Ҷавонони тоҷик наметавонанд бидуни иҷозати мақомот дар хориҷ аз кишвар ба таҳсили улуми динӣ машғул шаванд, қарор кард парлумони Тоҷикистон.
Ин яке аз ду нуктаи тоза дар қонун дар бораи «Озодии виждон ва иттиҳодияҳои динӣ»-и Тоҷикистон аст, ки бо пешниҳоди ҳукумати ин кишвар Маҷлиси намояндагон бо иттифоқи оро таъйид кард.
Гуфта шуд, ки ин ислоҳот бо ҳадафи аз таъсири равияҳои мухталиф ва тундгарои динӣ ҳимоят намудани андеша ва тафаккури мазҳабии кишвар ва танзими раванди таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷ сурат гирифтааст.
МАҲДУДИЯТ Ё ТАНЗИМИ ТАЪЛИМӢ ДИНӢ?
Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ҳамакнун мақомоти Тоҷикистон дар пайи бозгардонидани толибилмони мадрасаҳои динӣ даст ба иқдоми дигар зада ва раванди таҳсили динии ҷавонон ба хориҷ аз кишварро таҳти назорати худ хоҳанд гирифт. Аммо бархеҳо бар ин назаранд, ки чунин тасмими ҳукумат мунҷар ба нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар амри дастрасӣ ба таҳсилот хоҳад шуд.
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон, ки лоиҳаи ислоҳот ба қонун дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро ба вакилони Маҷлиси намояндагон шарҳ медод гуфт, ки бархе аз «нерӯҳои мухталиф дар ин авохир шумори зиёд аз ҷавонони тоҷикро ба мактабу мадрасаҳои кишварҳои хориҷӣ ҷалб карданд, ки дидгоҳҳои ақидавии онҳо бо андешаҳои
тафриқаангез ва мухолифи мазҳаби аҷдодӣ омехта шуданд. Ва чунин раванд ба суботу амнияти фарҳангӣ ва динии кишвар «мушкилиҳо» ворид кардааст.»
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ҳарчанд аз ин «мушкилиҳо» ба таври мушаххас зикр накард, аммо пайдо ва ривоҷ ёфтани равия ва ҷараёноти ғайрисуннатие чун «Салафия», «Ансоруллоҳ» ва «Ҷамоати Таблиғ», ки дар солҳои ахир бархе аз пайравони онҳо аз сӯи давлат маҳкум ба зиндон шуда ва фаъолияти ин ҷараёнот мамнӯъ эълон шуд, дар назар дошта шудааст.
ТАҲСИЛ ДАР ХОРИҶА БО ИҶОЗА МАҚОМОТ
Абдураҳим Холиқов афзуд, ки ворид кардани ин ислоҳот ба хотири ҳифзи субот ва амнияти андеша ва муҳити динӣ сурат гирифта ва давлат минбаъд ҷараёни таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷ аз кишварро танҳо бо ризоияти мақомоти ваколатдор иҷозат медиҳад.
Гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар мактабҳои олии динии хориҷӣ танҳо баъд аз гирифтани таҳсили динӣ дар Тоҷикистон ва бо розигии хаттии мақомоти ваколатдори динӣ оид ба дин ва оид ба соҳаи маориф иҷозат дода мешавад. Тартиби гирифтани маълумоти динии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Давлаталӣ Давлатзода вакил аз ҲХДТ бо ҷонибдорӣ аз ин
пешниҳод афзуд, ки бештари ҷавонони тоҷик ба он кишварҳое барои идомаи таҳсили улуми динӣ мераванд, ки пайрав ва ҷонибдори мазҳаби дигаранд. Ва чунин амр боис мешавад, ки дар оянда муҳит ва фазои динии кишвар дучори мушкил бишавад: «Дар бисёр кишварҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани таълими динӣ мерафтанд, пайравони дигар мазҳабҳо мебошанд. Ва аз ин сабаб он бетаъсир буда наметавонист. Ва дар баъзе ҳолатҳо ба ихтилофҳо дар ҷомеаи мо оварда мерасонид.»
"ТАҚСИМИ ҶОМЕА БА МУЛЛО ВА ҒАЙРИМУЛЛО"
Аммо Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ намояндагон дар парлумон аз ҲНИТ аз ин пешниҳоди ҳукумат ҷонибдорӣ накарданд. Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҲНИ мегӯяд ин пешниҳод барои афроде, ки мехоҳанд дар хориҷ аз кишвар таълими динӣ бигиранд маҳдудият ҷорӣ мекунад.
Аз сӯи дигар афзуд Кабирӣ, ин ислоҳот бар тақсими ҷомеа ба мулло ва ғайримулло сабаб мешавад, ки қобили қабул нест: «Гирифтани иҷозат аз ду ниҳод ҳам Вазорати маориф ва ҳам Кумитаи дин як навъ печида гардонидани ин масъала аст. Сониян мо дар инҷо поймолшавии ҳуқуқи
инсонро мушоҳида мекунем. Як нафар мехоҳад, ки маълумоти дуюми худро пас аз хатми донишгоҳ ё пас аз чанд соли кор дар ягон самти дигар маълумоти динӣ бигирад дар хориҷ ӯ аз ин ҳақ маҳрум мешавад, зеро тибқи тағйироти ин моддаҳо, ӯ бояд ҳатман маълумоти аввалияи диниро дар дохили кишвар гирифта бошад. Чунин ба назар мерасад, ки дар мо дар оянда муллоиро ҳамчун касб карданианд на ҳамчун як мақом, балки ҳамчун поп ва ҳамчун манах як касб мешавад.»
"НАЗОРАТИ РАВАНДИ ТАҲСИЛ ДАР ХОРИҶА КОРИ ДУРУСТ АСТ"
Зимнан бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон бо таваҷҷӯҳ ба густариш ёфтани фирқа ва равияҳои ғайрисуннатӣ ва то ҳадде тундрав тасмими давлат дар амри зери назорат гирифтани раванди таҳсили ҷавонон дар хориҷ аз кишвар дуруст меҳисобанд.
Иброҳими Усмон, устоди Донишгоҳи милии Тоҷикистон мегӯяд, гирифтани тавсияи ҳукумат барои тамдиди таҳсили динӣ дар хориҷ аз кишвар тадбири дуруст аст. Зеро ҳеҷ гуна ихтилофе чун ихтилофи мазҳабӣ наметавонад субот ва оромиши ҷомеаро дучори хатар кунад: «Мухолифи дар муҳити дигари мазҳабӣ таълим гирифтани онҳое ҳастам, ки дар оянда ба дин хизмат хоҳанд кард. Эҳтироми
ягонагии мазҳаб ин эҳтироми ягонагии давлат ҳам ҳаст. Таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа махсусан онҳое, ки ба аз бар кардани донишҳои динӣ эҳтиёҷ доранд дар хориҷа бояд дар сатҳи ҳукумат танзим шавад.»
Аммо бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, қонунӣ кардани масъалаи дарёфти иҷозаи хаттӣ барои таҳсили улуми динӣ дар хориҷ аз кишвар аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ боис хоҳад шуд, ки ин масъала низ бо фасод ва ришва печида шавад. Ба ин манзур беҳтар буд, ки шароити омӯзиши улуми динӣ дар дохили кишвар роҳандозӣ шавад.
Тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур дар ҳоле сурат мегирад, ки соли гузашта дар пайи як дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, садҳо нафар аз донишҷӯёни тоҷик аз мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ ба ватан боз оварда шуданд.