Мақомоти додситонӣ аз анҷоми таҳқиқи парвандаи Сафаралӣ Сангов хабар дода ва гуфтанд, ки ин парванда дар баррасии додгоҳ қарор гирифтааст.
Сафаралӣ Сангов, ба гуфтаи хонаводааш, дар пайи як боздошти хушунатбор аз тарафи ходимони пулиси минтақаи "Сино-1"-и шаҳри Душанбе дар бемористон аз дунё даргузаштааст.
Шамсиддин Раҳмонов, муфатиши аршади бахши бозҷӯии парвандаҳои ниҳоят муҳими додситонии шаҳри Душанбе ба радиои "Озодӣ" гуфт, парвандаи бозҷӯии пешакӣ бо таъйиди ҷурми айбдоршаванда ва бо далелҳои мӯътамад ба анҷом расид.
"Бо ҷамъ овардани далелҳои эътимодбахш, ки гунаҳкории айбдоршавандаро собит менамоянд, нисбат ба гунаҳкорон айб эълон шудааст. Айни замон парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолоти суди ноҳияи Сино қарор дорад",-афзуд ӯ.
"ХУНУКНАЗАРИИ ПУЛИС"
Ҷаноби Раҳмонов мегӯяд, дар парванда мавридҳои хунукназарӣ ё масъулиятношиносии кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки марги як инсонро ба дунбол доштааст, тасдиқи худро ёфтаанд.
Дар парвандаи пурсарусадои куштори Сангов аз се нафар ҳамчун гумонбарони ҷиноят ном бурда мешавад, аммо ба қавли Шамсиддин Раҳмонов, ҳукми ниҳоиро додгоҳи ноҳияи Сино содир хоҳад кард.
Дар додгоҳи ноҳияи Сино ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки парванда вориди додгоҳ шуда ва қарор аст, рӯзи 30-юми май нахустин мурофиа бо ширкати айбдоршавандаҳо ва ҷабрдидаҳо баргузор шавад. Дар зимн, се гумонбаршуда ҳанӯз боздошт нашудаанд ва бо замонати берун нарафтан аз шаҳр дар озодӣ боқӣ мондаанд.
"НА ҲАМА ДАЪВОҲО ТАСДИҚ ШУДААНД"
Ба гуфтаи додситонҳо, дар сурати собит шудани далелҳои дар парвандаи пешакӣ дарҷшуда дар додгоҳ, мутобиқи қонуни кайфарии Тоҷикистон ба айбдоршавандаҳо то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бо ин ҳол, додситонии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки на ҳама даъвои ҷабрдидаҳо ё пайвандони Сафаралӣ Сангов дар парванда тасдиқи худро ёфтаанд.
Дар ҳоле ки Сарвиноз Сангова мегӯяд, дар боздошти шавҳараш 7-8 нафар корманди пулис иштирок дошт, додситони шаҳрӣ мегӯяд, ки дар ин амалиёт ҳамагӣ 4 пулис иштирок кардааст.
Сарвиноз Сангова, ҳамсари Сафаралӣ Сангов дар робита ба ирсоли парвандаи шавҳараш ба додгоҳ гуфт, ки аз ҳоло ба барасии мунсифонаи парванда ва ҳукми одилонаи додгоҳ чандон умед надорад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, мавридҳои муҳиме ба парванда ворид нашудаанд.
НАЗАРИ ҲАМСАРИ САНГОВ
Вай гуфт: "Ба хонаи мо 7 нафар омада буд, 6 пулис ва 1 нафари дигаре, ки Сафаралиро "фӯрухт". Ман мехостам исми ӯро ба парванда ворид кунанд, вале мегӯянд, ки ӯ таҳти ҳимояти қонун аст ва исмаш ошкор намешавад. Додситон ба ман гуфт, ки яъне мавриди шиканҷа қарор гирифтани Сафаралӣ исботи худро наёфтааст."
Сафаралӣ Сангов рӯзи якуми марти соли ҷорӣ дар пайи як боздошти хушунатбор бо аломатҳои лату кӯби шадид ба бемористони Қарияи Боло интиқол ёфт ва дар ҳоли беҳушӣ дар ҳамон ҷо аз дунё даргузашт. Ба гуфтаи табибон, Сафаралӣ Санговро ходимони пулис ба бемористон оварданд.
МАРГИ МАҶБУРӢ Ё ХУДКУШӢ?
Ин ҳодисаи хушунатбор ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва параванда фавран мавриди таваҷҷӯҳи хабарнигорон ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифт.
Дар оғоз ходимони пулиси "Сино-1" барои худкушӣ қаламдод кардани ин ҳодиса талош карданд. Вале бинобар дахолати Додситонии кул бархӯрд ба ин ҳодиса ҷиддитар шуд ва ниҳоят парванда ба додгоҳ интиқол ёфт.
Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандон аз шеваи бархӯрди пулис ба боздоштшудаҳо ва ё навҳаи боздоштҳои ғайриқонунии онҳо бо шумули истифода аз зӯр шикоят мекунанд. Моҳе қабл Шерхон Салимзода, додситони кул ба Озодӣ гуфта буд, ки вақтҳои охир шикояти шаҳрвандон оид ба рафтори кормандони пулис ва шиканҷа дар боздоштгоҳҳо зиёд шудааст ва ҳатто далелҳои тасдиқшаванда ҳам дарёфт шудаанд.
Додситонии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки на ҳама даъвои ҷабрдидаҳо ё пайвандони Сафаралӣ Сангов дар парванда тасдиқи худро ёфтаанд...