Паёми Обама роҷеъ ба сиёсатҳои нави ИМА дар Ховари Миёна, дар Тоҷикистон низ вокунишҳоеро дар пай доштааст.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар ин суханронӣ муносибати Амрико бо кишварҳои Ховари миёна аз зовияи нав арзёбӣ шудааст, вале бархеи дигар бар ин боваранд, ки Обама кадом ҳарфи тозае нагуфтааст, балки ин суханронӣ аз барномаҳои таблиғи пешазинтихоботии ҷаноби Обама барои дубора даст ёфтан ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрикост.
ҲАРФИ ТОЗАИ БАРАК ОБАМА ЧӢ БУД?
Ба ин далел Обама талош кардааст, ки Амрикоро бештар аз пештара ҳомии демократия ва ҳукумати ҷонибдори мардум муаррифӣ кунад. Аммо бархеи дигар бар ин боваранд, ки дар ин суханронӣ раиси ҷумҳурии Амрико барои бори аввал дар баробари низои Исроил ва Фаластин ошкоро мавқеъгирӣ карда ва ҳамчунин ба роҳбарони худкомаи ин кишварҳо ҳушдор додааст, ки роҳро ба самти мардумсолорӣ бо худи мардум ва бо назардоршти дархости мардум пеш гиранд.
Барак Обама дар ин суханронӣ ҳаводиси кишварҳои Миср, Туннис, Баҳрайн, Сурия, Яман ва Либиёро як-як ёдовар шуда ошкоро изҳор дошт, ки новобаста аз онки бештари роҳбарони ин кишварҳо аз ҳампаймонҳои Амрико ба шумор мерафтанд вале ин ҳақ намедиҳад, ки дархост ва талаби мардуми ин кишварҳо бепосух бимонад.
ФАЛАСТИНУ ИСРОИЛ - МЕҲВАРИ ПАЁМИ ОБАМА
Раисиҷумҳурии Амрико дар ин суханронӣ аз тағйири чашмгире дар мавзеъгирии Амрико дар баробари муноқишаи Исроилу Фаластиниён эълом дод. Бори нахуст ӯ ошкоро аз Исроил хост, ба таъсиси Фаластини мустақил бо марзҳои мавҷуд то соли 1967 ва пеш аз ишғоли Байтулмуқаддаси Шарқӣ, Ғазза ва Канораи Ғарбӣ аз тарафи Исроил мувофиқат кунад. Ӯ гуфт, вазъи мавҷуд наметавонад, идома ёбад ва Исроил низ бояд кӯмак кунад, то сулҳи пойдор ҳосил шавад.
Рашид Ғанӣ, коршиноси тоҷик мегӯяд, чунин даъвати Амрико аз Исроил як иқдоми ҷиддӣ аст. Зеро бо таваҷҷӯҳ ба онки Амрико то ба имрӯз пайваста аз мавзеъгириҳои Исроил пуштибонӣ ва маҳз ҳамин масъалаи бозгашт ба марзҳои соли 1967 барои Фаластинро сарфи назар мекард, рисолати миёнҷигии ӯ дар сулҳи миёни Фаластин ва Исроил ноком ва зоҳирӣ ба назар мерасид. Аммо акнун, ки Обама мушкили аслии ин низоъро дар миён гузоштааст, новобаста аз он, ки Исроил ба он чӣ бархӯрд хоҳад кард метавон ба як тағйирот дар минтақа умедвор буд.
"ГУФТАҲОИ ОБАМА АМАЛӢ НАМЕШАВАНД"
Аммо Сӯҳроб Шарифов, мудири Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки бештари суханронии Барак Обама наметавонад таҳаққуқ пайдо кунад. Зеро мегӯяд оқои Шарифов, дар ин суханронӣ бештар аз ҳар чизи дигар «ваъдаҳои холӣ» ба кишварҳои Ховари Миёна ҷойи умдаро ишғол кардааст.
Ба ақидаи ҷаноби Шарифов, Амрико, ки дар бархе аз ин кишварҳо аз ҷумла Либиё мудохилаи мустақими низомӣ кард, ҳоло мехоҳад бо ин гуна ваъдаҳои кӯмак, мардуми ин минтақаро ба чизе, ки имкон надорад умедвор созад. Оқои Шарифов барои таъйиди ин фикри худ, мавзеъгирии Барак Обама дар мавриди низои Исроил ва Фаластинро зикр кард, ки ба ақидаи ӯ ин сӯҳбатҳо бештар шабоҳат ба бозии сиёсӣ доштааст.
Вале бо вуҷуди ин ҳама, коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик мутмаинанд, ки ҳаводиси кишварҳои арабӣ ва қиёми тӯдаҳои норозӣ аз сиёсатҳои роҳбарони рӯ ба самти Амрикои ин мамолик, Амрикоро водор кард, ки дар сиёсатҳои худ таҷдиди назар кунад. Зеро бо такя ба танҳо низомҳои худкома ва тақвияти қудрати онҳо, наметавон дар шароит ва замони амн сиёсат кард.