Гурез аз алимент. То ба кай?

Бештари занони бесаробони тоҷик аз он шикоят мекунанд, ки ҳамсаронашон нафақаи фарзанди худро намедиҳанд.
Муҳайё яке аз садҳо зани тоҷик аст, ки бо ду фарзанди хурдсолаш дар чорроҳаи зиндагӣ лол мондааст. Се сол пеш ӯро шавҳараш бо ваъдаи харидории манзили нав ба хонаи модараш бурда, дигар ба суроғаш наомадааст.
Дар фурудгоҳҳои Русия номи афроде, ки аз супурдани алимент даст мекашанд, навишта шудааст. Онҳо то масъалаи алименти фарзандонро ҳал накунанд, иҷозаи хуруҷ аз кишварашонро надоранд...


Ҳоло ҳамсари ӯ соҳиби хонаводаи дигар аст ва ба Муҳайёву фарзандонаш аслан кӯмак намекунад. Муҳайё, ки духтари соҳибмаълумот аст, мегӯяд, талошҳои пайвастаи ӯ барои гирифтани ҳаққи кӯдакон ва ё алимент аз падари фарзандонаш бенатиҷа анҷом ёфтааст.

"Ҳам ба Кумитаи кор бо занон ва ҳам созмони занони ҳуқуқшинос муроҷиат кардам, аммо бенатиҷа. Барои таъмин бо вакили дифоъ маблағ талаб мекунанд. Ман мехоҳам бо фарзандон ягон ҷои зист дошта бошам. Ё алимент диҳанд. Ман маъюбам, чашмонам хуб намебинанд. Намедонам, кӯдаконро чӣ тавр ба по монам, фардо инҳо мактаб мераванд, намедонам, бо ин ҳол чӣ тавр тарбия мекунам",-илова кард Муҳайё.

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон
Сарпечии аксар падарон аз пардохти нафақа ё алимент ва ба дӯши модари танҳо гузоштани таъмину тарбияи фарзанд, аз масоилест, ки Омбудсмени тоҷик, Зариф Ализода низ дар гузориши солонаи худ дар қатори даҳҳо дигар мушкилоти кӯдакону наврасони тоҷик, онро нигаронкунанда арзёбӣ кардааст.

Ҷаноби Ализода сабаби аслии ин вазъро дар бетаваҷҷӯҳии падарон ба ояндаи фарзандон ва фаъолияти номуассири мақомоти масъули ҳифзи ҳуқуқ дар ин замина унвон кардааст.

Ба таъкиди ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бо афзун шудани мавридҳои аз ҳампошии хонаводаҳо кӯдакон ба нақзи ҳуқуқ ва вазъияти мушкиле рӯ ба рӯ шуда, сарнавишти минбаъдаи онҳо зери суол қарор мегирад. Бархе аз занон агарчӣ бо вуҷуди мушкилоти зиёд, зиндагии худу фарзандонро ба танҳоӣ пеш баранд, гурӯҳи дигар кӯдаконро ба тарбияи бибиву бобоҳо гузоштаву худ роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд.

Гуфта мешавад, ҳамин дурӣ аз меҳру тарбияи падару модар ва вазъи номусоиди молӣ, дар аксар ҳолат боиси рӯ ба хиёбон ва ҳатто ба олами ҷиноят рӯ овардани наврасон мешавад.

Самад як мусоҳиби 14-солаи мо, ки имрӯз дар мактаби кӯдакони душвортарбия таълим мегирад, мегӯяд, пас аз ҷудо шудани волидонаш онҳо ба тарбияи модарбузургаш супурда шуданд.

"Падару модарам бояд аз ҳам ҷудо намешуданду моро тарбия мекарданд. Ман аз хонаи бибиам мегурехтам ва бо бачаҳо дар кӯча мегаштем",- мегӯяд Самад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар бораи алимент



Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, бо шиддат гирифтани ҳолатҳои азҳампошии хонаводаҳо баҳсҳои додгоҳӣ атрофи пардохти алимент ҳарчӣ бештар мешавад. Қаҳрамон Юсуфов, ҳуқуқшиноси як маркази маърифати ҳуқуқии пойтахт мегӯяд, солҳои ахир занон, бахусус, занони ҷавон бо ҳамин мушкил ба онҳо муроҷиат мекунанд. Аз сӯи дигар ба қавли ҷаноби Юсуфов, аксаран нафақа ё алименте, ки аз сӯйи мақомоти судӣ муайян карда мешавад, ночиз аст.

Вай гуфт: "Бисёре аз занон аз он нигаронӣ мекунанд, ки барои як кӯдак 80 - 100 сомонӣ кам аст. Кӯдак бояд шир, гӯшт хӯрад, ғизои хуб дошта бошад. Либос пӯшад. Ҳоло нархи маводи ғизоӣ гарон аст. Мо ҳам дар асоси ин даъво кӯшиш мекунем, ки ба онҳо кӯмак кунем."

Аммо як мушкили умдаи дигаре, ки баъди аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо имрӯз дар пешорӯи занон қарор мегирад, ин дар муҳоҷират будани падарони фарзандонашон аст.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси саршиноси тоҷик, раҳбари созмони "Перспектива +" мегӯяд, дар аксари ҳолат аризаву даъвои ин гурӯҳи занон барои гирифтани нафақаи кӯдакон қабул намешавад: "Ҳол он ки суд чунин ҳақ надорад. Онҳо бояд қабул ва ҷустуҷӯ кунанд нафари алиментдиҳандаро. Аммо таҷрибаҳои дигар ҳам ҳаст. Масалан дар Русия дар ин маврид як дигаргунӣ ворид карданд, ки дар фурудгоҳҳо махсус номи афроде, ки аз супурдани алимент даст мекашад, ҳаст ва то масъалаи алименти фарзандонро ҳал накунанд, ба онҳо иҷозаи хориҷ шудан аз кишвар дода намешавад. Ба онҳо кредит дода намешавад. Мо ҳамчунин пешниҳод кардем, ки дар нуқтаҳое, ки ба сокинон шиноснома дода мешавад, аввал ҳалли ин масъала талаб карда шавад."

Зариф Ализода, Омбуудсмени тоҷик ҳамчунин дар гузориши солонаи худ аз андозаи ками кӯмапулиҳо барои модарон ба ҳангоми таваллуди фарзанд низ ёдоварӣ кардааст. Ба таъкиди ӯ маблағе, ки барои таъмини кӯдакони навзод муайян шудааст, ночиз аст.

Бояд гуфт, бар асоси қонунҳои Тоҷикистон занон пас аз таввалуди фарзанд дар муддати 6 моҳ ҳаққи гирифтани кӯмакулӣ ба миқдори аз 1 то 3 нишондиҳандаро доранд. Ин маблағ аз соли нав 20 дарсад зиёд шуда ба беш аз 100 сомонӣ расидааст. Аммо тақрибан 80 дарсади занони тоҷик, бахусус, занони хонашин аз ин кӯмакпулиҳо на танҳо бархӯрдор нестанд, балки дар ин бора огоҳӣ низ надоранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Азҳампошии хонавода