Мулоқоти Марк Гроссман бо Эмомалӣ Раҳмон

Марк Гроссман, фиристодаи вижаи ИМА барои Афғонистон ва Покистон, бо Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугӯ намудааст.
Дар ин мулоқот, ки рӯзи ҷумъаи 20-уми май доир гардид, масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Амрико мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Аз ҷумла раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки "Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро яке аз шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо он дар асоси усулҳои баробарманфиатӣ ҳамкориҳои пойдору мутақобилан судманд дошта бошад.»

Ҷаноби Гроссман низ дар навбати худ бар нақши муҳими сиёсӣ ва ҷуғрофии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Миёна таъкид намуда аз кӯмакҳои Тоҷикистон ба нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва инчунин аз ҳамкориҳои ин кишвар дар барқарорсозии оромиву субот дар Афғонистон ситоиш намудааст.

Ҷонибҳо инчунин ба «ҳамгироии ду кишвар барои барқарорсозии амнияту субот дар Афғонистон ва иқтисодиёту иҷтимоиёти ин кишвари азиятдида, омодасозии кадрҳои сатҳи муосир барои сохторҳои гуногуни он, аз ҷумла сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» таъкид кардаанд.

Масоили рушди ҳамкориҳои иқтисоди-бозаргонӣ дар минтақа аз мавзӯъҳои дигари гуфтугӯи ҷаноби Гроссман бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон будааст.

Дар ин замина ҷонибҳо аз омодагии худ барои бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳои оҳану мошингард, ки Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубиро ба ҳам мепайвандад, таъкид намудаанд.

Тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, омодагӣ ҷиҳати пешгирӣ аз густариши терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир низ аз мавзӯъҳои дигари гуфтугӯи тарафайн будааст.

Гроссман моҳи феврал баъди ду моҳи бар асари сактаи қалб даргузаштани Ричард Ҳолбрук, ба симати фиристодаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон таъйин шуд.