Ман ҳам дар СССР зиставу сӯхтаам

Абдуманнон Шералиев

Банда ҳам аз онҳое ҳастам, ки дар СССР зистаанд. Аниқтараш давраи тиллоии СССР -- даврае, ки яке аз қудратмандтарин режимҳои ҷаҳон тавониста буд шиками атбоъашро сер кунад. Яъне ман яке аз
«мактаббачагони хушбахти советӣ» будам ва ба шиорҳое чун «Зинда бод мактаббачагони хушбахти советӣ», «зинда бод коммунизм» ва «зинда бод»-ҳои дигаре бо «уррааа» ҷавоб мегуфтам.

Аммо ин «урра»-ҳо чандон мухлисона набуда, тардиде дар пай доштанд. Чун банда дар оилае диндор ва ҳамзамон рӯшанфикр, ҳам аз тарафи модарӣ ва ҳам аз тарафи падарӣ мутаваллид ва бузург шуда будам, ҳамвора байни обу оташ қарор доштам ва муддатҳо наметавонистам якеро баргузинам. Аз як тараф ҳарду бобоям, ки аслан режими коммунистиро қабул надоштанд ва шадидан онро маҳкум мекарданд, ҳатто бобои модариам 2 маротиба зиндонӣ шуда буд, аз тарафи дигар муаллимон, ки ба гӯшҳоям афсонаи коммунизмро мехонданд.

Ҳамагӣ 7 сол доштам, падарам, ки солҳо дар хориҷ кор карда буду сипас ба Афғонистонаш бурда буданд, онҷо кушта шуд ва бобоҳоям ба марги ӯ режими Шӯравиро гунаҳкор медонистанд.

Муаллимон бошанд падарамро қаҳрамон мехонданд ва маро ба ифтихор аз ин ки падарам барои наҷоти бародарони афғон ҷон бохтааст, фаро мехонданд.

Тамоми фанҳо ва тадрис дар он замон бар ин буданд, ки оламро ҳеҷ холиқе нест, мавҷудот дар натиҷаи эволютсия ба вуҷуд омадаанд, инсон маймуни эволютсияшуда аст, дин афюни халқ аст…

Аммо бобоҳоям ба ман таълими Қуръон медоданд, ба намоз водорам менамуданд – ҳатто тобистонҳо соати 4-и субҳ бедорам мекарданд, ки гоҳе боиси норозигӣ ва эътирозам мешуд, аз ҳаёти Паёмбари Ислом (с) ва саҳобагон қиссаҳо мегуфтанд, қаҳрамонашон мехонданд.

Муаллимон онҳоеро қаҳрамон мегуфтанд, ки дар «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ширкат намудаанду ё кушта шудаанд ва ё қаҳрамонона ба Ватан баргаштаанд ва онҳоеро, ки аз иштирок дар ҷанг сарпечӣ кардаанд, дизертир ва хоини Ватан мехонданд. Аммо ҳардуи бобоям «дизертир» буданд…

Ба мактаб иштирокчиёни ҷанг меомаданд ва ба мо аз қаҳрамониҳояшон ҳикоят мекарданд. Муаллимон бошанд аз обрӯву эътибори онҳо байни мардум мегуфтанд. Аммо вақте обрӯву эътибори онҳоро бо обрӯву эътибори бобоҳои дизертирам муқоиса мекардам, дар шигифт мешудам. Махсусан бобои модариам, ки муллои дарсхондае буд. Вақте дар кӯчаҳои деҳа пайдо мешуд, мардон дуқад шуда салом медоданд, занон ба хонаҳояшон ё наздиктарин хона пинҳон мешуданд.

Ӯ ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа ба Қӯқанди Узбакистон ё ба Хуҷанд барои намози ҷумъа мерафт ва баъзан маро бо худ мегирифт. Вақте аз намоз хориҷ мешудем, мардум барои зиёраташ навбат меистоданд ва ман аз дастфишории онҳо хаста мешудаму ба пушти бобоям пинҳон мешудам.

Китобҳои таърих босмачиҳоро хоини Ватан, роҳзан ва хунхор таъриф мекарданд, бобоҳоям қаҳрамон ва хҳомии Дину Миллату Ватан.

Ман талабаи аълохоне будам ва кам воқеъ мешуд, ки ба дарс тайёр набошам. Аммо вақте китоб бо бобоҳоям мухолифат мекард, даруни ман ҳам ду қувва бо ҳам мухолифат мекарданд. Намедонистам ба кӣ бовар кунам. Маро чун талабаи аълохон дар синфи 7 ба сафи комсомол пешбарӣ намуданд. Ҳамон рӯз шадидтарин мухолифати ду қувваи дохили ман буда сурат гирифт, ки то ҳанӯз асараш боқист. Онҳоеро, ки ба сафи комсомол пешбарӣ шуда буданд, комиссиюни махсусе аз муаллимон якнафарӣ қабул мекард. Навбати ман ҳам, ки кӯчактарини онҳо будам, расид.

Се муаллим нишаста буданд ва маро даъват ба нишастан карданд. Як нафарашон гуфт, ҳоло ба ман афзалиятҳои комсомолро мефаҳмонад, баъдан онҳо ду саволӣ медиханд. Агар посухи дуруст гуфтам, аъзои комсомол хоҳам шуд. Маро ҳисси ифтихор фаро гирифта буд, ки кӯчактарин аъзои комсомол дар мактаб хоҳам буд ва агар инро, ки дар шашсолагиям ба мактаб рафтаам ба эътибор гирем, шояд умуман хурдсолтарин аъзои комсомол шавам.

Аммо муаллим бо аввалин ҷумлааш ҳамаро ба ҳам зад. Ӯ гуфт комсомол ячейкаи Ҳизби коммунист аст ва онҳое, ки ба он аъзо мешаванд, оянда коммунист хоҳанд шуд. Намедонам ӯ чӣ кадари дигар аз афзалиятҳои комсомолу коммунист ҳарф зад, аммо ман танҳо чумлаи аввалашро шунидаму гуфтаи бобоям ба ёдам омад, ки ҳар касе коммунист шуд, кофир мегардад. Тарси ман аз кофир шудан ба ҳадде буд, ки дигар чизеро нашунидам. Ҳатто саволҳояшонро… Маро қабул накарданд! Аммо он рӯз дарёфтам, ки ман ба Худо имон дорам… ва чӣ имоне!

…Ман ба худ қарор дода будам, ки ба Худо имон дорам ва дигар ҳаргиз ба набудани ӯ бовар нахоҳам кард, аммо мошини тарғиботии Шӯравӣ корашро мекард. Муҳорибаи ду қувва дар дохилам давом дошт. Махсусан вақте муаллимон падарамро қаҳрамон мехонданду бобоҳоям қурбонии режим. Ман мехостам падарам қаҳрамон бошад. Бо худ тасаввур мекардам, ки ӯ чӣ гуна автомат дар даст меҷангид ва чӣ қадар босмачиҳои афғон аз зарби тири ӯ ба замин меафтанд.

Аммо ин мухолифат ҳам охир ба поёни худ расид. Вақте дар синфи охири мактаб таҳсил мекардам, бастаи навиштаҳои падарам тасодуфан ба дастам афтод… ва Худоё! Ӯ ба босмачиҳо муҳаббат доштааст! «Бародарони ҳамдину ҳамзабон» - иборае, ки имрӯз дар ВАО ва адабиёт зиёд такрор мешавад, навиштаи падари ман аст. Ва ман бо ин мефахрам!

Абдуманнон Шералиев,
ноҳияи Ашт, деҳаи Саро.