Раиси Кумиссюни ҷаҳонии зидди ҳукми қатл, Дрейфус Рут, хостори лағви ин ҳукм дар Тоҷикистон аст.
Дар гуфтугӯи ихтисосие аз раиси Кумиссюни байнулмилалии зидди ҳукми қатл, президенти пешини Швейтсария, Рут Дрейфус пурсидем оё 110 кишвари ҷаҳон, ки аз ҳукми қатл даст кашидаанд, чӣ тафаввул пеш омадааст ва хонуми Рут ба дурнамои ин ҳукм дар Тоҷикистон чӣ назар дорад?
Рут Дрейфус: “То кунун на 110 кишвар, балки 139 кишвари ҷаҳон аз ҳукми қатл даст кашид, ки Тоҷикистон яке аз ин онҳо ба шумор меояд, зеро Тоҷикистон иҷрои чунин ҳукмро боздоштааст. Ва ман умедворам, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ҳукми қатлро бекор хоҳад кард.»
Озодӣ: Шумо медонед, ки хукми эъдом дар кишварҳои пешрафта низ ханӯз аз байн бурда нашудааст ва хатто дар баьзе давлатхои қитъаи Амрико низ истифода мешавад. Ин холат кишвархои дар холи рушдро то андозае ҷасур мекунад, ки аз хукми эьдом даст накашанд. Шумо дар ин бора чи назар доред?
Рут Дрейфус: "Кумиссюни байналмиллалии лағви ҳукми қатл, албатта дар оянда ба Амрико низ таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад кард. Ин як таҷрибаи ногувор ва манфист. Ва ҳатто метавонам бигӯям, ки дар Тоҷикистон имкониятҳои зиёде вуҷуд дорад, ки аз Амрико кишвари беҳтар шуморида шавад, агар ҳукми қатлро пурра бекор кунад. Бовар кунед агар як сабқат дар ин масъала ташкил диҳем, Тоҷикистон аз Амрико пешсаф хоҳад буд."
Озодӣ: Чанд сол пеш дар Точикистон як ходисаи мудҳиш рух дод ки як гурӯҳи ғоратгарон ба хотири як миқдор пул ба хонаи як шаҳрванд ҳуҷум карда тамоми аҳли оиларо якҷо бо кӯдаки гаҳвора ба қатл расониданд. Хашми ҷомеьа хеле афзун шуд ва онхо қатли ғоратгарҳоро талаб карданд. Ошкоро бигӯед агар шумо додгустар мебудед ва хамин тасвири ваҳшатнокро ба чашми худ медидед, чи қарор қабул мекардед?
Рут Дрейфус: "Албатта, ман барои марг бо марг қасос намегирифтам. Ман фикр мекунам, бо қатли қотил мо наметавонем, ки пеши роҳи ҷурму ҷиноятро гирем. Ман ҳатман роҳҳои беҳтарини ба ҷазо кашидани ин фардро медидам. Ва ба эътибор мегирифтам, ки оё ин шахс вақте ки дигаронро ба қатл расонид оё ҳушманд буд ё бехуд, яъне дучори бемории рӯҳӣ буд ё не. Бо назардошти инҳо тибқи қонунгузории кишвар ба ин шахс ҷазо и тулони маҳрумият аз озодиро медодам ва ҳатман дар муддати иҷрои ҷазо ба хотири ба зиндагии солим баргштан ва ба шахси мусбат табдил ёфтанаш дар маҳбас бо ӯ ҳамкорӣ мекардам."
Озодӣ: Ахиран додгохи Эрон дар робита ба марде, ки чеҳраи духтари дӯстдоштаашро бо тезоб сузонд ва чашми ӯро кур кард, карори аҷибе қабул кард ва талаби духтарро дар бораи қасоси хамсанг қонеь гардонд. Яьне чашм барои чашм, чашмони ин мард ба ҳамон шевае, ки чашмони зани ҷавон оҷиз шуданд, яъне бо тезоб кӯр хоҳанд шуд. Шумо, ки муқобили ҳукми эьдом ҳастед, шояд ин гуна хукмро барои ҷинояткор сазовор медонед?
Дрейфус Рут: «Ман фикр мекунам, ки ин амали ниҳоят мудҳиш ва ғайриинсонӣ буд. Дар китоби инҷил ҳам мақоле омадааст, ки хун ба хун. Аммо ин гуфтаҳо хоси замони худанд. Бо қатл ва ё маъюб кардани як инсон мо ҳамингуна як амали бадро такрор мекунем. Лекин имрӯз мо дар марҳилаи дигари рушди инсонӣ қарор дорем. Ба назари ман ин амал дар замони мо ношоям аст. Дар ин ҷо давлат нақши асосиро мебозад. Давлат бояд дар баробари ҳимояи манфиатҳои ҷабрдида, аз рӯйи адолат ҳукм барорад. На аз рӯйи дархости шахси ҷабрдида, зеро талаби ҷабрдида маъмулан ба эҳсос бастагӣ дорад. Дар ин ҳолат ин нишони рушди инсоният аст.»
Озодӣ: Фалсафаи даст кашидан аз ҳукми эьдом дар чи нуҳуфтааст? Чаро бояд ба ҷони як марде, ки духтарчаи панҷсоларо таҷовуз карда куштааст, раҳм бояд кард? Ин суолҳоеянд, ки мардум ҳамеша ба онҳо ҷавоб мегӯянд, посухи шумо ба ин суол чист?
Дрейфус Рут: «Шумо метавонед аз ҷиноятҳои даҳшатнок намунаҳои зиёде оред, аммо посухи ман ҳамеша як хел хоҳад буд. Мақсади мо ба қатл расонидани дигарон нест. Албата мо бояд қотилро ҷазо диҳем ва ба ҷавобгарӣ кашида манфиатҳои ҷабрдидаро ҳимоя кунем, аммо мо ҳақ надорем касеро аз ҳаёт маҳрум созем. Албата таввасути қатли як нафар шумо наметавонед, ки бехатарии мардумро бештар созед. Барои мисол дар ҷомеаҳое ки ҳукми қатл истифода мешавад нисбати ҷомеаҳое ки дар онҳо ҳукми қатлро истифода намекунанд, вазъи таъмини амнияти мардум бадтар аст. Барои мисол дар кишвари мо баъди аз байн бурдани ҳукми қатл, сатҳи ҷиноятҳои марбут ба хушунат поин рафт. Барои ҳамин дар ин ҷо мақсади мо куштан ё қасос гирифтан аз ягон кас нест, балки ҳадафи мо беҳбуди амнияти мардум аст.»
Озодӣ: Ба назари шумо барои пурра аз миён бурдани ҳукми қатл Тоҷикистон чи корҳоро бояд анҷом диҳад? Баъд аз бозгашт ба ватан ҳамкориҳои хешро бо Тоҷикистон чи гуна идома хоҳед дод?
Дрейфус Рут: «Фикр мекунам, қадами ояндае ки бояд Тоҷикистон гузорад, хеле осон аст. Яъне ислоҳоти қонунгузорӣ, ба хусус кодекси ҷиноии кишвар. Дар он, Тоҷикистон метавонад, ҳукми қатлро дар баробари ҷинояти муайян лағв ва бо ин роҳ ҳукми қатлро бекор кунад. Чунин таҷрибаро мо дар Фаронса мебинем, ки 30 сол пеш бидуни ҳеҷ таҳрим ҳукми қатлро аз қонуни кайфарияш умуман берун кард. Кишвари ман Швейтсария ҳам айнан чунин кард. Дуюм чизе ки мо бояд ба инобат гирем, ин аст ки ҳукумат бояд кафолат диҳад ки ҳукми қатл абадан бекор карда мешавад ва дубора ба ин масъала барнамегардад.
Ин яке аз қадамҳои муҳим барои шомил шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Барои ин Тоҷикистон бояд протоколи дуюми санади байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсии шаҳрвандонро ба тасвиб расонад. Ҳоло дар тамоми ҷаҳон чунин раванд идома дорад, ки барои шомил шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ давлатҳо бояд ин санадро тасвиб намоянд. Ҳамчун узви кумиссюни байналмилали гуфтаниям, ки мо омодаем, донишу таҷрибаи худро бо Тоҷикистон бо ҳам бинем ва бо созмонҳои ҳукумаӣи ва ҷамъиятӣ дар ин самт ҳамкориро густариш диҳем.
Озодӣ: Сипосгузорем барои ин сӯҳбат, хонум Рут.
Дрейфус Рут: "Ташаккур ва ҳама хушиҳоро ба мардуми Тоҷикистон хоҳонам."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад