Раисиҷумҳури Сербия, Борис Тадич дастгир шудани айбдоршавандаи ҷиноятҳои ҷангӣ, Ратко Младичро тасдиқ кард.
Раисиҷумҳури Сербистон ҳамчунин гуфт, масъалаи истирдоди Младич ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноятҳои ҳарбии Югославии пешин дар ҳоли баррасист.
Вай дар нишасти хабарӣ дар Белград боздошти Младичро далели ҳамкории ҳасанаи кишвараш бо Созмони Милали Муттаҳид номид: “Аз номи Ҷумҳурии Серб ман эълон мекунам, ки имрӯз мо Ратко Младичро ба ҳабс гирифтем. Ин натиҷаи ҳамкории комили мо бо додгоҳи Ҳайг мебошад.”
Изҳороти Тадич дар ҳоле садо дод, ки бино ба гузоришҳо, полиси Сербистон шахсеро боздошт кардааст, ки ҳарчанд Милорад Комадич ном дорад, ба Ратко Младич монанд аст. Ба шахсе, ки дар наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ дар Югославии пешин айбдор мешавад ва солҳост, хадамоти амниятӣ ва интизомии чанд кишвар ӯро ҷустуҷӯ мекарданд.
“КОРНОМАҲО”-И МЛАДИЧ
Младичи 68-сола бо ҷиноятҳои ҳарбӣ ва қатли оми мардуми осоишта дар ҷанги Балкан дар солҳои навадуми асри гузашта муттаҳам мешавад. Ба қавли додситонҳо собиқ фармондеҳии артиши сербҳои Боснӣ -- Ратко Младич сарварии муҳосираи 43-моҳаи шаҳри Сараеворо бар дӯш дошт, ки дар ҷараёни он камаш 12 000 нафар ба ҳалокат расидааст.
Младич ҳамчунин тарҳрези поксозиҳои қавмии Босния ва куштори дастаҷамъии беш аз 7 000 мусулмони Боснӣ дар минтақаи Сребренитса ба шумор меравад.
Трибунали Байналмилалии Ҷиноятҳои Низомӣ дар Югославияи собиқ мегӯяд, моҳи июли соли 1995 дар Сребренитса занонро савори автобусҳо намуданду аз Сребренитса берун бурданд, сипас ҳазорон нафар аз мардону писарони мусулмонро бо фармони мустақими Младич ба қатл расонданд.
Коршиносон қатли оми Сребренитсаро бо кушторҳои дастаҷамъии яҳудиён дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шабоҳат медиҳанд, зеро СММ Сребренитсаро паноҳгоҳи фирориён эълон намуда, интиқоли паноҳангонро зери назорати худ гирифта буд.
Додгоҳи СММ бар ин назар аст, ки сар аз соли 1992 аз замоне, ки Радован Караҷич раҳбари сербҳои Боснӣ интихоб шуд, генерал Младич бомбаборонҳои муназзами Сараеворо раҳбарӣ мекард. Зимнан собиқ президенти сербҳои Босния Караҷич дар соли 2008-ум боздошт ва ба ихтиёри додгоҳи Ҳайг дода шуд.
ФИРОР, ПАНОҲГОҲ ВА БОЗДОШТ
Ратко Младич дар соли 1995 фармондеҳии артиши сербҳои Боснияро канор гузошта ба Белград кӯч баста, аз меҳмоннавозии раҳбари онвақтаи Югославияи собиқ Слободан Милошевич баҳрманд гашт. Младичро баъзан дар ресторанҳои боҳашамат ва бозиҳои футболи дастаҳои маъруфи шаҳри Белград дидан мумкин буд, вале дар соли 2001-ум ба вижа баъди интиқоли Милошевич дар додгоҳи Ҳайг младич ҳам аз назари омма дур шуд.
Собиқ додситони Додгоҳи Ҳайг, хонум Карла дел Понте доимо исрор меварзид, ки раҳбарони серб медонанд, ки Младич дар куҷо пинҳон аст, аммо намехоҳанд, ӯро боздошт кунанд.
Дар ҳоле ки матбуот аз боздошти Младич хабар дод, додситонҳои Сербистон ин хабарро таъйид ва ё такзиб накардаанд. Аммо телевизиони мустақили В92 гуфт, вазорати умури дохилӣ мардеро бо номи Милорад Комадич боздошт кардааст, ки ба Ратко Младич монанд аст
Боздошти Младич роҳро барои узвияти ҷумҳурии серб дар Иттиҳодияи Аврупо боз мекунад. Брусел таъкид карда буд, ки то замони дар озодӣ қарор доштани Младич ин кишварро ҳатто ба номзадии узвият дар Иттиҳодия қабул нахоҳад кард.
Вай дар нишасти хабарӣ дар Белград боздошти Младичро далели ҳамкории ҳасанаи кишвараш бо Созмони Милали Муттаҳид номид:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад