Тоҷикистон дар феҳрасти Шохиси Суботи Ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар соли 2010 бесуботтар шудааст ва аз ҷумла, як гӯшаи хушку сераҳолии он Осиёи Миёна.
Ин аст, натиҷагирии гурӯҳи пажӯҳишгарон, ки бо мусоидати Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ дар Австралия, омилҳои таҳким ва ҳам заъфи сулҳу субот дар ҷаҳонро таҳқиқ кардаанд.



Ҳосили кори ин гурӯҳ, Шохиси Суботи Ҷаҳонӣ аст, ки ҳар сол нашр мешавад ва аъзои гурӯҳ дар гузориши имсолаи худ гуфтаанд, ҳарчанд вазъи амниятӣ дар ҷаҳон дар соли гузашта каме бадтар шуд, ин бадӣ ба андозае набудааст, ки дар миёни солҳои 2009 то соли 2010 дида шуд.

Дар он вақт низоъҳои дохилӣ дар баъзе кишварҳо шиддат гирифт, афзоиши нархи маводи ғизоӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ омилҳои ноамниро бештар кард. Муаллифони гузориш мегӯянд, соли гузаштаву имсол омилҳои бесуботтар шудани ҷаҳон, афзоиши ҳамлаҳои террористӣ ва эътирозҳои хушунатбор аст.

МЕЪЁРИ ҚАЗОВАТ ЧИСТ?

Шояд бипурсед, ки ин гурӯҳи донишмандон бар асоси кадом меъёрҳо, қазоват мекунад, ки вазъи амниятӣ дар кишваре беҳтар ва ё бадтар шудааст? Ба ин суоли баҷо худи муаллифони гузориш посух гуфтаанд, ки Шохиси Суботи Ҷаҳонӣ ба асоси 23 меъёр ва шохисҳои манобеи хабарии мӯътабар таҳия мешавад ва аз ҷумла, омилҳои дохиливу хориҷӣ, робита бо ҳамсояҳо ва то ба ҳуқуқи инсону шароити иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирад.

Бо назардошти коҳиши ин нишондодҳо дар Осиёи Марказӣ, муаллифони гузориш мегӯянд, авзоъ дар кишварҳои минтақа соли гузашта мутафовит буд ё бетағйир монд ва ё бадтар шуд. Онҳо ишора мекунанд, ки дар Узбакистон авзоъи сиёсӣ бадтар шудааст.

ТОҶИКИСТОН ДАР КУҶО ҚАРОР ДОРАД?

Тоҷикистон дар Шохиси Сулҳи Ҷаҳонӣ дар соли 2011 аз миёни 153 кишвар дар мақоми 103-ум қарор дорад ва аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ болотар аз Қирғизистону Узбакистон ва Туркманистон аст ва танҳо аз Қазоқистон ақиб мемонад. Аммо ин мақом баёнгари он набудааст, ки Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари минтақа ба истилоҳ биҳишт бошад.

Муаллифони гузориш эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистонро зиёд медонанд, сатҳи ҷинояткорӣ ҳам баланд аст, робита ба ҳамсояҳо бад аст, эҳтимоли вуқӯи тазоҳуроти хушунатбор кам нест ва дастрасӣ ба силоҳҳои сабук низ осон аст.

"ГУЗОРИШ БАЁНГАРИ ВОҚЕИЯТ НЕСТ"

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ба баҳогузории пажӯҳишгарон ба вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон мувофиқ нест ва авзоъ дар кишварро беҳтар аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ намедонад: "Он нишондодҳое, ки оварда мешавад, на ҳамеша вазъияти дохилии кишварро ба пуррагӣ инъикос мекунанд ва он одамоне, ки ин нишондодҳоро ба кор мебаранд, аз вазъи дохилии Тоҷикистон огоҳ нестанд. Онҳо рақамҳоро мегиранд, дар компютер мегузоранд ва сипас арзёбӣ мекунанд, таҳлилро на ҳамеша ба кор мебаранд.”

Дар шохис нишондиҳандаҳои дигар низ омилҳои бесуботӣ хонда шудааст, аз ҷумла низоми сиёсӣ, нақзи ҳуқуқи инсон, озодиҳои матбуот ва ҳам омилҳои иқтисодӣ. Дар ин замина, нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар Шохиси Сулҳи Ҷаҳонӣ дар соли 2011 ниҳоят паст аст. Аз ҷумла баҳои баланд аз назари озодиҳои маданӣ дар ин шохис 10 аст, вале ба Тоҷикистон аз ин лиҳоз баҳои 2 ва 1,47 дода шудааст.

ВАЗЪИ БЕСУБОТИ МИНТАҚА

Аммо бо вуҷуди ин Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, агар ба субот дар Тоҷикистон бар асоси як ҷадвали 10- дараҷаӣ баҳогузорӣ кунем, ӯ ба субот дар кишвар баҳои 7 мегузошт, ки баҳои мусбат аст.

Оқои Муллоҷонов мегӯяд: “Ҳамааш ба омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ вобастааст. Таҷрибаи худи Осиёи Миёна ва таҷрибаи кишварҳои Мағриби арабӣ нишон медиҳад, ки вазъият дар ҳар кишвари минтақа бисёр зуд дигар шуда метавонад. Вале ҳоло мо чунин вазъият надорем.“

Ба гуфтаи ӯ, ба давлат марбут аст, ки дар ин шароити болоравии қиматҳо, нагузорад, зиндагии мардум аз вазъи феълӣ дида сахттар шавад, дар акси ҳол таҳаввулоти манфӣ дар кишвар ногузир хоҳад шуд.

КӢ БОСУБОТ ВА КӢ БЕСУБОТ АСТ?

Аммо мардуми Исландия метавонанд, бо кишвари худ ифтихор кунанд, ки дар гузориш баландтарин баҳоро гирифта ва босуботтарин кишвари дунё номида шудааст ва баъди он Зеландияи Нав. Дар мақоми охири феҳраст, Сомалӣ аст, болотар аз он Ироқу Судон ва сипас Афғонистони ноороми ҳамсоя бо Тоҷикистон.