Бонки Ҷаҳонӣ аз омодагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба табодули андеша дар мавриди Роғун ситоиш кард
Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, намояндагони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ва созмонҳои ғайридавлатии ин кишварҳо ахиран дар шаҳри Алматои Қазоқистон бо натиҷаҳои пешакии оғози баррасии тарҳи “Роғун” ошно шуданд ва пешниҳодҳои худро ба миён гузоштанд.
Узбакистон аз ширкат дар ин ҳамоиш сарпечӣ кард ва ин ҳам дар ҳолест, ки Узбакистон ба бунёди ин нерӯгоҳ шадидан мухолифат мекунад. Созмондиҳандагони нишасти Алмато гуфтанд, ба ҳукумат ва созмонҳои экологии Узбакистон даъватнома фиристода ва посухи мубати онҳоро дар робита ба ширкат дар ҳамоиш гирифта буданд.
Бонки Ҷаҳонӣ дар торнамои худ аснод ва матолиберо мунташир кард, ки рӯзҳои 17 ва 18-уми май дар ҷаласаи намояндагони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ва рӯзи 19-уми май дар ҷамъомади намояндагони ҷомеаи мадании ин кишварҳо баррасӣ шуд.
Бино бар ин аснод, Бонки Ҷаҳонӣ ду ҳайати коршиносонро таъсис таъсис додааст, ки мутахассисони номдори байнулмилалӣ ба узвияти он пазируфта шудаанд. Ба ғайр аз ин ду ҳайати дигар ба омӯзиши масъалаҳои марбут ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун, аз ҷумла ҷанбаъҳои фаннию иқтисодӣ ва ҳамчунин таъсири эҳтимолии экологӣ ва иҷтимоии обанбори Роғун машғул хоҳанд буд.
Натиҷаҳои аввалияи пажӯҳиш аз баъзе навоқис дар шеваи бунёди сарбанд ва пайомадҳои эҳтимолӣ дар бистари обанбори оянда хабар медиҳанд. Ҳамчунин барномаи пажӯҳишҳои оянда ва масъалаҳои мавриди тамаркузи ин омӯзишҳо шарҳ дода шудаанд.
Аммо ба сурати умум, ҳарчанд аз нигаронии кишварҳои поёноб, махсусан Узбакистон дар робита ба коҳиши эҳтимолии маҷрои об низ ёд шудааст, зоҳиран ин масъала мавриди омшӯзиши амиқ ё бевосита қарор нахоҳад гирифт. Ба истиснои як бахш, ки шева ва усули пур кардани обанбор номида шудааст.
Ба ҳар ҳол тарафи Узбакистон сабаби худдорӣ аз ширкат дар мулолқоти Алматоро шарҳ надодааст. Пештар, як созмони экологии Узбакистон Бонки Ҷаҳониро танқид карда буд, ки ба бозичаи дасти Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Аммо, бино бар асноди мунташира дар торнамои Бонки Ҷаҳонӣ, то ҳол ягон далеле ба манфиати тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар миён гузошта нашудааст. Баръакс, дар ин ҳуҷҷатҳо ба нукоти муҳиме ишора мешавад, ки сабаби аз озмун нагузаштани тарҳи Роғун ё ба камияш коҳиши баландии сарбанди ояндаи он пеш гузошта шавад.
Аз сӯи дигар, коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ нахустин асноди худро аз пажӯҳиши тарҳи Роғун ба гунае дар миён гузоштаанд, ки агар бо гузашти 18 моҳ баррасии ҳамаи ҷанбаъҳои тарҳ ба таври мусбат ҳал шавад, Бонки Ҷаҳонӣ кишвар, ниҳодҳо ва сармоягузорони алоҳидаро ба ширкат дар ин тарҳ ташвиқ хоҳад кард. Он гоҳ, зоҳиран, Роғун зери чатри Бонки Ҷаҳонӣ бунёд хоҳад шуд.
Қарор аст, Бонки Ҷаҳонӣ ба зудӣ, дар моҳи июн ҳамоиши дувуми баррасии дарёфтҳои коршиносонро баргузор кунад. Намояндагони бонк изҳори умиедворӣ кардаанд, ки Узбакистон дар идомаи баҳсҳо ширкат хоҳад кард. Вале сарпечии минбаъдаи ин кишвар дар гуфтугӯ ва табодули андеша мумкин аст, зарурати барраси нигарониҳои онро аз байн барад.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳадафаш аз баргузории ин ҳамоишҳо назорати умумӣ ба раванд ва натиҷаҳои таҳқиқи тарҳ, табодули озоди маълумоти марбут ба ин пажӯҳишҳо, дарёфти пешниҳодҳои нав ва ворид кардани онҳо ба барномаи омӯзишҳост.
Дар зимн Бонки Ҷаҳонӣ маҷмӯи аснодро дар торнамои худ нашр намуда, аз ҳамагон хостааст, дар баррасии онҳо ширкат кунанд ва фикру андешаи худро ба ҳайатҳои коршиносон бирасонанд.