтарин парчами дунё, ки ба китоби рекордҳои Гиннес дохил ҳохад шуд), парчаме, ки рӯзҳои охир аз он зиёд сухан мешуд ва сохтмони тира ё поясутуни онро ҳар рӯз мушоҳида мекардем, расида будааст. Вале чаро бидуни ягон тантана ва ё аққалан хабари пешакӣ?
Телефони бадвоҳимаи «touch screen» – ҳассосоинаеро харидорӣ кардем, ки фурӯшандааш қасам мехӯрд – «асл аст, савдо, ки нест, бо нархи худаш мефурӯшам…». (Ҳарчанд як телефони аввал пешниҳодкардааш симкордамонро қабул накарду ӯ ба мо дигарашро дод ва ин шубҳаи моро ба асл будани он телефонҳо зиёд кард.)
Ман ҳоло ҳам дар ҳаяҷон, нагузоштам, ки фурӯшанда ягон сурати санҷишӣ гирад, мехостам нахустин акси телефони нави ман ин акси парчами нави миллӣ бошад, ки онро сарсаҳифаи телефонам кунам,телефони соддаҳаки пешинаи ман суратгирак надошт, вале барои занги воридот ман дар он гимн ё суруди миллии Тоҷикистонро сабт намуда будам. Акнун мехоҳам, ки суруди миллӣ ҳамзамон бо мавҷзаданҳои парчами миллӣ садо диҳад.
Ҳарчанд рӯз ба поён мерасид, ман бо падарам аз нуқтаҳо гуногуни шаҳр: Китобхонаи нави миллӣ, Амфитеатр, меҳмонхонаи 5-ситорадори Ҳайяту Маркази фарҳангии исмоилиён, баландии мақбараи устод Мирзо Турсунзода, болотари маҷмӯаи навтаъсиси маркази фарҳанги исломӣ (иншооти Қатари араб ) ва Боғи нави фарҳангу фароғатии Душанбе ба парчам нигариста, аз он хеле аксбардорӣ кардем.
Ҳангоми ҳаракат ҷо-ҷо гурӯҳ-гурӯҳ мардумеро медидем, ки ҷамъ омада, аз тамошои парчами нави миллӣ ҳаловат мебурданд ва нидоҳои хушу эҳсосотӣ сар медоданд. Акнун дигар касе аз он ақида ёдоварӣ намекард, ки гӯё ҳоло, дар замони бӯҳрони иқтисодӣ парчамсозӣ коре бошад, носазову нолозим. Шикоят танҳо аз он буд, барафроштани парчам бе ягон маросим ҷараён гирифт.
Яке парчами навро ба зебоарӯсе шабоҳат медод, ки аз ҷилваву ҳаракатҳои мавзунаш наметавон чашм канд. Дигаре ҳазлкунон мегуфт, ки мавҷи ин парчам низ Худо ҳоҳад, ҳатман, чун садову паёми тоҷик ба Хуросону Исфаҳон, Бухорову Самарқанд, Кобулу Истанбул хоҳад расид.
Ман шояд дар ҳаёти худ бори нахустин вокеан шукӯҳу аҳамияти як рамзи миллиро бо тамоми ҳастиям эҳсос кардам. Ин будааст, ки ҳанӯз аз замонҳои Куруши Кабиру Доро, Қайсару Искандар, Коваву Рустам, Темурмалику Восеъ парчамбардорӣ мекардаанд, дар сафарҳои тақдирсоз ва базмҳову размҳо зери парчам ҳаракат мекардаанд! (Ё мисли оне, ки замоне ашхоси далеру шуҷоъ ва баномуси қавму қабилаҳо аз парчаму рамзҳои мардуми худ бо баҳои ҷон дифоъ мекарданду онҳоро муқаддас медоштанд.)
Баъди ба хона баргаштан, албатта, фавран ба санҷишу омӯзиши телефони дастии нав шурӯъ кардам. Ва ошкор шуд, ки шубҳаи падарам ба моли асл будани он беасос набудааст: барномаҳои телефон вайрон шуда, ҳама маълумоти он, аз ҷумла аксҳои парчам ҳам ҳамагӣ нопадид гаштаанд.
Барои иваз кардани телефон дар чунин ҳолатҳо аз таҷрибаи талхи худ истифода бурда бо фурӯшанда пешакӣ мувофиқа карда будем ва рӯзи дигар боз ба ҷониби фурӯшгоҳи марказии СУМ ҳаракат кардам. Ниятам он буд, ки телефони хубтаре гирифта, рӯзи равшан аз Парчам аксҳои бисёр гирифта, беҳтаринашро барои сарсаҳифаи телефони худ интихоб кунам.
Аммо, чӣ афсус! -- Пояи парчамро холӣ дарёфтам. Чи хел?! Магар мумкин аст, ки парчам поён карда шавад?! Не, набояд, дар ҳолатҳои одӣ -- ҳеч гоҳ!
Парчами миллиро танҳо дар рӯзҳои сиёҳ, рӯзҳои мотаму азои миллӣ поён мекунанд-ку!
Ман аллакай баъди як-ду соат тамошои дирӯза ошиқона онро ёд мекардагӣ шуда будам. Ба сутунпояи Парчам нигоҳ мекардаму қариб, ки аз алам гиряам меомад…
Баъдтар огоҳон маро таскин доданд, ки дирӯз парчамро фақат барои санҷиши пешакии техникӣ барафрохта будаанду баъдтар маросими воқеан пуршукӯҳу ботантана ва сазовори парчамафрозӣ баргузор хоҳад гашт.
Кош, Худоё, Парчами мо ин дафъа, ки дастҷамъона бардошта ҳоҳад шуд, дигар ҳеч гоҳ поён нашавад ва моро дар сафар дастгиру пешбар шуда, мояи ифтихор ва рамзи нангу номуси мо гардад!
Саидмаъбуди Мақсад,
хатмкунандаи мактаби миёнаи 55,
ноҳияи Рӯдакӣ
P.S. Агар ягон хонандаи сатрҳои боло рӯзи 24-уми май аз Парчами нави миллӣ акси хубе гирифта бошад, хоҳишмандам ба ман бифиристад. Дар сарсафҳаи телефонам мегузорам ва аз фиристандаи акс миннатдор мешавам. E-mail:burimaks55@gmail.com
Блогистон: Метавонед ин аксро мустақим ба Саидмаъбуд фиристед ва ё бо роҳи осонтаре дар Сафҳаи гузориши хонандагон гузоред, дигарон низ аз он истифода хоҳанд кард.