Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси вазорати фарҳанги Тоҷикистон, намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ифтитоҳ ёфт.
Дар ин намоишгоҳи китоб, ки қарор аст барои се рӯз дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон идома ёбад, 9 кишвар- Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Туркманистон, Эрон, Афғонистон, Чин ва Ҳиндустон иштирок доранд.
Зиё Абдуло, як адиби тоҷик мегӯяд, ҳайатҳои Афғонистон ва Эрон ба намоишгоҳ китобҳое пешниҳод кардаанд, ки то ба ҳол ба ҳавзаи адабиву фарҳангии Тоҷикистон ворид нашудааст. “Ман дар инҷо аз адибони афғон асарҳои навро дидам ва шинохтам, пеш намедонистам, ки Афғонистон чунин адиб дорад.”
Ғиёсиддин Наҷибулло бо намояндагӣ аз вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон дар ин намоишгоҳ мегӯяд, беш аз 15 номгӯи китоб бо теъдоди 300 адад ба намоишгоҳ гузоштаанд ва илова бар ин, бо теъдоди 300 адади дигар китобҳои адабӣ ва илмиро барои вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамчун тӯҳфа тақдим хоҳанд кард: “Як теъдод китобҳоро ҳамчун тӯҳфа ба вазорати фарҳанги Тоҷикистон тақдим хоҳем кард ва кулияи китобҳо ҷанбаи фарҳангӣ доранд, яъне моли адибон ва шуарои афғонӣ аст.»
Кулияи интишороти Тоҷикистон бо китобҳои нашрнамудаи худ дар ин намоишгоҳ иштирок доранд. Ҳамчунин фурӯши китобҳо ҳам ба роҳ монда шудааст.
Қиёмиддин Сатторӣ, як масъули тадорукоти намоишгоҳи мазкур ба Озодӣ гуфт, ташкили чунин намоишгоҳ рақобатро дар саҳнаи фарҳангӣ ва мубодилаи эҷодии адибон эҳё мекунад. Аз ҷумлаи китобҳое, ки таваҷӯҳи тамошобинонро ҷалб кард, «Таърихи сайидзодаҳои Мовароннуҳр» унвон дошт ва ба теъдод ҳамагӣ 1 нусха аз тарафи Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.
«Достони ваҳдати миллӣ», китоби муфассал ва ҳаҷман калон, ки аз тарафи адибони Суғд навишта шудааст, дар бораи корномаи Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ аст. Аммо дар ин китоб дар бораи шахсият ё аксе аз ҷонибҳои дигари сулҳи Тоҷикистон ба чашм намехӯрад.
Намоишгоҳ бори аввал аст, ки дар Душанбе доир мешавад ва вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки оянда ҳам ин иқдом идома ёбад.